Мусоҳиба бо устод
Адаш Истад
Ба арсаи эҷод омадани ҳар як нависандаи соҳибҳунар ва
мумтоз ҳодисаест нодир. Дар адабиёти тоҷик дар жанри фантасика (хаёлот)
хомабадастон ангуштшуморанд. Устод Адаш Истад дар ин равия маълуму машҳур аст.
Агар ба забони мусиқӣ гӯем, оҳанги марғуб, услуби хос, нотакрории дилнишин,
шавқовару хотирнишине дорад, ки мухлисашро чун оҳанрабо ба сӯяш мекашад.
Чанде пеш ман бо
ин нависанда сӯҳбате кардам, то бо ин ки аз дили ӯ чиҳо мегузарад, мухлисони адабиётро
огоҳ созам.