вторник, 11 августа 2015 г.

Нависанда муаллими халқ аст



Мусоҳиба бо устод Адаш Истад

Ба арсаи  эҷод омадани ҳар як нависандаи соҳибҳунар ва мумтоз ҳодисаест нодир. Дар адабиёти тоҷик дар жанри фантасика (хаёлот) хомабадастон ангуштшуморанд. Устод Адаш Истад дар ин равия маълуму машҳур аст. Агар ба забони мусиқӣ гӯем, оҳанги марғуб, услуби хос, нотакрории дилнишин, шавқовару хотирнишине дорад, ки мухлисашро чун оҳанрабо ба сӯяш мекашад.
Чанде пеш ман бо ин нависанда сӯҳбате кардам, то бо ин ки аз дили ӯ чиҳо мегузарад, мухлисони адабиётро огоҳ  созам.
 
- Устод, аввало доир ба қадами нахустини худ ба майдони адабиёт ҳарф мезадед.

- Солҳои таҳсил дар мактаби рақами 16-уми деҳаи Ӯташихи ноҳияи Самарқанд, ки воқеан зодгоҳи ман аст, муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик Неъмат Шарифов, Эҳсон Тӯрақулов, Берди Ҳамроев, (Берди Ҳамроев ба ман дарс надиҳанд ҳам, спектаклҳо мемонданд) тавонистанд ба асарҳои бадеӣ меҳру муҳаббат пайдо кунонанд. Дилбастагӣ ба адабиёт ба китобхонаи мактаб ва дертар ноҳиявӣ овард. Чунон ба мутоила дода шудам, ки дар муддати ду-се сол қариб ҳамаи асарҳои китобхонаро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ хонда баромадам. Муаллимон шеър менавистанд. Аз шеъре, ки дар вақти ҳашари пахтачинӣ навишта буданд, як байт дар хотирам нақш бастааст:
Пахта чинӣ – тоза чин, дар чаноқаш намонад,
Оша хӯрӣ – тоза хӯр, ба  табақаш намонад…
Номаи камолро гирифтаму ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи рус супурданӣ шудам. Дӯсти наздикам, шоири хӯшзавқу дилсӯзам Хуршед Қамар (ҷояш дар ҷаннат шавад!) маслиҳат дод, ки дар мактаби олӣ ба забони модарӣ сабақ омӯзам. Аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашта номи донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро гирифтам. Солҳои донишҷӯи ба жанри фантастика меҳрам афзуд. Зеро аз маҷаллаҳои «Наука и жизнь», «Юный техник», «Знание и сила» ва ғайра аз навидҳои олами фан ва техника огоҳ гашта, ба навиштани ҳикояҳои фантастикӣ шурӯъ кардам. Аввалин чакидаҳои хомаи ман дар рӯзномаи «Овози тоҷик», «Комсомоли Тоҷикистон», «Машъал» рӯйи чопро диданд. Рисолаи дипломии ман низ жанри фантастикӣ буд.
Бо тавсия ва маслиҳатҳои устодону дӯстон рахти сафар баста, ба Душанбешаҳр омада, дар қӯраи адабиёт ба қавле «пухтем».

- Ва бешубҳа дар ҳайётатон пастию баландиҳо, рӯзҳои душвор, муаммоҳои сарбаста буданд? Аҷиб онҳоро чӣ тавр паси сар кардед?

 - Буданд. Оҳҳо, боз чӣ қадар! Як файласуфи Чин гуфтааст: Аз зиндагӣ дар давраи гузариш Худо худаш нигоҳ дорад. Ҳама гонорарҳо, яъне ҳаққи қалами нӯҳ китобам дар бонки амонатгузорӣ буданд. Ҳама баногоҳ беқурб шуданд. Ин маҳсули меҳнати 25-солаи камина буд. Дар пеш – масъалаи хонадор кардани фарзандони ба воя расида. Чоряк аср давидему давидем, вақте ба лаби дарё расидем, дар он як чакра об нест… Банкрот! Бисёр касон ба гирдоби ноумедӣ афтоданд. Баъзеҳо майзада шуданд. Бо алам аз олам гузаштанд.
Ман табиатан хушбин ҳастам. Доим умед дорам, ки фардо зиндагӣ хубтар хоҳад шуд. Ана ҳамин хушбинӣ ба камина имкон дод, ки рӯҳафтода нашавам. Дар Душанбе мансаби калон доштам – муовини сардабири ҳафтаномаи республикавӣ – «Адабиёт ва санъат». Аз ин вазифа даст кашида ба Самарқанд омадам ва корро қариб аз сифр (яъне нол) дар идораи «Овози Самарқанд» сар кардам. Аввал бе маош, танҳо бо гонорар қаноат кардам. Нимта нонро аз хона ба ҷайби палто андохта меовардам ва обедӣ ман ҳамин нон ва оби ҷӯш буд.
Ҳайъати эҷодии ин рӯзномаи нав шакл нагирифта буд. Талабҳои роҳбарони он, ки бар зиммаи ходимони рӯзнома мегузоштанд, хеле вазнин буд барои аксарият. Дар атрофии рӯзнома фаъолон кам буданд. Зарурати таъсиси як мактаби журналистӣ талаби рӯз буд. Ва камина дар назди идораи «Овози Самарқанд» коллеҷи эҷодкорони ҷавонро таъсис додам. Вақте ки элон додем, 18 нафар омаданд. Ин як маҳфили адабиву журналистӣ буд, ки ҳафтае ду ё се бор баргузор мешуд. Хушбахтона дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ин ташаббусро идома дода меоянд.
Чанде пеш як гурӯҳи калон мактаби журналистони ҷавони ин рӯзномаро хатм карданд. Хеле хурсанд шудам аз иштирок дар маросими хатми ин мактаб.

- Руст накарда гӯед ки навиштан бароятон осон ё душвор?

- Эҷод, яъне навиштани чи мақола, чи ҳикоя, чи шеър ҳатто барои нобиға осон нест. Касе, ки осон меҳисобад, ба сатҳӣ навиштан одат кардааст. Камина ҳар чизе ки навиштаам, қаламамро ба хуни дилам тар карда навиштаам.

- Устодонатон киҳо буданд? Аз киҳо бештар омӯхтед?

- Аз адабони тоҷик аз Фазлиддин Муҳаммадиев (равонашон шод бод) омӯхтам. Аз адибони рус аз асарҳои Достоевский.

- Чаро маҳз Достоевский. Толстой ё Гогол не?

- Дар асарҳои Достоевский азоби виҷдон, инсоф, одамгарӣ дар маркази таваҷҷӯҳи бузург қарор дорад. Ин масъалаҳоеянд, ки дар ҳама асру замон актуалӣ хоҳанд монд.

- Нақшаҳои эҷодӣ доред?

- Як доктори машҳур боре чунин гуфт: «Агар чилу панҷ сол дошта бошеду аз хоб бедор шуда ҳис кунед, ки ягон ҷоятон дард намекунад, донед, ки мурдаед». Синнам ба яккам ҳафтод расид. Аз дардҳое, ки дар ин син ҳар як одами нимсолим дорад, анча ҳаст. Аммо як дарди бедаво дорад адиб. Дилаш аз ҳар ҳодисаи беадолатӣ, бевиҷдонӣ, беинсофӣ ба дард меояд. То ин дард ҳаст, адиби эҷодкор қаламро аз даст намегузорад. Ман ба ин син расидаам, ки ба эҷоди асари сифатан миёна ор мекунаму ба навиштани асари сифатан олӣ имкон намеёбам. Ҳамин тавр мегузарад умр бо каммаҳсулӣ.
Аз ҷониби дигар иваз шудани форматсияи ҷамъиятӣ – аз сотсиалим ба капитализм гузаштан эҷодкорро саргаранг карда монд. Мо пеш медонистем, ки қаҳрамони мусбат кист. Яъне инсони дорои афкору рафтори пешқадам ва муборизи роҳи ҳақиқат. Замона дигар шуд. Замони нав ҳанӯз қаҳрамонҳои худро равшан муайян накардааст. Яъне он қадар шакл нагирифтаанд онҳо, ки прототипи қаҳрамонҳои роману қисса шуда тавонанд.

- Дар зиндагӣ принсипҳои асосии шумо аз чиҳо иборатанд?

- Ба кам қаноат карда аз паси мансабу пулу дигар чизҳои ба назар ҷолиб, аммо аз маънавият дур надавидан. Ба ин сабаб ман аз замони шӯравӣ на ягон орден дораму на ягон медал. Ба ғайри мукофоти Лоҳутӣ, ки давлатӣ нест. Ҳатто барои мошини сабукрав харидан ҳаракат накардаам. Ҳоло мошин як воситаи оддии нақлиёт аст. Дар замони шӯравӣ як намуди обрӯи зоҳирӣ (престиж) ё худ карру фарр буд.

- Оё вазифаҳои рӯзноманигорону адибон тағйир ёфтанд?

- Навиштани ҳақиқат вазифаи эҷодкорон буду ҳаст. Аммо ба кадом тарз – ин гапи дигар. Дар замони шӯравӣ реализми сотсиалистӣ гуфта зери ин истилоҳ чашм пӯшидан аз нуқсонҳои сохтори шӯравӣ дар назар дошта мешуд. Яъне тасвири воқеият яктарафа буд. Бо вуҷуди ин камина дар баъзе ҳикояҳои фантастикӣ муаммоҳоро инъикос мекардам. Масалан, дар ҳикояи «Дарахти пахтачормағз» оиди зарари сиёсати якказироатӣ, яъне танҳо бо ниҳоли пахта фаро гирифтани заминҳо, бад шудани вазъи экологӣ ишораҳо ҳастанд.

- Ҳоло кадом масъалаҳо шуморо ором намегузоранд?

- Пеш аз ҳама масъалаҳои экология. Экологияи табиӣ ва экологияи маънавӣ – ахлоқӣ. Аммо то имрӯз асосан оиди зарурати ислоҳоти мактабу маориф дар блоги худ чандин мақола навиштам. Бештар оиди маданият навиштаму менависам.

- Зери ибораи экологияи маънавию ахлоқӣ чиро дар назар доред? Оё паст шудааст ин экология?

- Покизагии маънавию ахлоқиро, зеро қисме аз мардум даркору нодаркор аз паси пул метохтагӣ шуданд. Пулу сарват ба арзиши асосии зиндагӣ мубаддал шуда истодааст. Бисёр касон ба мардикорӣ ба кишварҳои дур рафта, аз иҷрои корҳои сиёҳ ор намекардагӣ шудаанд. Ба даромади шавҳарҳо қаноат накарда, занҳо низ ба мардикорӣ рафта истодаанд. Он чизе, ки иффати занона ном дорад, зери хатар монда истодааст. Мана ҳамин гуна ҳодисаҳо ба экологияи маънавӣ дахл доранд. Нависанда бо термометрии маънавиаш баланд шудани ҳарорати узви дардноки чамъиятро зудтар ва бештар ҳис мекунад.

- Имрӯз ҳар кас озод аст, ки муаммоҳои иқтисодии хешро ба он тарзе, ки хоҳад, ҳал кунад. Бо мардикорӣ ё кори дигар дар дигар кишварҳо.

- Оре, озодие, ки чун атои яздонӣ ногоҳ ба сарамон фуруд омад, масъулияти калон низ дорад. Камина дар чунин ақидаам, ки дар ватани худ кор карда ба мақсад расидан мумкин аст. Чанд сол пеш меҳмони як деҳаи кӯҳистон шудам. Ногоҳ чашмам дар баландии кӯҳ ба як қитъаи сабз афтод. Пурсон шудам. Ҳамон қитъаи сабз токзор будааст. Аз  они Абдулло ном мӯйсафеди нафақахӯр. Ба шумо, одами мӯйсафед зарур буд, ки ба он қадар баландӣ баромада токпарварӣ кунед?- гуфтам ман. Муйсафед гуфт: Ман ба ҷавонҳое, ки аз деҳаамон ба ҷойҳои дур ба мардикорӣ мераванд, токзорамро нишон дода мегӯям: «Мана бинед, замин бисёр, агар меҳнат кунед, ҳам кишвар обод мешаваду ҳам аҳли байтатон сер».
- Шумо эҳтимол «Ангуробод» ном ҳикояи маро хондаед,- гуфтам ба ӯ.
- Нахондаам,- гуфт мӯйсафед ва ман ба ӯ  ин ҳикояро фиристодам бо арзи сипос, ки ғояи ин ҳикояро амалӣ гардондааст!
Нависандаи самарқандӣ Болта Ортиқзода, ки маслиҳати худро бар ман дареғ намедоштанд, ба боғбонӣ меҳрашон баланд буд. Шодравон бо як боғчаи хурди анҷирзор рӯзғорашонро обод карда буданд. Ягон адиби тоҷик танҳо бо гонорари китоб рӯз гузаронида наметавонист, чун дар он замон ҳар як асари адиб аз рӯи план дар ду-се сол як бор ба нақшаи нашриёти давлатӣ ворид мегардид. Болта Ортиқзодаро бо аҳли хонавода анҷирҳояшон ҳам мехӯронд ҳам мепӯшонд ва илова бар ин ҳар сол бо янга ба Ялта ё Сочи ба истироҳат рафта сиҳатии худро мустаҳкам мекарданд. Як мисоли равшани дигар боғчае, ки дар ҳавлии хурди шаҳрии худ Муқимҷон Орифӣ эҷод кардаанд. Ба қавли эшон танҳо гулпарварӣ метавонад маоши як рӯзгорро пурра таъмин кунад.
Ман боғчае аз деҳаи Боғитилло харида, ба пайравии инҳо камтар бо корҳои боғдорӣ машғул шудам. Ҳоло бошад ба хулосае омадаам, ки бе дониши мактаби агрономӣ наметавон боғдорӣ кард. Зеро вазъи  экологӣ сол ба сол ноустувортар мешавад. Дарахтони нок, олу, биҳӣ ва ҳатто себ хушкида истодаанд. Бо ҳаво ва оби ҷӯй заҳрҳои кимёӣ ба боғ медароянд. Дар ҳар  як грамм хок  аз даҳ то бист миллиард дона бактерия зиндагӣ мекунад. Қисме аз ин бактерияҳо моддаҳои ноҳалшавандаро таҳлил намуда, барои растаниҳо витамину аминокислотаҳо ва азот барин поруҳои минералӣ месозанд. Дар вақти бад шудани вазъи экологӣ таъдоди ҳамин бактерияҳои фоидаовар кам шуда, бактерияҳои зараровар зиёд мешаванд ва дарахтон ба хушкшавӣ рӯ меоранд.

- Маслиҳати шумо ба навниҳолакони боғи адабиёт?

Қаҳрамони як филми гурҷӣ сабаби академияи рассомиро тарк намуда, ба деҳа омаданашро ин тавр  шаҳр медиҳад: як духтури беистеъдод сад-дусад касро мекушад, як муаллими беистеъдод ҳазор-ду ҳазор нафарро бесавод хоҳад кард, аммо агар эҷодкоре ба мисли нависанда ё  рассом беистеъдод бошад, тамоми як миллатро хоҳад кушт.
Ман низ чунин меҳисобам, ки нависанда муаллими халқ аст. Дар кишвари скандинавӣ ба нависандагоне, к ибо фурӯши китоб зиндагӣ карда наметавонанд, давлат маоши муаллимӣ медиҳад.
Агар ҳамин гуна масъулияти азим ва сангинро бар дӯш гирифта тавонед, марҳамат навиштан гиред.

Мусоҳиб Зоҳир Ҳасанзода.
Рӯзномаҳои «Овози Тоҷик» ва «Гулобод тонги», июл ва августи соли  2015.
                                                                                                                                    

Комментариев нет: