понедельник, 13 октября 2014 г.

Оид ба маънои вожаи тоҷик



Аввал бо номаи Вориси Сосонӣ шинос шавед, ки шаммае аз вазъи афкори мардуми пойтахти Тоҷикистон аст.


Дуруди бепоён ба устоди гироми Адаш Истад! Хамеша хохони саломатию сарабаландии шумо хастам! Рости ду-се соли охир дигар худамро точик намешуморидам ва аз точик буданам шарм мекардам. Ман дар Донишгохи Милли Точикистон мехонам ва бовар кунед устод то хол дар ин Донишгох ягон муаллим ё ягон донишчуи хирадманду миллатдустро надидаам! На танхо дар Донишгох умуман дар шахри Душанбе чунин инсонеро надидаам,ки ифтихори милли дошта бошаду фикри бехбудии миллаташро кунад хама дар фикри худу нафси худанд кариб,ки хама ришавхуранд ва ман ин хамаро медидаму дилам аз точик буданам сиёх мешуд фикр мекардам,ки дар байни мо точикон дигар инсонхои хирадманд намондааст, вале аз он рузе,ки блоги шумо ё ки блоги андеша-и Точвар истифода карданро шуру кардам фахмидам,ки точик дар асл ки будааст ва тамоми фикру акидахоям дигар шуд ва имрузхо аз форси точик буданам ифтихор мекунам.
Устоди гироми агар боиси озурда шудани хотиратон нагардад аз шумо боз як пурсише дорам. Бархе бар он назаранд,ки номи миллати Точикро ба мо туркхо нисбат додаанд яне вакте,ки арабхо сарзамини моро мухосира карданд ва мардуми моро мусалмон мекарданд ва туркхо хамон форсхои мусалмоншударо Точик номиданд Точик яне форси мусалмоншуда ба фикри шумо ин акида то кадом андоза хакикат дорад? Ва агар тавонед назари худро доир ба пайдоиши номи миллати точик баён кунед? Бо эхтиром хонандаи доимии блоги шумо Герби Шердор Ворис!


Оид ба вожаи тоҷик донишмандони мо бисёр навиштаанд.

Ман бар он ақидаам, ки тоҷ дар таркиби ин калима ба маънои аслии худ аст. Дар замонҳои бостон дар марзҳои аҷдоди мардуми мо пеш аз дини зардуштӣ дини митроӣ устувор будааст. Дар мактаби ин дин касе, ки ҳафт сол хонда барномаи хафт синфро хатм кард, соҳиби тоҷи рамзии шоҳӣ мешудааст.


Аз одатҳои бостонии тоҷгузории мардуми мо домодро шоҳ ва поччо (яъне подшоҳ) номидан дар ҳама марзҳои тоҷикнишин аз замонҳои кадим то ба имруз омада расидааст. Яъне писар ҳамон вақт ҳуқуқи зан гирифта оила сохтанро пайдо мекард, ки ҳафт соли таълими митроиро паси сар карда соҳиби дипломи митроӣ яъне тоҷ мегардид.

Дар блоги Герби шердор оид ба мактаби митроӣ мақолаҳо  ҳастанд. Агар онҳоро хонед, чунин хулоса мекунед, ки маънои тоҷдор яъне тоҷик будан донишманд ва ҳунарманд будан аст. Барои тоҷики муосир будан илова ба талабҳои мактаби митроӣ донишҳои муосирро низ азбар кардан лозим аст.

Дар Тоҷикистони кунунӣ байни мардум маънои хеле сатҳӣ ва омиёнаи калимаи тоҷик машҳур аст. Масалан бар ин ақидаанд, ки ҳар касе ки ба тоҷикӣ  ҳарф заду қурутобро дӯст дорад, тоҷик аст.

Мо бояд дар амал он тавр кор ва зиндагӣ кунем, ки донишмандона бошад. Мо бояд аз таомҳои пур аз холестирин мисли қурутоби пур аз равғани маска даст кашем, аз ҳама таомҳои чарбдор худро канор гирем. Мебояд аз мардуми Эрон дар пухтани чунин таомҳо ибрат гирифт.

Таомҳои имрӯзаи тоҷикӣ аксар барои бо нон хӯрдан пухта мешаванд. Тибби муосир дар таркиби ҷаву гандум мавҷуд будани заҳреро бо номи глютен исбот кардааст.

Дар Эрон аксарият нон намехӯранд ва хеле кам иистифода мебаранд. Инро ҳангоми сафари худ ба Эрон, ки 12 сол пеш сурат гирифта буд, мушоҳида кардаам.

Боре дар ин хусус навишта будам ва сипас ҳайратам аз он афзуд, ки як донишманди тибби Душанбе зиддят нишон дода гуфт, ки нон менталитети  тоҷикро муаяйн мекунад.

Дар сурате, ки мебоист бигӯяд: дар таркиби ғизо кам кардан мебояд, метавонад нони орди ҷуворӣ ҷойгузини он шавад. Картошка, биринҷ, гречка метавонад ҷои нонро гирад. Ба ғайри ин дар кӯҳистон зироатҳои донадори зиёдеро кишт мекунанд, ки дар таркиби худ бештар аз гандум витамину ғизоҳо доранд.

Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек шиор нест, фалсафаи зисти тоҷик аст. Ин ҷо калимаи нек ба кадом маъност?

Бе ҳеҷ шакке ба маънои «донишмандона» аст. Яъне андешаву суханҳову амалҳои мо ҳамон вақт нек буда метавонанд, ки агар донишмандона бошанд.

Ин буд посухи камина ба суоли донишҷӯй Вориси Сосонӣ.

Комментариев нет: