пятница, 16 сентября 2016 г.

Оид ба тӯйи фотеҳа



Вожаи тӯй туркист ва маънояш шикам пур кардан аст. Фотиҳа вожаи арабист ва маънояш оғоз ва ибтидои коре. Сураи якуми Каломи шариф низ фотиҳа ном дорад. Яъне жарфтар биандешед, мебинед, ки тӯй ва бавижа тӯйи фотиҳа ҳеҷ  алоқае ба ҳуввияти миллии тоҷикӣ надорад. Яъне тоҷикон ин русумро аз ҳамсояҳои туркзабони хеш гирифтаанд. Дар кӯҳистон, ки бархе аз русуми бостон ҳифз шудааст, тӯйро базм мегӯянд ва ба ёд  оред, ки ин тариқ пурхӯриву шаробнӯшӣ набуд.

Дар Самарқанд ва атрофии он байни тоҷикон баъди якҷоя шудани тӯйҳои ноншиканону фотеҳа ин намуди тӯй рӯз  ба рӯз бузургтар шудан гирифт. Худам шоҳид, ки як соҳибкор мегуфт: - Шиносам, хешу таборам он қадар зиёд, ки бояддар тӯйи фотеҳа дар ресторан ба шашсад кас ҷой заказ кунам.


Ҳоло қарори ҳукумат ин  рақамро хеле поин фуровардааст, аммо серпулҳо хеле кам риоя мекунанд.

Одамони оддӣ бошанд, бо дусад кас гузаронда истодаанд. Як шиноси камина бо 20 кас тӯйи фотиҳаро гузаронд, ва ягон кас дар ҳақи ӯ чизе нагуфт. Зеро онҳое, ки ба чунин тӯй иштирок накардаанд, ҳатман дар тӯйи никоҳ хоҳанд омад.

Дар аввал, яъне солҳои пеш тӯйи фотиҳа ба чӣ шаклу сурат буд?

Асосан мардона буд, дар оғоз бо 10-15 нафар мардони калонсол баргузор  мекарданд. Ҳамаги ду хел таом мекашиданд, тӯйкабоб ва палав. Ин хел дастархони кафам-кафам, ин хел шаробхӯрӣ, ин хел рақсҳои ҷунбон-ҷунбони узвҳои бадан, ин хел нигоҳҳои мардони ширакайф ба ҷониби зану духтарони рақсанда набуд!

Боз як русуми нав – гузаронидани ҷашни 50, 60, 70-75-80 ва ғайра. 55-у 65-солагиро низ ҷашн гирифта истодаанд, ки навгонист.

Дар ин замон ҳар киву ҳар чӣ. «Юбилей» як кори хайр барин, аммо дар зимн худнамоӣ, эгоизм ва исрофкорист. Ба он маъно юбилей гуфтам, ки ин низ омадааст аз ҷои дигар.
    

Комментариев нет: