понедельник, 12 декабря 2016 г.

Бақо Содиқов - асосгузори синамои нави тоҷик 75-сола шуд!



Ин нобиға имрӯзҳо дар Тошканд зиндагӣ мекунад. Дирӯз бо муаллифи китоби «Кино Бако Садикова» (Лимбус ПРЕСС, Санкт-Петербург) Муҳиддин Маҳмудов (собиқ сарвари Бунёди фарҳ анг) ба Самарқанд омада буд. Дар ин китоб он чӣ ки оид ба эҷоду ҳаёти Бақо Содиқов ба даст даровардааст, гирдоварӣ намудааст. Китоби калоне иборат аз 25 ҷузъи чопӣ. Бояд гуфт, ки баъзе  мақолаҳо эҳтимол берун мондаанд, чун дар он мақолаи ситоишие, ки таҳти унвони «Рангомезиҳои «Гирдбод» оид ба ин филм навишта будам («Адабиёт ва санъат» №6, 2 феврали с. 1989) дар замоне, ки аз ҳар ҷониб ба Бақо Содиқов ҳуҷумҳои нотавонбиниву бахилон сар шуда буд, ҷой нагирифтааст. Он солҳо, ки ошкорбаёнӣ бӯи озодиро ба машоми аҳли эҷод расонида буд, баъзе эҷодкорон ҷасорат пайдо карда ба навоварӣ даст заданд.

среда, 26 октября 2016 г.

Оиди барномаҳои таомпазии ТВ-ҳои Тоҷикистон



Метавон гуфт, ки сардабирони ин барномаҳо намоишҳои таомпазии телевизионҳои хориҷиро надидаанд. Барномаҳо мақсади аниқ надоранд. Маданияти баланди таомпазии тоҷиконро намоиш диҳанд ё фаронсавию итолиёиро? Вақти барои ин барномаҳо  ҷудокардашуда хеле кам аст.

Маълум, ки ошпазҳои муосир халъати сафеди дӯхташ махсус мепӯшанд, ки ба кител монанд аст. Кулоҳи сафеди вижа низ доранд. Аммо дар ҳунари таомпазии тоҷикӣ ба даҳон бастани даҳонбанд зарур аст. Албатта дар сари дег. То ки тасодуфан заррае аз оби даҳон ба таом нарезад. Тибқи қоидаи бостонии таомпазии тоҷикӣ ба ош бояд се бор намак андохту чашида дид.

Қоидаҳои мазкурро панҷсад сол пеш аз ин Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» зикр кардааст.

пятница, 16 сентября 2016 г.

Оид ба тӯйи фотеҳа



Вожаи тӯй туркист ва маънояш шикам пур кардан аст. Фотиҳа вожаи арабист ва маънояш оғоз ва ибтидои коре. Сураи якуми Каломи шариф низ фотиҳа ном дорад. Яъне жарфтар биандешед, мебинед, ки тӯй ва бавижа тӯйи фотиҳа ҳеҷ  алоқае ба ҳуввияти миллии тоҷикӣ надорад. Яъне тоҷикон ин русумро аз ҳамсояҳои туркзабони хеш гирифтаанд. Дар кӯҳистон, ки бархе аз русуми бостон ҳифз шудааст, тӯйро базм мегӯянд ва ба ёд  оред, ки ин тариқ пурхӯриву шаробнӯшӣ набуд.

Дар Самарқанд ва атрофии он байни тоҷикон баъди якҷоя шудани тӯйҳои ноншиканону фотеҳа ин намуди тӯй рӯз  ба рӯз бузургтар шудан гирифт. Худам шоҳид, ки як соҳибкор мегуфт: - Шиносам, хешу таборам он қадар зиёд, ки бояддар тӯйи фотеҳа дар ресторан ба шашсад кас ҷой заказ кунам.

четверг, 18 августа 2016 г.

Обрӯи сохта ё иззати харида?



Дар байни мардум ибораи машҳуре хаст – иззати харида. Вақте ки тӯйҳои боҳашамату бодабдабаро пеши назар меоред, беихтиёр иззати харида ба ёд меояд. Дар куҷо чунин расм буд, ки дар суннаттӯй писарбачаҳоро болои тахти равон шинонда ба толори ресторан болои китфҳо бардошта дароранд. Баъди ин ҳодиса ин писарчаҳо чӣ тавр эгоист нашаванд?

Ё ки тӯи ақиқа, ки хоси арабҳост, солҳои пеш набуд. Ва хуб шуд, ки дар қарори ҳукумат онро нозарур шуморидаанд.

Суннаттуй рангу бори театрӣ пайдо кард. Ҳунарпешаҳо дар  либоси қаҳрамонҳои афсонавӣ барои бачаҳо бозиҳо ташкил мекунанд. Яъне дар суннаттӯйҳои ресторанӣ танҳо як гурӯҳи ками бачаҳо иборат аз хешовандони наздик ба он роҳ ёфтаанд. Аммо ин чӣ номаъқулист, ки калонсолон дар пеши назари бачаҳо шаробнӯшӣ мекунанд.

среда, 17 августа 2016 г.

Ресторан – тӯйхонаҳо



Аз самарқандиёни бо грин-карт ба Америка рафта кор карда гаштагӣ яке бо як ҷавони сиёҳпӯст дӯст шудааст. Он ҷавони сиёҳпӯст (дар Амрико негр ё сиёҳпӯст гуфтан манъ аст, онҳоро афро-америкоӣ мегӯянд) ба тӯи никоҳи худ самарқандиро низ даъват кардааст. Самарқандӣ ба тӯй омада мебинад, ки теъдоди ҳамаи меҳмонон 10-12 касанд.

Баъд аз тӯй сиёҳпӯст мепурсад: - Ба ту тӯйи мо хуш  омад?

- Ман ба ту навори тӯйи никоҳи худамро намоиш медиҳам, бин ва хулоса кун, ки  тӯй чӣ хел мешавад,- гуфт самарқандӣ.

Сиёҳпӯст баъди навори тӯйро дидан гуфтааст: - Магар хешу таборатон ин қадар зиёданд?

- Не, дар байни онҳо танҳо 7 нафар хешони ман ҳастанд, дигар ҳама аҳли гузар ё ки ҳамту шиносҳо.

вторник, 16 августа 2016 г.

Даъват кунем ё не?



Боз дар бораи тӯйҳо.

Яке аз муаммоҳои мушкил киҳоро ба тӯй даъват кардан аст. Масалан дар ресторан ҷои нишаст барои сад кас (аз тарафи қудо) ҷудо карда шудааст, аммо меҳмононе, ки ин тараф ба  рӯйхат гирифтааст, аз 150 кас зиёданд.

Дар вақти чунин  рӯйхатсозӣ шоҳиди ин ҳол шудам: Аз сад кас зиёд шуд, дигар ягон касро даъват намекунем,- гуфт сардори хонавода. Он гоҳ бонуи хонавода гуфт: - Ҳоҷи Мирзо Абдуллохонро низ даъват кунетон.

- Дигар ягон касро даъват карда наметавонам! - гуфт бо қатъият мард.

понедельник, 15 августа 2016 г.

Бумеранг



Аз силсилаи «Маънои зиндагӣ чист?»

Мӯйсафеде асозанон ба тӯйхона ворид шуд. Болои кат, ки одатан мӯйсафедон мешинанд, пур буд ва ӯро дар  қатори ҷавонҳою миёнсолон ба миз шинонданд. Дастони мӯйсафед меларзид ва то ба даҳон бардани чумча ош камтар ба рӯи дастархон мерехт.

Палавро дар маъракаҳо барои ду кас мекашанд ва ҳамтабақи ӯ ҷавони камандеше будааст, ки ғур-ғур кард: - Аз ин хел ош хӯрдана дар хона нишастан беҳтар.

Мӯйсафед ботамкин будааст, ки посух надод. Дар ҳоле, ки ҳуқуқи ӯро барои иштирок дар маъракаҳо инкор карда истодаанд. Ман бошам биандешидам, ки эгоизми ҷавон яъне худбинии ӯ ягон  реша ба беандешагиҳои худи мо дорад. То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Фикр кардаму ёфтам посухи суоли худро.

вторник, 5 июля 2016 г.

Русуми аҷиби мардум



Сирри дарозумрӣ

Як аз хешовандони дури камина вафот кард. Рўзи дигар хабардор шудаму ба фотеҳахонӣ (яъне таъзия) рафтам. Аз як ақрабои марҳум пурсидам: - Марҳум чанд сол доштанд?
Гуфт: - Се кам ҳаштод.
Баъд ба сари кўча баромада аз каси дигар фаҳмидам, ки марҳум 75-сола будааст. Баъди мурдан синни марҳумро 2-3 сол зиёд кардан расми самарқандиён аст. Дар ин кор ягон қоидаи аниқ нест. Масалан мегўянд, ки ба ҳар бисту панҷ сол як сол зам мешавад ва ё мегўянд, ки 9 моҳи дар шиками очааш буданаш низ як сол зам мекунад.
Ҳамин тавр марҳум 95-сола бошад, «ба сад даромад» гуфтан мегиранд. Гўё ки дарозтар кардани сини марҳум обрўи ўро меафзояд.
Ҳамин тавр дар таъзия агар аз касе пурсед, ки марҳум чанд сол дошт, ҳаргиз сини ҳақиқии ўро фаҳмида намеавонед.
Зуд ба муаммо табдил меёбад синни марҳум!

Товуси Шодибобо



Шодибоборо, ки дар Регистони Самарқанд ошхона дорад, донишманди паррандаҳои зебо гўем хато намекунем. Шодибобо аслан ошиқи кафтарон аст. Танҳо кафтар не, балки бедона, кабк ва дигар паррандаҳои хушхонро парвариш мекунад. Ошхонааш аз ин гуна паррандаҳои хушхону хушранг пур аст. Як намуди бизнесаш низ ҳамин аст.
            Ба пирӣ нигоҳ накарда ҳар шанбе ба бозори калони паррандаҳои Тошканд меравад,  то ки паррандаҳои нодирро харида биёрад.

вторник, 28 июня 2016 г.

Ҷанг бо худ



27-июн дар Ўзбекистон ҷашни журналистон аст. Саҳари ин рўз сардабири «Овози Самарқанд» Озод Ҳамидзода сим зада табрик намуд. Ҳазорҳо ташаккур! Кори каминаро дар рўзномаҳои тоҷикии Ўзбекистон аз ёд набурдаанд.

Айёми бачагӣ ба аккосӣ шавқ доштам ва боре дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷои дуввум шуда будам. Баъди занги Озод сароғозҳоро ба ёд овардам ва фикр кардам, ки рўзноманигори эҷодкор дар атрофи худ ҳар рўз ҳатман чизеро меёбад, ки барои дигарон шавқовар аст. Аз тирезаи хонаам, ки дар Регистони Самарқанд аст, ба берун нигоҳ карда дидам, ки таъмиргарони ошхонаи Шодӣ-бобо оинаи калонеро ба пушти девори ошхона бароварда монданду товуси ин ошхона (дар ин ошхона парандаҳои хушрангу хушовози зиёдеро гирд овардаанд) акси худро рақиби худ дониста бо ў минқорзанӣ мекунад ва рўи оина пур аз хуни минқори ўст. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ёдам расонд ва хостам ин лаҳзаро манзури блогхонҳо кунам.

пятница, 27 мая 2016 г.

Бо сипос ба адибон Аслиддин Қамарзода, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода, Абдурасул Иброҳимзода ва Шодӣ Расулов



Инҳо рўзҳои охир китобҳои тозанашри худро ба камина ҳадя карданд.

Китоби Қамарзода «Самарқандиён дар Америка» ном дорад, сафарномаи эшон аст аз чанд рўзи меҳмонӣ дар ИМА.

Шодӣ Расулови оқсойӣ дар васфи деҳаи Оқсой ва одамони он шеъри зиёде гуфтааст ва китобаш номи хубе дорад – «Подоши меҳр». Ин байт аз ўст:
Аз азал халқи Оқсой
Буд бо муҳаббаташ бой.

пятница, 25 марта 2016 г.

Аҳсант, ба ТВ «Сафина»!



Ҷашни наврўзии Ишкошим ва Хоруғ, ки ТВС намоиш дод, хеле нишотовар буд. Хусусан ҷашни наврўзии Ишкошим ягон унсури сунъии теарткунонидашуда надошт, сад дар сад мардумӣ, хеле табии дилоро ва фараҳфизо буд. Касе, ки инро дид, ҳатман дарк намуд, ки решаҳои мавригихонӣ дар куҷост.

Ба ТВ «Сафина», ки ба мардум Наврўзи табиӣ ва асилро намоиш дод, ҳазорҳо ташаккур!

среда, 23 марта 2016 г.

Таассурот аз Наврўзи Тоҷикистон



Барномаи беҳтарини наврўзие, ки аз телевизион дидам, шаби эҷодии устод Мўъмин Қаноат буд. Устод Қаноат оид ба фарҳанги мардуми озоданажоду покизаниҳод, ҷашни Наврўз суханҳои хеле донишмандона гуфтанд.

Шабакаи якум аз Наврўзгоҳи Душанбе иди Наврўзро хеле бад намоиш дод.

Кормандони ин ТВ умуман «средный план» ва «крупный план» чист намедонанд.

Баъди он ки якбор президентро дар ҷои нишасташ аз таги ҷоғаш намоиш доданд, ҳама фаҳмид, ки наворбардорон ба ин ид тайёри надидаанд.

Аҷаб нест, ки аҳли намоиши Наврўзгоҳ дар экрани телевизорҳои хурди мардуми миёнҳол ҳатто аз мўрча хурдтар намудаанд.

вторник, 12 января 2016 г.

Оид ба замони истеъмоли палав



Тибқи таомул баъзе маъракаҳо дар оғози рӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо таоми асосӣ палав аст. Аммо имрӯзҳо дар байни мардум одати субҳ палав пухтан густариш зиёд надорад, ки ба назари камина хуб нест. Дар хонаводаҳои Самарқанд палав дар аксар маврид таоми нисфирӯзӣ ва шом аст.