вторник, 5 июля 2016 г.

Товуси Шодибобо



Шодибоборо, ки дар Регистони Самарқанд ошхона дорад, донишманди паррандаҳои зебо гўем хато намекунем. Шодибобо аслан ошиқи кафтарон аст. Танҳо кафтар не, балки бедона, кабк ва дигар паррандаҳои хушхонро парвариш мекунад. Ошхонааш аз ин гуна паррандаҳои хушхону хушранг пур аст. Як намуди бизнесаш низ ҳамин аст.
            Ба пирӣ нигоҳ накарда ҳар шанбе ба бозори калони паррандаҳои Тошканд меравад,  то ки паррандаҳои нодирро харида биёрад.

            Товуси нар эгоист мешудааст. Рўзи дароз дар баландӣ нишаста модаро фарёд мекунад, аммо мода парво надорад. Аммо товуси нар ҳар гиз аз баланди фуромада ба мода хушомаду меҳрубони кардан намехоҳад. Танҳо бо овози нохуши худ фарёд кардан мегирад. Ана ҳамин хел феодал будааст товуси нар! Аз ин пеш бо оина ҷангидани ин товусро нишон дода будам.
            Ҳоло дар аксҳо Шодибобо ва товусони ў. 





Комментариев нет: