воскресенье, 1 ноября 2020 г.

Ашрофияти тоҷикӣ

Дар ҷое хондам, ки агар заволи давлатро хоҳӣ корҳои хурдро ба бузургон (ашроф) супор ва корҳои бузургро ба хурдон (ғайриашроф).

Коммунистон суханҳои Ленинро, ки ҳар як ошпаззани оддӣ метавонад давлатдорӣ кунад, пиёда карданд.

Баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чунин рӯйдод сурат гирифт, ки дар Тоҷикистон ба мансабҳо дар аксар маврид шахсоне таъин шуданд, ки ашрофият чист, тасаввуроте надоштанд. Аз сарвати забони адабӣ фарсахҳо дур буданд. Бо таъсири онҳо як забони кириминалии пур аз дашном дар Душанбе паҳн шуд. Ин криминалзабонҳо ин қадар забон дароз карданд, ки гули сари сабади аристократияи тоҷикро душмани миллат қаламдод мекунанд. Тарс дар мағзи дилу ҷонашон хона кардааст, ки мардум дар асл кӣ будану чӣ будани онҳоро, яъне нонаҷибу ноначибзода будани онҳоро фаҳмидааст. Барои он ки мансабро аз дасти онҳо кашида нагиранд, бояд наҷибонро (яъне нухбагонро) сиёҳ кард, душманони миллат гӯён ба воситаи расонаҳо тарғиб намуд.

суббота, 10 октября 2020 г.

Элита ё худ нухбагон

Миллатро дар сурати як ҷисми биологии одам пеши назар оред.

Сар – рӯшанфикрон яъне аҳли илму адаб, ки нухбагонаш мағзи мавкуравии онанд.

Дар замони бостон дар ҷаҳон  асосан ду империя яъне ду салтанати машҳур буд – салтанати Рум ва салтанати Форс. Ин салтанатҳо доим дар ҷанг буданд. Дар ҷои ҳозираи Туркия давлати Мод буд ва марзи Эрон ҳособ меёфт. Онро билохир Рум соҳибӣ кард. Искандари Макдунӣ омад ва салтанати Порсро ишғол намуд. Искандар аз тоифаи нухбагон буд, ӯ дар роҳбарӣ фикри дигар саркардаҳоро ба инобат мегирифт ва ба ҳамин сабаб дар ҷангҳо ғалаба мекард. Муаллимонаш файласуфони машҳур буданд.

пятница, 9 октября 2020 г.

Қасри сухани форсӣ

Дар таърихи ҷаҳон дар вайронкорӣ нисбат ба бисёр шоҳони золим Ҳерострат ном шахс, ки соли 356-и пеш аз солшумории мелодӣ дар Эфес ном шаҳри Рум ибодатхонаи машҳури Артемидаро оташ  задааст, машҳур аст.

Бинед, ки 24 садсола паси сар шуда бошад ҳам дар таърих, адабиёт ва мақолаҳо аз ӯ ва кирдукораш ёд мекунанд.

Ҳерострат як тоҷири номуваффақ буд, дучори инқироз шуд, сипас як хурӯси ҷангиро ба панҷсад дирҳам харида ба ҷанг тайёр карду ба бозии хурӯсҷанг даромад. Хурӯси Ҳерострат рангаш зарди зӯр буд, аммо хурӯси тарафи муқобил сиёҳи қамқувват. Се дафъа соҳиби хурӯси сиёҳи камқувват аз Ҳерострат илтимос кард, ки вай хурӯси худро ба як паногоҳ бурда ба гӯшаш дуо хондан даркор. Ҳерострат розигӣ дода ҷангро бохт.

вторник, 6 октября 2020 г.

Як масал ё афсона

Яке будас яке набудас Сангистон ном кишваре будас. Дар ин Сангистон ҳама ҷо сангҳои калону теппаҳои баланд будас. Дар он ҷо одам-подам набудасу танҳо мурғобиҳо дар як кӯл зиндагӣ мекарден. Аз ахлот пур шудас ин кӯл, бӯи бад мебуровардас оби ифлосаш. Ин мурғобиҳо парвоз чӣ намедонистаанд. Ба ин сабаб намедонистаанд, ки паси теппаҳои баланд кӯҳҳои осмонбӯс ҳастанду кӯлҳои мусаффои калон ва он ҷо низ диёри онҳост.

Барои парвозро ёд гирифтан рӯи як тахтасанги калон қоидаи он ҳаккокӣ шуда будас. Ба хати морсӣ будас ин қоида.

Аммо мурғобиҳо сад сол пеш хаташонро дигар карда будаанд ва хати морсиро хонда наметавонистанд.

пятница, 2 октября 2020 г.

Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хати кириллӣ

 1. Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70 соли шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Мардуми тоҷики Осиёи Марказӣ аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шуданд. Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардида буд. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон меунанд. Русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом  менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ буданд.

суббота, 26 сентября 2020 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён - 52

 Калимаҳои такрор.

Донишмандоне, ки забони шифоҳии ӯзбекиро тадқиқ кардаанд, ба такрори калимаҳо ба шева эътибори махсус додаанд. Масалан ӯзбекҳо ба ҷои нон ва дигар маҳсулоти ғизоӣ нон-пон мегӯянд.

Ин гуна ҳолат дар забони мардуми тоҷики Самарқанд низ мушоҳида мешавад. Бозорба рафси-мӣ? Тухум-пухум биёр,- мегӯяд бонуи хонавода ба писараш.

Писараш мегӯяд:- Албатта баъди харидани дору-пору, нон-пон, пиёз-миёз, тухум-пухум, чой-пой низ мехарам.

вторник, 22 сентября 2020 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 51

Хомӯшӣ – сад тилло

Акнун зиндагӣ ҳамин хел аст, ба равиши об нигоҳ кард амал намудан лозим, мегӯяд мардуми омӣ. Ва илова мекунад: Ҳамин часпу талошҳо барои барқарор кардани мақоми забони модарӣ, ки он пеш аз омадани болшевикҳо дар Ӯзбекистон доштааст, чӣ лозим? Нон ҳаст, пӯшок ҳаст, пул лозим шавад, рав ба Русия кор кун.

Аммо донишманд медонад: Ба инсон ба ғайри эҳтиёҷаш ба хӯроку пӯшок ғизои маънавӣ лозим. Ғизои маънавиро инсон на аз телешоуҳои каммаъно, балки аз асарҳои адибони бузург, санъаткорони номӣ мегирад. Таъсири чунин асарҳо бештар ва амиқтаранд, агар ба забони модарӣ бошанд.

воскресенье, 20 сентября 2020 г.

Куда исчезла слава музыкального Самарканда?

Наднациональное проявляется в основном в искусстве. Итальянскую песню «Феличита» в исполнении Аль Бано и Ромины Пауэр, песни Аллы Пугачёвой и других мастеров не стареют и воспринимаются всеми народами как свое национальное. Высокое искусство имеет глубокие национальные корни, рождается в глубине души.

Когда поёт Джурабек Набиев или бухарская певица Юлдуз Турдиева классические песни из Шашмакома ни один таджик не думает, что эти певцы узбеки.  Потому что настоящее искусство наднационален, не уместится в национальные рамки.

Во второй половине 20-го века в Таджикистане и Узбекистане жили и творили великие мастера макомного пения Нериё Аминов, Барно Исхакова и другие. Когда они пели никто не думал, что они еврейи.

четверг, 17 сентября 2020 г.

Что такое родной язык?

 Таджик с древнейших времён разговаривал с Богом на своём родном языке. Родной язык на таджикском – забони модарӣ, что означает язык, приобретённый с молоком матери. На таджикском языке колыбельная это алла. Алла значит Аллах, Бог.

 Вот с этого момента начинается познание Бога через родной-материнский язык. Разговор с Богом на этом не заканчивается, а увеличивается с ростом, взрослением человека.

 Такие религиозно-мистические мероприятия как Мавлюди (день и месяц рождения пророка Мухаммада), благословения имамов мечетей (амр бар маъруф ва наҳй бар мункар - наставления на добрые дела и запрет на недобрые), даже немусульманские мероприятия типа Бибисешанбе и Мушкилкишо, где собираются женщины проводят у таджиков Узбекистана на родном языке.

среда, 9 сентября 2020 г.

Охирсухан ба романи «Лаклаки сафед»

 Баҳром Истамқулов бо китобҳои «Бо дуои модар» ва «Дарси ҳаёт» соҳибқалам ва соҳибистеъдод будани худро исбот карда буд. Ба ин сабаб камина ба ӯ гуфта будам, ки аз байни ин ҳикояҳои навишта чопкардааш қариб маводи як роман фароҳам омадааст ва ташвиқ кардам, ки саргузашти зани муштипар Назокатро пурратар рӯи қоғаз оварад. Солҳои ҷанги зиддифашистӣ ба сари мардуми мо чӣ балоҳое, чӣ фоҷеаҳое овард, бисёр навиштаанд. Баҳром Истамқулов солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро дар як давраи калон то соли 1970 ба тасвир мегирад. Ба сабаби он ки маводи тасвиршаванда хеле калон аст, дар бисёр мааврид мухтасарбаёнӣ мекунад.

 

суббота, 29 августа 2020 г.

Титульные и нетитульные

Кто придумал термин титульная нация? Безусловно он гений! Если бы не этот термин я затруднялся бы определит свое положение в обществе, я как представитель малочисленного (в этой республике) народа нахожусь на какой ступени общественной лестницы.

Нам не титульным очень хорошо! В том смысле, что ни отвечаем ни за что. Как ржавый гвоздь в бревне у нас в мозгу крепко укоренилось понятие: в титульной стране за все в ответе титульная нация.

четверг, 18 июня 2020 г.

20-ӯми июн – зодрӯзи шоир Хумӣ


Ҷамол Сироҷиддини Хумии Самарқандӣ бародари Баҳодури Танбӯри Тайлоқист, ки дар айни авҷи эҷод панҷ сол пеш вақти шеърхонӣ дар назди мардум аз сактаи дил ногаҳон вафот кард. Аз рузи аввали қалам гирифтанаш то соати охири умраш шоири ҳақиқӣ буд, ҳам аз дарун ҳам аз берун. Тоҷик буд, аммо аз адибони ӯзбек дӯстони зиёде дошт, аз Бухоро, Фарғона, Тошканд ва дигар чойҳо ба хонааш шоирон меомаданд. Бо шароби дастӣ ҳамаро зиёфат мекарду шеъхонӣ баргузор мегардид. Афсӯс, сад афсӯс, ки имрӯз бо мо нест.
Ёдаш гиромӣ бод!

Падарбузурги Хумӣ имом-хатиби мадрасаи Тиллокорӣ буда солҳои муллокушӣ гурехта ба деҳотӣ ӯзбекнишин паноҳ бурдааст ва аз ин сабаб Хумӣ дар мактаби ӯзбекӣ хондааст.

Ин шеъри камина аз китоби “Оҳангҳои Самарқанд”, саҳ 28 нашр мешавад.

среда, 17 июня 2020 г.

ОБ УСТО ИБРОХИМЕ, ГЕНИАЛЬНОМ УЧЕНИКЕ ГЕНИАЛЬНОГО УСТО ШИРИНА МУРОДОВА


Все кто знаком мало по малу о реставрации архитектурных памятников старины Самарканда, знает, что значительная часть сложных реставрационных работ принадлежит покойному усто Иброхиму Шермухамедову.

Вместе с академиком усто Ширином Муродовым работал в Самаркандском и Бухарском залах театра оперы и балета имени Навои. Участие в реставрации медресе Куколдош в Ташкенте, оформлении театра Мукими и другие работы принесли славу самаркандскому мастеру.

вторник, 11 февраля 2020 г.

Далелҳои раднопазир оид ба зарурати эҳёи хат ва номи забон

1.       Забони адабию шифоҳии форсӣ 1300-сола торих дорад.
Он баъди забони юнонӣ дуввумин забони машҳур ва пуркорбурди классики ҷаҳонист. Дигар ҳама забонҳои ҷаҳонӣ дар ин раддабандӣ поинтар аз порсиянд.
2.       Забони форсӣ (яъне бо назардошти ҳама кишварҳои порсизабон) дар теъдоди анвои мақолҳо (яъне зарбулмасалҳо) бар ҳама забонҳои дунё пешдастӣ дорад. Зеро таҷоруби на танҳо 1300-соли пасин, балки пеш аз онро низ дар худ ғунҷондааст. Ва бо ин далел бадеитарин забон аст.
3.       Забони порсӣ беҳтарин ва ширинтарин забони дунё буда аз даҳ шоири радаи аввали ҷаҳон панҷ нафари онон форсанд.
4.       Забони форсӣ дар тӯли мавҷудияти худ бисту панҷ миллион калима сохтааст, ки гувоҳ ба хиради олии порсизабонон аст. Ҳеҷ як забони дигар ин қадар калима сохта натавонистаааст.
5.       Дар ягон забони дигар луғатномае ба мисли Луғатномаи Деҳхудо дар ҳафдаҳ ҷилд ва ё Фарҳанги Муинро дар шаш ҷилд пайдо карда наметавонед.
6.       Забони порсӣ дар 28 кишвари ҷаҳон мавриди истифода мардум аст бо ҳамин хати арабиасоси худ,  танҳо дар  Вароруд, яъне Мавароуннаҳр 29-ӯм кишвар Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки хаташро Кирил ва Мефодий эҷод кардаанд
7.       Забони форсӣ байни забонҳои пуркорбурди интернетӣ дар мақоми 13-ум аст. Зеро ин воситаи фановарӣ дар Ғарб пайдо шуда мардумони эронӣ ба он дертар дастрасӣ пайдо кардаанд.
8.       Забони форсӣ дар бобати бо як калима ифода кардани маъноҳои гуногун низ дар байни забонҳои дунё беҳамтост.

Ин маълумотро камина аз навиштаи интернетии Пошо Хуросонӣ гирифтам. Ва гуфтаниям, ки мо тоҷикон боз бо карахтии фикрӣ номи забонамонро ба асли худ форсӣ наномида, хату алифбои 1300-соларо пушти по задан гирем, аз ҳамаи ин шӯҳрате, ки забони порсӣ дар ҷаҳон дорад, берун хоҳем монд.

Зиёда аз ин нишони заифхирадии мо хоҳад буд дар пеши назари мардуми ҷаҳон. Мо барои барқарор кардани хату алифбои форсӣ дар се даҳсолаи истиқлол қариб коре накардем. Ин гуноҳи азими моро оё наслҳои оянда мебахшида бошанд?

Ҳоло ҳам дер нашудааст, вақти он аст, ки сарвари давлат, пешвои миллат Эмомали Раҳмони мӯҳтарам, дар ин боб иқдоми таърихи кунанд ва номи худро дар сафҳои торихи забони модарӣ бо ҳуруфи заррин ба ёдгор гузоранд.


пятница, 10 января 2020 г.

Интеллигент номер один Самарканда


Я в филологическом факультете СамГУ учился 1964-69 годы.

Хороших преподавателей было не мало.

Но среди них ярко выделялся профессор Ботурхон Валиходжаев. Он был более интеллигентен, более честен, более добр чем другие.

В то время факультет узбекской и таджикской филологии вместе с факультетом иностранных языков располагался в нынешнем здании Института иностранных языков Самарканда.

В те советские годы деканом назначили Ботурхона Валиходжаева. Мы не были знакомы. Когда я сдавал экзамен по политэкономии капитализма он зашел участвовать в экзамене.

понедельник, 6 января 2020 г.

Устод Зеҳнӣ


Бо шунидани номи Зеҳнӣ китобҳои машҳурашон “Санъатҳои бадеӣ дар назми тоҷикӣ” ва “Санъати сухан” ба ёд меоянд. Устод Зеҳнӣ бо Деҳотӣ ва Болта Ортиқзода аз як маҳҳаллаи хушобу ҳавои Самарқанд, Боғи майдонанд, ки аз байнаш ҷӯйи зулолоби Обираҳмат ҷорист.

Вақте дар донишгоҳи Самарқанд мехондам, омадани устод Зеҳниро тавассути шоир Салим Кенҷа шунида ба дидорбинӣ мерафтем. Дар ҳавлии самарқандии устод писарашон Фарҳод бо хонаводааш мезист. Сӯҳбати Салим Кенҷа бо устод оиди шеър метафсиду каминаи носир сомеъ будам. Вақте ки палав омад, Салим Кенҷа мегуфтанд: Муаллим шумо мусалласпази зӯр, ҳеҷ кас шумо барин пухта наметонад!