воскресенье, 17 октября 2021 г.

Дар роҳи биҳишт

 Хоҷа Насриддин Афандӣ мемирад. Дар он дунё мегӯянд, ки дар дунёи фонӣ рӯзи хуш надидӣ, биё чанд гуноҳатро бахшидем, ба ту иҷозат ба биҳишт додем.

 

Хоҷа ба ҷониби биҳишт равон мешавад. Аз назди дари дӯзах гузашта мерафт, кии чашмаш ба навиштаҷоти болои дари дӯзах афтод. Дар деворҳо суратҳо аз даруни дӯзах часпонида шуда буданд. Шиори болои дар “Ин дӯзахро кайҳо аз нав сохтаем, дӯзахи имрӯза беҳтар аз биҳишти барин аст!”

 

 Сипас дар суратҳои девор ҳама аксҳо ба беҳтар будани дӯзах аз биҳишт далолат медоданд.

 

Хоҷа Насриддин, ки одами зудбовар буд, фикр кард, ки то дари ҷаннат чӣ қадар пиёда рафтан лозим, маълум нест.

 

Дароям ё не?

 

Дар таги дари дӯзах шайтон дар либоси мулло рост истода буд.

 

- Магар дӯзах акнун беҳтар аз биҳишт шудааст? – Пурсид Хоҷа.

 

Шайтон гуфт: - Оре, мисли шумоён мо ҳам инқилоб кардем, яъне ба капитализми инсонпарварона гузаштем.

 

Хоҷа пурсид: - То ҷаннат роҳ дур-мӣ?

 

- Хеле дур,- гуфт шайтон, - шумо бо тани беэзору пои луч аз ҷангали пурхор бояд гузаред, баъд як Пули сирот ҳаст, аз он гузашта метавонед ё не маълум нест.  Пули сирот як тора мӯйи асп барин, аз он ҳатто дорбоз гузашта наметавонад.

 

- Ин тавр ки бошад, ба дӯзах медароям, - гуфт Хоҷа ва ҳамин ки ба дӯзах даромад, дошта ба деги ҷӯшон андохтанд. Ӯ дод мегуфт: - Дар девор гап дигар буд-ку!

 

Ба ӯ гуфтанд: - Ин реклама буд. Ба ту дар таги дар фаҳмонданд, ки мо ба капитализм гузаштем.

 

Баъзан фикр мекунам: - Перестройка шуд, истиқлол шуд. Чаро аз мо касе напурсид, ки дар ҷамъияти капиталистӣ зиндагӣ кардан мехоҳед ё не?