суббота, 18 августа 2012 г.

Қарз


Соли гузашта ҳамсабақи камина раиси факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев ба сари хоки муаллими забони форсӣ  Далилӣ санги нави ёдгорӣ гузошт. Санги мармари муҳташамтар. Дар маросими ёдбуд дар сари ёдгории нав камина низ ҳозир будам. Ва вақте ки аз қабристон баромадем Ҷумъа гуфт: - Наввад дар сади муаллимҳои мактабҳои тоҷикии Ўзбекистон навиштан ва хондан ба хати форсиро аз Далилӣ омўхтаанд. Қарзамон зиёд аст дар назди марҳум.

Камина ба ёд овардам, ки мо аз устод Далилӣ на танҳо хати форсӣ, балки маданияти баланди эрониҳоро низ меомўхтем. Солҳои охир дар шўъбаи дастхатҳои Шарқи кутубхонаи донишгоҳ кор мекарданд.