суббота, 18 августа 2012 г.

Қарз


Соли гузашта ҳамсабақи камина раиси факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев ба сари хоки муаллими забони форсӣ  Далилӣ санги нави ёдгорӣ гузошт. Санги мармари муҳташамтар. Дар маросими ёдбуд дар сари ёдгории нав камина низ ҳозир будам. Ва вақте ки аз қабристон баромадем Ҷумъа гуфт: - Наввад дар сади муаллимҳои мактабҳои тоҷикии Ўзбекистон навиштан ва хондан ба хати форсиро аз Далилӣ омўхтаанд. Қарзамон зиёд аст дар назди марҳум.

Камина ба ёд овардам, ки мо аз устод Далилӣ на танҳо хати форсӣ, балки маданияти баланди эрониҳоро низ меомўхтем. Солҳои охир дар шўъбаи дастхатҳои Шарқи кутубхонаи донишгоҳ кор мекарданд.

Боре пеш аз вафоташон дар назди ҳамон кутубхона рў ба рў омадам. Бо як даст як тарафи лунҷашонро дошта ба сўи кутубхона меомаданд. Баъди пурсупос гуфтам: - Магар дандонатон дард мекунад?

- Кандам. – Гуфтанд ва маколи эрониро илова карданд: - Роҳи халосӣ аз дандони пўсида ва қарз танҳо кандан!

Дер гоҳ дар ин бора фикр кардам. Оре фарҳанги ахлоқии мо аз эрониҳои Эрон фарқе надорад. Муллоҳои мо пеш аз ҷанозаи марҳумеро хондан аз фарзандони марҳум мепурсанд: - Агар  марҳум қарз дошта бошад онро ба зимма мегиред? Агар, ки яке гуфт, «оре ба зимма мегирам», сипас ба хондани ҷаноза сар  мекунанд.

Комментариев нет: