суббота, 30 июня 2012 г.

Идеали миллии тоҷик


Миллат бе идеал яъне камоли матлуб буда наметавонад. Маҳз идеали муайян ва аниқ ўро чунонки сангрезаҳоро семент ба ҳам мечаспонад, муттаҳид ва яклухт мегардонад, самти пешрафти миллатро таъин мекунад.

Донишмандони тоҷик чанд муроҷиати каминаро оиди муайян намудани идеали миллӣ ба эътибор нагирифтанд.

Акнун маҷбурам, ки худам ин идеалро муайян кунам.

Ба хулосаи қотеъи камина идеали милии тоҷик озодагист.

воскресенье, 24 июня 2012 г.

Рисолати элита дар назди ватан ва миллат


Дар охири асри гузашта бахши бузурге аз элитаи тоҷик сиёсатро кори хоси мансабдорони баландмақом дониста худро аз сиёсат дур гирифта буд. Ҳатто дар  сўҳбатҳои хос ба овози паст «сиёсат – зани ҷалаб» мегуфтанд.

Ин канорагирӣ оқибатҳои баде барои ҷумҳурии навистиқлоли тоҷик пеш овард.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто дар замонҳои қадим чунин набуд. Адибону олимон мекўшиданд, ки дар давлат вазифаҳои баландро соҳиб шаванд ва давлатдориро ба меъёрҳои инсофу адолат мувофиқ кунанд.

среда, 20 июня 2012 г.

Шоирӣ озодагист. Аммо озодагӣ чист?


Шоирони тоҷик дар асрҳои гузашта вазифаи шоириро аз чӣ иборат медонистанд, имрўз донистани мо аз ҳама заруртар аст. Зеро аз барҳам хўрдани низоми коммунистӣ бист сол сипарӣ шуда бошад ҳам ҳанўз дар назари аксари мардум шоир маддоҳу тарғибгари идеологияи ҳоким аст.

Чанд рўз пеш нашриёти «Ўзбекистон миллий энциклопедияси» (Тошканд) рисолаи илмии доктори илмҳои филология Садри Саъдиев «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих»-ро чоп кард, ки бояд сарусадое дар Тоҷикистон барпо кунад, чун ба бисёр хулосаҳои пешинаи адабиётшиносони тоҷик нисбати ин минтақа зарба мезанад.  Махсусан ба хулосаҳои илмии академик А.Мирзоев.

Адабиётшиноси машҳури тоҷик Садри Саъдиев имрўзҳо 75-солагии худро ҷашн мегирад, ки самимона табрик мекунем.

четверг, 14 июня 2012 г.

Яке аз шартҳои асосии миллатшавӣ


Густариши забони умумимиллии гуфторӣ яке аз шартҳои асосии миллатшавист. Як забони нимаадабии шифоҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе солҳои 80-90 асри гузашта қариб шакл гифта буд.

Дар ҳама кишварҳо забони умумимиллии гуфторӣ дар пойтахтҳо ба вуҷуд омада  ба тамоми шаҳру навоҳии он кишварҳо паҳн мешавад. Агар намояндаҳои ҳар як ноҳия ба шаҳри Душанбе омада ҳама  ба шеваи маҳалли худ ҳарф задан гиранд, миллат ҳеҷ гоҳ шакл нахоҳад гирифт.

пятница, 8 июня 2012 г.

Менталитети тоҷикӣ


Посух ба суоли Далер Ғуфронов аз маҷаллаи «Элита»

Менталитет маъноҳои фалсафӣ, равоншиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дошта бо тобишҳои гуногун талқин мешавад. Аммо дар маънои асл ҷаҳонбинии сифатан баландро гўянд.

Сиёсатбозон демократия ва тарзи иқтисодиёти аврупоӣ ё худ ғарбӣ ба менталитети мардуми кишвари мо мувофиқ нест гуфта ноўҳдабароии худро дар замони оқибмонии устувор кардани арзишҳои демократӣ ва иқтисоди пешрафта рўпўш мекунанд. Ин ҳолатро дар бисёр кишварҳои ғайриаврупоӣ мушоҳида кардаанд.

среда, 6 июня 2012 г.

Миллатшударо аз миллатнашуда бо кадом нишонаҳо фарқ кардан метавон?


На ҳар як шахси босавод миллатшуда маҳсуб мешавад. Босаводи  миллатшуда мекўшад, ки коре хилофи манофеи умумимиллӣ накунад.
Худро узви миллати том ҳис кунанда ҳама амали худро бо манфиати мардум ва ватан равона мекунад.

Масалан агар доктор, яъне табиби замонавӣ дар дорухона фурўши ягон доруи манъшударо диду хомўширо ихтиёр кард ё ба  дўкони хўрокворӣ даромаду дар барчаспи ягон қуттичаи ягон намуди ғизо консерванту иловаи кимёвии барои ҷисми инсон зарарнокро диду барои аз фурўш гирифта партофтани онҳо ягон амале нишон нишон надод, ўро бо вуҷуди маълумоти олӣ доштану тааллукот ба табақаи интеллигенсия наметавон миллатшуда ҳисобид.

суббота, 2 июня 2012 г.

Миллат чист ва киро метавон ҳаммиллат номид?


Пеш аз ҳама бояд равшан кунем, ки мафҳуми миллат кай дар сарзамини мо пайдо шуд. Ҷои дигар чи маъноҳо дошт намедонам, аммо аз куҳансолоне, ки дар замони Русияи подшоҳӣ ҷавониашон сипари шудааст, шунидаам, ки «миллати мо мусулмон аст, забонамон – форсӣ, аз қавми тоҷикем».

Забон қавм, яъне мардумро муайян мекардааст.

Эҳтимол иделогҳои замони пеш аз шўравии капиталистӣ вожаи миллатро ба маънои этнос, яъне қавм ихтисос додаанд. Ва дар матбуоти шўравӣ низ ба ҳамин маъно истифода мекарданд.