среда, 6 июня 2012 г.

Миллатшударо аз миллатнашуда бо кадом нишонаҳо фарқ кардан метавон?


На ҳар як шахси босавод миллатшуда маҳсуб мешавад. Босаводи  миллатшуда мекўшад, ки коре хилофи манофеи умумимиллӣ накунад.
Худро узви миллати том ҳис кунанда ҳама амали худро бо манфиати мардум ва ватан равона мекунад.

Масалан агар доктор, яъне табиби замонавӣ дар дорухона фурўши ягон доруи манъшударо диду хомўширо ихтиёр кард ё ба  дўкони хўрокворӣ даромаду дар барчаспи ягон қуттичаи ягон намуди ғизо консерванту иловаи кимёвии барои ҷисми инсон зарарнокро диду барои аз фурўш гирифта партофтани онҳо ягон амале нишон нишон надод, ўро бо вуҷуди маълумоти олӣ доштану тааллукот ба табақаи интеллигенсия наметавон миллатшуда ҳисобид.

Ба фикри баъзе мутахассисони тиб ҳаштод дар сади доруҳои фурўхташудаистода ва рекламашаванда муассир нестанд.

Агар корманди студияи телевизион, ки масъули додани реклама аст, ба рекламаи доруи номуассир роҳ диҳад, ўро наметавон миллатшуда шуморид. Зеро ў манофеи шахсиро аз шифои мардуми носолим болотар гузоштааст.

Яъне чунин паёмнигор будан, ҳанўз намояндаи миллат будан нест.

Як оператори телефонии мобилӣ, агар антеннаи густариши мавҷро болои боми бинои мактаб  устувор кунаду муаллимоне, ки дар ин мактаб кор мекунанд, бо умеди ёрдампулии ин оператор аз зарари мавҷҳои антенна ба саломатии кўдакон лаб фурў бастаанд, магар метавон он муаллимонро миллатшуда ҳисобид?

Меъёри асосии муайянкунандаи миллатшуда – виҷдон.

Миллатшуда наметавонад поквиҷдон набошад. Агар ў кишоварз аст, наметавонад ба зироати худ нуриҳои минералиро аз меъёр зиёдтар андохта манофеи шахсиро аз сиҳатии мардум болотар гузорад.

Агар соҳибкори яхмоссоз ба таркиби яхмос равғани манъшударо андохта даромади зиёде гирифта ҳамаи ин даромадро ба ривоҷи маданият бахшад ҳам, наметавонад фарди миллат бошад.

Яъне дар шинохти миллатшуда виҷдон дар ҷои аввал аст.

Ҳар як миллат ба ду табақа тақсим мешавад – элита ва миллатшудагони оддӣ.

На ҳама онҳое, ки ба мансабҳои давлативу ҳукуматӣ расидаанд, элитаи миллатанд. Доимо дар ҳама маврид мушоҳида мешавад, ки донишу фикри элитаи миллӣ болотар аст нисбат ба донишу фикри мансабдорон. Чун дар ҳама кишварҳо табақаи мансабдорон барои ба боло сабзидани элита сахт муқовимат мекунад, барои он ки бе фикри тозаи элита кишвар аз ривоҷ намонад, давлатдорон дар назди аппаратҳои давлативу ҳукуматӣ аз ҳисоби элитаи миллӣ як навъ шўроҳо таъсис карда ақалан моҳе як бор ҷаласаи онро даъват намуда бо ин шўроҳо маслиҳат мекунанд.

Алъон дар Русия бо ин мақсад Ҳукумаи кушод таъсис кардаанд, ки аз дигар шудани муносибати ҳукуматдорони ин кишвар ба элитаи миллӣ дарак медиҳад.

Агар элитаи миллӣ дар ҳолати фақр бошаду доимо дар фикри таъмини хонавода пас аз ў фикри андеша, пешниҳоди тозаро интизор шудан хатост. Аз ин сабаб ҳукуматдорон ба элита мансабҳои хурдтареро дода меистанд, ки моҳонаи беҳтаре дошта бошад.

Дар ин бобат ба Душанбе даъват карда ба Акбари Турсон супоридани вазифаи директории пажўҳишгоҳӣ илмӣ яке аз корҳои шоистаи таҳсини раисиҷумҳур аст.

Агар ин кор идома меёфту Давлати Худоназар баринҳо низ соҳиби ягон вазифа мешуданд, метавон умед кард, ки нерўи фикрии элитаи миллӣ пурра барои пешрафти иқтисодиву маънавии кишвар сафарбар шуда он мақсадҳои неке, ки дар як дили ҳар як инсони комил аст, зудтар амалӣ мегардид.

Агар ақалан як фоизи сади мардуми мо эитаи миллӣ мебуд…

Афсўс, ки элитаи миллӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ зарари ҷиддӣ дид. Чанд нафар кушта шуданд. Баъзе бузугон дар ғами фоҷиаҳои маълум пир нашуда ин оламро тарк карданд. Баъзеҳоро нобасомонии иқтисодӣ берун аз Тоҷикистон бурд. Ҳоло ба қадри он элитаи камшуморе, ки дорем, бояд расид.

Ақидаи хеле ғалате байни мардуми мо ҳаст, ки як-ду фоизи мардум шоир ё мусиқор ё рассом яъне эҷодкор бошад, кофист.

Аммо дар рейтинги хушбахттарин мардумон ҳамон кишварҳое дар ҷои аввал қарор доранд, ки аз нисф зиёди сокинони онҳо эҷодкоранд. Дар Исландия аз ҳар чор шаҳрванд се шаҳрванд бо ягон намуди эҷод машғул аст.

Мо бошем халқи тоҷик аз азал шоиртабиат аст, гўён як комплименти шоири машҳурамонро такрор намуда худро гўл зада мегардем. Аммо ин шоири машҳурамон дарди дили худро дар шеъри «Рўди ман олам дигар шуд, ту ҳамонастӣ ҳамон» ифода карда буд. Рўд гуфта халқро дар назар дошт.

 Агар муҳити эҷодкориро дар кўдакистону дабистонҳо устувор карда натавонем, баъди даҳ-бист сол мардуми мо боз ҳам дар соли 1991 қарор хоҳад дошт.

Ба ҳисоби тахминии камина мардуми эҷодкор дар Тоҷикистон 0,1 фоизи сади аҳолиро ташқил мекунад. Муқоиса кунед дар Исландия мардуми эҷодкор 75 фоиз аст. Соли 1989 дар Тифлис будам дар рўйхат 13 театри онро шумурдам. Он вақт дар тамоми Тоҷикистон 11 театр доштем.

То ҳол хатое бар мағзҳо ҳоким аст, ки миллатшавии халқҳо милатгароиро байни мардумони гуногун зиёд мекунад. Боз як бор таъкид мекунам: Ин фикр куллан хатост!

Милатшуда маданияти баланде дорад. Худи камина бо ўзбеки адабиётдон зудтар забон меёбам, нисбат ба тоҷике, ки адабиётро намедонад. Бо ўзбеки адабиётдон зуд аз Навоӣ сухан сар карда ба ёд оваред, кофист, ки дари дўстӣ боз шавад.

Боз як нишонаи асосии миллатшуда он аст, ки ҳеҷ гоҳ маданияти халқи худро аз маданияти халқи дигар болотар гузошта миллатгароӣ намекунад. Агар касеро дидед, ки чунин рафтор мекунад, пас ў ҳанўз миллат нашудааст.

Миллатшавии мардумони олам риштаҳои дўстиро дар байни онҳо танҳо мустаҳкам мекунад, агар зиддияте вуҷуд дошта бошад, манбаи нифоқро аз байн мебарад.

Комментариев нет: