Муаллиф

АДАШ ИСТАД
(маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва эҷодӣ)


Насрнавис ва рўзноманигори шинохтаи тоҷик Адаш Истад (Истадов) 7-уми сентябри соли 1946 дар деҳаи Ўташиқи ноҳияи деҳотии Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Баъди ёздаҳ соли таҳсил дар мактаби рақами 16-и ноҳияи мазкур соли 1964 ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда онро соли 1969 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад. Фаъолияти рўзноманигориро А.Истад соли 1969 дар идораи рўзномаи ҷумҳуриятии “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ходими адабӣ шурўъ кардааст. Сипас ў дар идораи рўзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (сипас он “Адабиёт ва санъат” ном гирифт), идораи радиои Тоҷикистон дар шўъбаҳои гуногун адои вазифа мекунад. Дар ин солҳо ў радиопйесаеро бо номи “Таркиш” навишт, ки он дар хазинаи радиои тоҷик ҳамчун аввалин пйесаи махсус барои радио ба тоҷикӣ навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Ҳикояҳои илмӣ – хаёлии А.Истад аз соли 1966 ин ҷониб чоп мешаванд. Маҷмўаҳои ў “Мавҷи хаёлот”(1970), “Суруди офтоб” (1974), “Замир”(1978), “Дарахти пахтачормағз” (1981), “Баъди ҳазор сол” (1988) ҳикояҳои дар жанри илмӣ – фантастикӣ навиштаи ўро дар бар гирифтаанд.

А.Истад барои бачаҳо афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ўро ривоятҳои мардумие ташкил додаанд, ки худ аз мардуми Самарқанд солҳ ои гуногун шунидааст. Чунин афсонаҳои адабӣ дар маҷмўаҳои ў “Парвози меъмор” (1985) ва “Чароғи сеҳрнок” (1989) чоп шудаанд.

А.Истад дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмудааст. Силсилаи ҳикояҳои таърихии (маҷмўаҳои) “Борбад” (ба заб.русӣ) ва “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” (1990)-и ў аз рўзгори мусиқори бузурги Осиёи Марказӣ Борбади Марвазӣ нақл мекунад ва дар шакли китоб ба забонҳ ои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расидаанд.

Маҷмўаи нави насру назми ў соли 2008 бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Душанбе чоп шуд.

А.Истад муаллифи бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, рўзномаи “Адабиёт ва санъат” ва дигар нашрияҳо рўи чопро дидаанд.

Адаш Истад соли 1975 узви Иттиҳодияи адибони шўравӣ гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш ў ба мукофоти ҷумҳуриятии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.

А.Истад муаллифи мазҳакаҳои “Хўса”(1995) ва “Шайтонпарӣ” (1996) низ мебошад. Театр-студияи “Овози Самарқанд” мазҳакаи “Хўса”-ро соли 1995 дар таҳияи Артисти халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар Самарқанд ба саҳна гузошт.

Соли 1989 Адаш Истад дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” барои хурдтаракон як силсилаи ҳикояҳоро ба табъ расонид, ки онҳо “Саргузашти Нахўдак” номида шудаанд. Дар ин ҳикояҳо қаҳрамони афсонаҳои халқии тоҷикӣ Нахўдак симои замонавӣ пайдо карда ба як персонажи барои хурдтаракон шавқовар ва ибратомўз табдил меёбад. Ин асарҳо давоми сабки афсонабофии бадеии ўст, ки дар маҷмўаҳои афсонаҳои ў равшан зоҳир шудаанд.

А.Истад то соли 1993 дар идораи ҳафтаномаи адабии “Адабиёт ва санъат” ба сифати муовини сардабир адои вазифа мекард. Ў соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи “Овози Самарқанд” дар вазифаи мудири шуъбаи маънавиёт ва баъд дар рўзномаи “Овози тоҷик” паёмнигори вилоятӣ гардид.

Ҳикояҳои Адаш Истад ба забонҳои ўзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Адаш Истад низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳафт ҳикояи хаёлӣ ва фалсафии А.Истад ба забони русӣ дар маҷмўаи “Вселенское время” (нашриёти “Адиб” Душанбе , 1988) дар тарҷумаи Л.Синицина, М.Табачников ва В.Чередниченко ба табъ расидаанд.

Аммо зинаи нави эҷодиёти адиб баъди бозгашти ў ба Самарқанд соли 1993 оғоз меёбад. Дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” соли 1994 паи ҳам ҳикояҳои “Домоди якрўза”, “Кӣ чӣ мехонад?”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Рўзи охирин” (дар бораи Мирзо Улуғбек), “Санги сарнавишт” чоп шуданд ки аз ҷониби аҳли адабу фарҳанг баҳои баланде гирифт. Дар рўзномаи “Овози Самарқанд” (25 октябри соли 1994) ба ин ҳикоя тақризи доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев чоп шудааст. Ин ҳикояро баъд рўзномаи “Овози тоҷик” (29 апрели соли 1995) ва рўзномаи вилоятии Самарқанд “Зарафшон” (10 сентябри соли 1995 ба забони ўзбекӣ дар тарҷумаи Ҷамол Сироҷиддин) ба табъ расониданд. Соли 1995 А.Истад дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” ҳикояҳои “Нардбони Ҳоҷа”, “Даҳшатқул”, “Мазори деҳаи Муғон” ва “Пир дар осмон”-ро ба табъ расонид, ки як тарзи инъикоси бадеии қишри рўҳонии ҳаёти маънавии Самарқанд аст.

Эҷодиёти А.Истад дар адабиётшиносии тоҷик ҳаддалимкон баррасӣ шудаст. Дар мақолаҳои доктори улуми филологӣ Ҷўрахон Бақозода “Сухан аз дарди ҷовидона”, Ҷонон Бобокалонова “Чанд ҷиҳати як асар” (рўзномаи “Адабиёт ва санъат” 3 феврали соли 1992), Азим Амин “Афсона ва воқеият” (“Адабиёт ва санъат”, 17 ноябри соли 1992), Болта Ортиқзода “Умри судбахш”, Д.Баҳриева “Китоби дилкаш”, Аслиддин Қамарзода ”Дар хаёлаш замину кайҳон ва маънои ҳаёти инсон” (“Овози Самарканд” 28 сентябри соли 1996) ва ғайра эҷоди А.Истад баррасӣ ва таҳлил гардидаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаи “Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи бист” (“Садои Шарқ”,№ 1-6, с.1998) асари Адаш Истад “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад”-ро дар қатори асарҳое ном бурдааст, ки барои ташаккули ёди таърихии мардуми тоҷик, барои нав шудан ва амиқ рафтани мундариҷаи он, барои ғаноафзоии поэтикии адабиёт нақши муҳим доштанд. 24-уми августи соли 2006 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи устоди Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъакул Ҳамроевро таҳти унвони «Адиби ватанпараст» чоп кард, ки баҳои баландест ба бозёфтҳои эҷодии ў.

Рўзноманигорӣ, кор дар идораҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, радио машғулияти асосии А.Истад аст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. Агар дар мақолаи “Анъанаи нек куҷост?” (“Адабиёт ва санъат”,
11 августи с.1988) ў дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ ҳарф занад, “Номҳо – нишони маърифат” (“Адабиёт ва санъат”, 8 декабри соли 1988) дар бораи суннати номгузории миллӣ баҳс мекунад. Вале мақолаҳои дигари ў чун “Забони миллат – пояи миллат” (“Комсомоли Тоҷикистон”, 7 декабри соли 1988), ”Хоҷа Аҳрор кӣ буд?” (“Тоҷикистони советӣ “, 27 ноябри соли 1988), “Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!” (Адабиёт ва санъат”, 2 ноябри соли 1989), “Миллати тоҷикро тақсим накунед!” (“Адабиёт ва санъат”, 5 августи соли 1991), “Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?” ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шуда буданд.

Асосан рў овардани адиб ба масъалаҳои тунду тези эҳёи фарҳанги миллӣ аз чопи мақолаи ў “Интернационализм аз чӣ сар мешавад?” (“Адабиёт ва санъат”, 28 маи соли 1987) оғоз ёфт, ки барои он муалиф ба танқиди доимии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон П.Лучинский дучор шуда буд. Аммо бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, ки аллакай оғоз ёфта буд, ба адиб имкон медод, ки масъалаҳои доғи ҷомеаро чун солҳои собиқ дар ҳикояҳои фантастикӣ нею ба воситаи мақолаҳ ои рўшодгўёнаи публисистӣ ифода кунад.

1. А.Истад мувофиқи фикри адабиётшиносон дар адабиёти тоҷик ба пайдоиш ва устувор шудани жанри ҳикояҳои илмӣ-фантастикӣ сабабгор шуд. То ба ин кор машғул будани ў дар матбуот танҳо ҳикояи “Сандуқи оҳанин”-и А.Баҳорӣ чоп шуда буд. Минбаъд ин фантазиянависи тоҷик, ( яъне А.Баҳорӣ) асосан бо қиссанависӣ ва драмнависӣ машғул гардид.

2. А.Истад дар адабиёти тоҷик ба афсонанависии бадеӣ асос гузошт. Далели ин маҷмўаҳои афсонаҳои адабии “Парвози меъмор” ва “Чароғи сеҳрнок” мебошанд.

3. А.Истад аввалин радиопйесаи тоҷик “Таркиш”-ро навиштааст, ки радиоспектакли он дар хазинаи радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. А.Истад минбаъд мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ”-ро навишт, ки дар рўзномаҳои Самарқанд нашр шудаанд ва “Хўса” ба саҳна гузошта шудааст. Ба ғайри ин ў саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ низ навиштааст, ки дар рўзномаҳо рўи чопро дидаанд.

4. Дар жанри таърихнигорӣ асари бузургтарини А.Истад силсилаи “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” ҳисоб меравад, ки ба вижагии нигориш ва услуби хоси тасвир аз дигар асарҳои жанри таърихӣ ба куллӣ фарқ дорад.

5. Ҳикояҳои ҳаҷвӣ ҷиҳати дигари эҷодиёти А.Истад мебошад. Дар ҳикояҳои фантастикии ў унсурҳои ҳаҷву мазҳака вомехўранд, аммо махсусияти ин жанр дар ҳикояҳои ҳаҷвие чун “Домоди якрўза”, “Даҳон”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Бузҳо ва гўсфандон”, (“Садои Шарқ” №4, соли 1991), саҳначаи “Кучукатона ман газидам”, мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ” равшан зоҳир шудааст.

6. А.Истад бо чопи силсилаи ҳикояҳои “Саргузашти Нахўдак” дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” (соли 1989) персонажи афсонавии Нахўдакро ба замони муосир оварда ҳамзамон ва шарикдарси ибратбахшу пандомўзи хурдтаракон намуд.

7. Солҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ фаъолияти публисистии А.Истад вусъат меёбад ва ў оид ба эҳёи суннатҳои миллӣ, пайдоиши забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик як қатор мақолаҳо навиштааст, ки дар натиҷа ба мукофоти ҷумҳурии ба номи Лоҳутӣ сазовор гардидааст.

8. Фаъолияти тарҷумонии А.Истад мисли дигар бахшҳои кори ў васеъ набуда аз тарҷумаи баъзе ҳикояҳои адибони кишварҳои гуногун ва радиопйесаҳо иборатанд.

Аз соли 1996 то соли 1999 дар эҷоди А.Истад таваққуф мушоҳида мешавад. Рўзгори нобасомон имкон намедиҳад, ки ў чизе эҷод кунад. Моҳи марти соли 1999 афсонаҳои нави ў “Зарчашма”, “Мўр ва Пуффак” дар рўзномаҳои Ўзбекистон ва як сол пас дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ба табъ расиданд. Сипас соли 2001-ум ҳикояи “Моҳе,ки дар зери кўрпа мастур монд” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид, ки нишонаи содиқ мондани ў ба афсонагўист. Дар авохири соли 2003 А.Истад ба назм рў овард ва қасидаи ба академик М.Шакурӣ бахшидаи ў “Самарқанду Бухоро” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид. Сипас ба шеъри нав таваҷҷўҳи ў меафзояд ва “Ҳавзи Хоҷаи Аҳрор” ва силсилаи “Шеърҳо аз замони мозии Самарқанд” эҷод мешаванд. Сардабири рўзномаи “Овози Самарқанд” адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов дар сарсухани ин силсила иброз доштааст: “Шеъри озод имкон додааст, ки Адаш Истад ба мавзўи Самарқанд мушаххасан муроҷиат кунад ва образҳои тоза биофарад.”

Адаш Истад солҳои охир оид ба таърихи шаҳри Самарқанд зиёда аз 50 мақолаҳои илмию – оммавӣ навишт, ки онҳо дар рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва сайти интернетии Samarkandinfo.uz ба таб расиданд.

А.Истад ҳоло бознишаста буда дар деҳаи Боги тиллои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанди Ўзбекистон умр ба сар мебарад ва бо корҳои эҷодӣ машгул аст.

Моҳи феврали соли 2008 Веб-блоги худ «Герби шердор»-ро таъсис намуд, ки дар он шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳояшро мегузорад.

Таҳияи И.Хушбахт