четверг, 3 февраля 2022 г.

Хислати тоҷикӣ

 Мо тоҷикон аз қавмҳои дигар бо кадом хислатҳо фарқ дорем? Чаро ин савол имрӯзҳо аҳамият пайдо кардааст?

 Сабаб ин аст, ки бисёре аз тоҷикон дар се даҳсола дар кишварҳои гуногун бо мардуми бегона ҳамнишину ҳамзабон шудаанд ва ин раванд идома хоҳад дошт. Ва мо бисёр шоҳид шудем, ки як дурагаи забонаш дигаршуда, ки сухане ба тоҷикӣ гуфта наметавонад, ман - тоҷик мегӯяд. Зеро медонад, ки решаи одатҳои тоҷикӣ ориёиянд.

 Барои мисол қайди ботантанаи зодрӯзро гирем. Решаи он қайди зодрӯзи одамхудо Меҳр (Митро) аст.

 Ҷашни Сада, Наврӯз ва Меҳргон низ ориёиянд.  Чингизхон ба аскаронаш дастур додааст: Ҳар ҷо, ки дидед, касе дасту рӯй мешӯяд, ё дар лаби обест, бикушед, ки ӯ тоҷик аст.

 Нахустнамоиши филми тоҷикӣ буд. Дидам, ки дар як саҳна танӯр ва оташдон дар кӯча, гуфтам: тоҷик оташдон ва танӯрро, ки дар он низ оташ меафрӯзанд, дар ҷое, ки сагу хар озод мегарданд, намесозад. Коргардон гуфт, ки ин саҳна дар шаҳри ғайри тоҷик гирифта шуд.

 Покиза нигоҳ доштани чор унсур - об, хок, оташ ва ҳаво, ки ориёист имрӯзҳо барои тамоми мардуми олам зарурат шудааст.

 Духтари тоҷик ё соҳибхоназан саҳари барвақт аввал дарвозаро кушода беруни дарвозаро об зада мерӯбад. Агар ба духтаре хостгорҳо оянд, аввал туалет, ҳаммом ва ошхонаро мебинанд, ки тоза аст ё не?

 Шумо боз кадом хислатҳои хуби тоҷикиро беҳтарин меҳисобед? Фикратонро нависед.

 

 

 

 

Комментариев нет: