среда, 26 ноября 2008 г.

Инсоф

Инсоф асоси асосҳои ахлоқи инсон аст. Бисёр гуфтанду мегўянд, ки асосҳои ахлоқи ҷомеаро дин муайян мекунад.

Аммо то пайдоиши динҳо ахлоқ бар кадом пояҳо устувор буд?

Ин пояҳо адолат ва инсоф ном доштанд. Моли касеро дуздидан ва ҳоли ўро табоҳ кардан аз рўи инсоф нест – мегуфтанд дар қадимзамони бединӣ одамон.

Инсоният (мо инро мехоҳем ё на) ба сўи бехудои равон аст. Табиист, ки зарфияту таъсиру аҳамияти вожаҳои инсофу адолат хоҳад афзуд. Хоҳ-нохоҳ ҷомеа барои худ қонунҳои устуворкунандаи адлу инсофро зиёдтар эҷод ва устувор хоҳад намуд.

Агар яке дар зару неъматҳои фаровон ғарқ бошаду каси дигар азоби тангдасти бикашад – хонаводаи хешро бо ғизои хубу моддиву маънавӣ таъмин карда натавонад, аз рўи инсоф нахоҳад буд.

Аммо бо ақидаи «Ба худодода ситеза накун, ба худодода худо додааст», ин нобаробарию ноинсофиро ҳукми қонунӣ бахшидаанд.

Агар ин сарватманд сарваташро бо роҳи ҳалол ба даст оварда бошад, сарвати ўро кашида гирифта ба нодор бидодан аз рўи инсоф нест.

Инсоф он аст, ки сарватманд ба воситаи фондҳои хайрия ба камбизоат кўмак бирасонад ва адолат он аст, ки қонуну дастгоҳи ҳукуматӣ ба сарватмандшавии ғайриқонунӣ роҳ надиҳад ва камбизоат бо ҳимояи иҷтимоӣ таъмин бошад.

Инсоф пояи адолат аст. Аммо то пурра устувор шудани инсоф дар ҷомеа дин лозим аст.

Зеро бисёр касон аз тарси азоби дўзах ба беинсофӣ роҳ намедиҳанд. Виҷдони онҳо дар тараҳҳуму шафқат ба инсон не, бар ақоиди динӣ устувор аст.

Муаллим ва гўсола

Муаллими дарси забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими ҳамагонии ман таълим гирифта Эҳсон Тўрақулов (рўҳаш шод бод!) одами хеле хуб буд. Зиёии ҳақиқӣ буд – ба кори худ хеле дилсўзона муносибат мекард. Агар ягон талаба вазифаро иҷро накарда бошад, дар бораи он ки ҷавоне ба омўзиши илм чунин муносибат кунад, оқибат чӣ хоҳад шуд, бо мисолҳо хеле дилсўзона гап мезад. Намунаи ибрат буд – ҳам дар рафтор ҳам дар гуфтор. Хати зебо дошт. Либосаш, андомаш, бачаҳояш, ҳатто велосипедаш доимо тозаю зебо буданд. Гардеро на дар либосашу на дар дучархааш медидед.

Ба мисли ҳар як одами бофарҳанги шўравӣ ўро низ аз маоши каме, ки мегирифт, маҷбурӣ ба рўзномаи «Правда» – бузургтарин рўзномаи русии коммунистони шўравӣ обуна мекунонданд, ҳол он ки ў коммунист набуд. Вале ғояҳои неки коммунистиро мепазируфт. Боре ман аз ў пурсида будам: – Муаллим шумо «Правда»-ро мехонед?

Ў гуфт: – Бисёр касон рўзнома намехонанд, рўзномаҳоро ба ҷои қоғази туалет ё ягон кори дигар истифода мекунанд. Ман ҳам «Правда» мегирам. Аммо дар дарвозаи ҳавлӣ қуттии почта надорам. Барои ҳамин қуттиро харидан моҳонаам намерасад. Азбаски барои гову гўсола оғил ҳам сохта натавонистам, онҳоро дар дарвозахона ҷой додаам.

Хаткашон «Правда»-ро аз сўрохи дарвозаам ба дарун тела дода меравад. Баъд онро гўсола мехўрад.

Коммунистон ҳоло даъво мекунанд, ки тиражи нашрияҳои мо ба миллионҳо нусха мерасид, аммо медонистанд, ки ин миллион нусхаҳо чӣ мешуданд. Масалан дар бошишгоҳҳои истироҳатии деҳқонон дастаҳои нокушода мехобиданд.

Сипас ман ҳам рўзноманигор шудам. Ёдам ҳаст, ки тирожи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро, ки дар он муовини сардабир будам, ба сад ҳазор расонида будем (тирожи ҳозирааш – 2 ҳазор). Гоҳ-гоҳ «Правда» – хўроки гўсолаи омўзгори адабиёти мактабам ба ёдам мерасид ва аз худ мепурсидам: оё бо он маоши каме, ки омўзгорон мегиранд, нашрияи мо низ вазифаи худро иҷро карда метавонад?

Охир муаллим маҷбур аст, дар вақти фориғ аз дарс танҳо бо корҳое машғул шавад, ки камбуди маошро каме ҳам ҷуброн мекунанд. Он гоҳ ба хондани нашрияе вақт ку?

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон равшан нишон дод, ки бо вуҷуди тирожҳои калони нашрияҳову китобҳо қашшоқии маънавӣ, ки заминаи ин ҷанг гардид, дар ҷомеа вуҷуд доштааст.

четверг, 20 ноября 2008 г.

Ин даҳан ё калўшкўҳна?

Дар блоги «Андеша» аз ҷониби яке иборае садо дод, ки дар он президенти Ўзбекистон Ислом Каримов номбар гардид. Гўё ба ибораи ғалати як омӣ президенти Тоҷикистон президенти Ўзбекистонро ба зону шинонда бошад. Чунин ҳарфҳоро касоне бофта мебароранд, ки муносибатҳои байни Ўзбекистону Тоҷикистонро сард кардан мехоҳанд. Инро рўзноманигорони тоҷик бояд доим дар мадди назар дошта бошанд. Дар бораи характери президенти кунунии Ўзбекистон бошад, ҳама хуб медонанд, ки ўро ҳатто пайғамбар ба зону шинонда наметавонад. Ў ҳатто зери таъсири абарқудратҳо – Маскаву Вашингтон қарор надорад.

Вақте ки миллионҳо тоҷикистонии дар Ўзбекистон хешутабордор ва миллионҳо ўзбекистонии дар Тоҷикистон хешутабордор ҳар шаб «Эй худо, муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбукистонро беҳтар кун!» гуфта дуо мекунанд, то ки равуои бевиза барқарор шавад, чунин ҳарфҳои ғаразнокро иқтибос кардан як намуди вайронкорист.

понедельник, 17 ноября 2008 г.

Дарозтарин тоҷик

Телеширкати «Мир» дарозтарин тоҷик Меҳроҷ Каримовро нишон дод – баландии қадаш 2м.17см. Ў ҳоло ҷавони солим буда боз ҳам имкони дароз кардани қади худро дорад. Аммо намедонам, бо муштзанӣ машғул гардиданаш ба ў ягон миллион доллар фоида меорад ё не. Агар дар бозии баскетбол маҳорат медошт, танҳо барои чунин қад NBA чанд миллион доллар медод. Агар мақоли «Кулли дарозҳо аҳмақанд» дурўғ бошад, ҳатман чунин хоҳад кард.