среда, 26 ноября 2008 г.

Муаллим ва гўсола

Муаллими дарси забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими ҳамагонии ман таълим гирифта Эҳсон Тўрақулов (рўҳаш шод бод!) одами хеле хуб буд. Зиёии ҳақиқӣ буд – ба кори худ хеле дилсўзона муносибат мекард. Агар ягон талаба вазифаро иҷро накарда бошад, дар бораи он ки ҷавоне ба омўзиши илм чунин муносибат кунад, оқибат чӣ хоҳад шуд, бо мисолҳо хеле дилсўзона гап мезад. Намунаи ибрат буд – ҳам дар рафтор ҳам дар гуфтор. Хати зебо дошт. Либосаш, андомаш, бачаҳояш, ҳатто велосипедаш доимо тозаю зебо буданд. Гардеро на дар либосашу на дар дучархааш медидед.

Ба мисли ҳар як одами бофарҳанги шўравӣ ўро низ аз маоши каме, ки мегирифт, маҷбурӣ ба рўзномаи «Правда» – бузургтарин рўзномаи русии коммунистони шўравӣ обуна мекунонданд, ҳол он ки ў коммунист набуд. Вале ғояҳои неки коммунистиро мепазируфт. Боре ман аз ў пурсида будам: – Муаллим шумо «Правда»-ро мехонед?

Ў гуфт: – Бисёр касон рўзнома намехонанд, рўзномаҳоро ба ҷои қоғази туалет ё ягон кори дигар истифода мекунанд. Ман ҳам «Правда» мегирам. Аммо дар дарвозаи ҳавлӣ қуттии почта надорам. Барои ҳамин қуттиро харидан моҳонаам намерасад. Азбаски барои гову гўсола оғил ҳам сохта натавонистам, онҳоро дар дарвозахона ҷой додаам.

Хаткашон «Правда»-ро аз сўрохи дарвозаам ба дарун тела дода меравад. Баъд онро гўсола мехўрад.

Коммунистон ҳоло даъво мекунанд, ки тиражи нашрияҳои мо ба миллионҳо нусха мерасид, аммо медонистанд, ки ин миллион нусхаҳо чӣ мешуданд. Масалан дар бошишгоҳҳои истироҳатии деҳқонон дастаҳои нокушода мехобиданд.

Сипас ман ҳам рўзноманигор шудам. Ёдам ҳаст, ки тирожи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро, ки дар он муовини сардабир будам, ба сад ҳазор расонида будем (тирожи ҳозирааш – 2 ҳазор). Гоҳ-гоҳ «Правда» – хўроки гўсолаи омўзгори адабиёти мактабам ба ёдам мерасид ва аз худ мепурсидам: оё бо он маоши каме, ки омўзгорон мегиранд, нашрияи мо низ вазифаи худро иҷро карда метавонад?

Охир муаллим маҷбур аст, дар вақти фориғ аз дарс танҳо бо корҳое машғул шавад, ки камбуди маошро каме ҳам ҷуброн мекунанд. Он гоҳ ба хондани нашрияе вақт ку?

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон равшан нишон дод, ки бо вуҷуди тирожҳои калони нашрияҳову китобҳо қашшоқии маънавӣ, ки заминаи ин ҷанг гардид, дар ҷомеа вуҷуд доштааст.

Комментариев нет: