вторник, 17 мая 2022 г.

О Канате Одиле и комментариях на полях его статьей

 Некоторые блогеры в своих комментариях в Интернете пишут, что я о проблемах с таджикским языком в Узбекистане пишу только на таджикском языке и это может привести к ксенофобии среди таджиков региона.

Канат Одил проживающий зарубежом один из интеллегентнейших людей, который в своих статьях предлагает решит проблемы таджикского языка, просвещения и культуры в Узбекистане на основе международного права и демократических свобод.
В комментариях его последней статьи прозвучали в мой адрес и в адрес Амины Шарофиддиновой критические замечания.

понедельник, 16 мая 2022 г.

 



Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст. Дар ин муддат шахси бешаҳрванд буд. Чанде пеш соҳиби шиноснома гардид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми сафараш ба Самарқанд ӯро дид ва посухи чанд суолро аз ӯ пурсид, пеш аз ҳама, чаро аз Душанбе рафт?

Адаш Истад: “Соли 1993 аз Душанбе ба Самарқанд баргаштам. Дар инҷо як нашрияи тоҷикӣ кушоданд, вале тақрибан рӯзноманигорони касбӣ набуданд. Як ё ду кас собиқаи кори журналистӣ доштанд. Бар илова нафаре лозим буд, ки маҳфили “Эҷодкорони ҷавон”-ро ташкил дода, навқаламонро ҷалб кунад ва жанрҳои журналистикаро омӯзонад. Ман ин маҳфилро ташкил кардам. Дар аввал 32 узв дошт, аммо оҳиста-оҳиста шумораашон кам шуда, ба 16 нафар расид. Баъзеяшон рӯзноманигори ҳақиқӣ шуданду баъзеи дигар шоир. Бархе ба корҳои илмӣ рӯй оварданд. Кори ман қариб то соли 2000-ум давом кард. Як сол паёмнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” будам.”

Радиои Озодӣ: Замоне аз Душанбе рафтед, ки вазъ дар Тоҷикистон ҳам мушкил буд... Он солҳо дар Узбекистон барои нигоҳ доштани фарҳангу забони тоҷикӣ чӣ кӯшишҳо мешуд?

Адаш Истад: “То соли 1993 дар ин ҷо гуруҳҳое буданд, ки худро ватанпарвар мешумориданд. Яке муътадил, ки бар асоси қонунҳои нав дар Ҷумҳурии Узбекистон амал мекард. Дигаре бовар дошт, то сахт талаб накунӣ, ҳукумат ягон кор намекунад. Гуруҳи дувум зуд барҳам хӯрд. Гуруҳи муътадил ҳам қариб намонд, чун ҳукумат оҳиста-оҳиста одамонеро, ки ба худаш маъқул буд, ба кор гирифт. Одамоне, ки ба ҳукумат маъқул набуданд, наметавонистанд, ҳатто раиси маҳалла шаванд.”

Радиои Озодӣ: Дар солҳои гузашта дар шеъру навиштаҳои тоҷикон бештар аз он изҳори нигаронӣ мешуд, ки дар Узбекистон аксар мактабу нашрияҳои тоҷикиро бастаанд. Дуруст?

Адаш Истад: “Рӯзномаи хусусии “Оина” буд. Он замон изоҷат дода буданд, рӯзномаҳои ғайридавлатӣ чоп шаванд. Сардабири рӯзнома Раҳим Мавлонӣ ҳоло дар Амрико гуреза аст. Дар ин рӯзнома мусоҳибаи ман бо шоира Парисо чоп шуд. Дар онҷо гуфтам, ки Самарқанду Бухоро маркази маданӣ ва қадимии тоҷикон буданд. Инкор накардаам, ки ин шаҳрҳо маркази мадании узбекон низ ҳастанд. Лекин ҳамин ҷумлае, ки ногуфта мондааст, дар сатҳи ҳукумати вилоят мавриди муҳокимаи ҷиддӣ шуд. Рӯзномаи “Оина”-ро бастанд. Даъвояшон ин буд, ки чаро мегӯед, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро марказҳои бостонии тоҷикон буданд? Як гурӯҳ аз мансабдорон ақидае доштанд, ки тоҷикони Самарқанду Бухоро баъди узбекон ба ин макон омадаанд. Яъне, гуё мо “диаспора” бошем. Не, ин тавр нест. Дар ин кор айби мо ҳам ҳаст. Масалан, номи забонро дигар кардем ва аҳамияти минтақаии он коҳиш ёфт. Мо бояд мисли пештара забонамонро форсӣ гӯем.”

Радиои Озодӣ: Пас, тарафдори он ҳастед, ки забони тоҷикиро форсӣ биноманд?

Адаш Истад: “То вақте хату алифборо иваз карданд, забони мо форсӣ ном дошт. Болшевикҳо Тоҷикистонро, ки бо кишварҳои беруна ҳамзабон аст, ҷудо карданд. Баъди онки соҳибистиқлол шудем, бояд забони мо форсӣ мешуд. Дар анҷумани якуми Бунёди забон пешниҳод кардам, ки минбаъд забони мо форсӣ шавад, ҳама зид баромаданд. Пас аз ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои зиёд гуфтанд, биёед, форсиро дар даруни қавс мегирем. Баъд аз забони тоҷикӣ. Оҳиста-оҳиста форсиро аз қонун берун карданд. Таърихи инро ҳама медонанд ва ҳоҷати такрор нест.”

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо ба ин ақидаанд, ки вақте кишвар Тоҷикистон аст, забонаш ҳам бояд тоҷикӣ бошад...

Адаш Истад: "Забон метавонад, дигар бошад. Масалан, Британияи Кабир ё Амрико мегӯем, вале забонашон англисӣ аст. Вақте дар Италия ва Фаронса хостанд, ки миллат бисозанд, олимону равшанфикрон ба хулосае расиданд, ки то халқ ба забони адабӣ суҳбат накунад, миллат сохтан мумкин нест. Дар Фаронса ҳамагӣ 2 дарсад ва дар Италия 6 дарсади аҳолӣ бо забони адабӣ суҳбат карда метавонистаанду бас. Бинед, ки иродаи қавӣ ва ҷидду ҷаҳд чунин шуд, ки онҳо 100 дарсад бо забони адабии итолиёӣ ва фаронсавӣ гап мезананд. Дар мо ақидаи ғалате ҳаст, ки забони адабӣ танҳо хоси театр, донишгоҳу мактаб ва баъзе шоиру нависандаҳост. То халқ ба забони адабӣ суҳбат накунад, миллат пайдо намешавад.”

 Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон хатти сириллик роиҷ аст, дар Узбекистон ба хати лотинӣ менависанд. Ин чиз ба тоҷикон чӣ таъсир гузоштааст?

Адаш Истад: “Албатта, барои дар идораҳо ариза навиштан ё дар мактаб кор кардан забони давлатиро донистан шарт аст. Дар мактабҳои тоҷикӣ забони узбекӣ аз рӯи як барномаи васеъ дарс дода мешавад. Дар он ҷо имконият ҳаст, ки забони расмӣ, яъне узбекиро хуб омӯзанд. Гап сари ин нест. Гап дар сари он аст, ки забони тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад ва қисман дар Узбекистон. Вақте мо забонамонро форсӣ мегӯем, он дар байни чаҳор давлат эътибор пайдо мекунад.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло вазъи мактабҳо чӣ гуна аст? Кам шудаанд ё бештару беҳтар?

Адаш Истад: “Шумораи мактабҳои тоҷикӣ дар солҳои аввали истиқлол нисбат ба замони Шӯравӣ каме зиёд шуд. Дар тамоми мактабҳои узбекӣ синфҳои тоҷикӣ кушоданд. Лекин қароре баромад, ки китобҳои тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ навишта шудаанд, ақидаҳои коммунистӣ доранд ва ҳамаи онҳоро чида гирифтанд. Мактабҳои тоҷикӣ бекитоб монданд. Мактабҳои узбекӣ пурра бо китоб таъмин буданд. Муаллифон китобҳои кӯҳнаро аз нав таҳрир ва чоп карданд. Дар шаҳр мактабҳои тоҷикӣ қариб, ки намонд. Дар ноҳияҳо ҳам торафт шумораи мактабҳои тоҷикӣ кам шуда истодааст.”

Радиои Озодӣ: Баъди боз шудани сарҳадҳо байни Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳор соли пеш вазъият чӣ гуна шуд?

Адаш Истад: "Албатта, аз кушода шудани сарҳадҳо хурсандем, вале он ба монанди солҳои аввали истиқлол нест. Ҳоло ҳам баъзе аз масъалаҳое, ки ба президенти пешин вобаста медонистанд, ҳаст. Одамоне дар сари қудрат ҳастанд, ки дар замони Ислом Каримов ҳам соҳиби қудрат буданд. Президенти кунунӣ ба масъалаҳои рушди иқтисодии ду кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардааст. Умед мекунем, ки дар оянда беҳтар мешавад."

Радиои Озодӣ: Дар як суҳбат ба беҷураътии тоҷикони Самарқанду Бухоро ишора кардаед. Фикр мекунед, ҷасорат кам шудааст ва ё мардум бо муҳит созиш карданд?

Адаш Истад: "Дар қонуни забони Узбекистон ба забонҳои ғайр имкониятҳои бештар дода шудааст, аммо дар иҷрои он ҷидду ҷаҳд ҳис намекунем. Барои забон чӣ лозим? Фазое лозим аст, ки дар он зиндагӣ карда тавонад. Забони адабиро радио, телевизион, рӯзнома ва театр ҳамагонӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон театри узбекӣ ҳаст, дар Узбекистон театри тоҷикӣ нест. Пас аз Шӯравӣ як гуруҳ донишгоҳи ҳунарро хатм карда омаданд, актёр буданд, аммо театр набуд, пароканда шуданд. Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути Самарқанд як мактаб сохту туҳфа кард. Узбекистон ба он эҳтиёҷ надошт. Узбекистон худаш аз ин гуна мактабҳо ҳар сол месозад. Ниёз ба театр буд, то дар минтақа намоишҳои тоҷикию узбекӣ нишон дода шаванд ва риштаҳои дӯстӣ боз ҳам мустаҳкам гарданд. Мо пешниҳод мекунем, аммо дастгирӣ нест. Телевизион ҳам нест. Сифати ТВ-ҳои Тоҷикистон бисёр коста аст."

Радиоӣ Озодӣ: Айни ҳол пайи таҳияи кадом асарҳо ҳастед, ба чӣ корҳо машғулед?

Адаш Истад: "Ман 76-солаам. Дар китобхонаам аз китоб дида, доруи зиёде дорам. Баъди он ки ҳамсарам фавтид, зиндагӣ пурра ба дӯши ман аст. Нигоҳубини писари маъюбам низ. Ростӣ, имконияти кам дорам, ки чизе нависам. Ба ҳар ҳол, бо ёрии интернет навиштаҳоям дар расонаҳо чоп мегарданд. Блоги «Герби Шердор»-ро мечархонам ва баъзан мақолаҳое менависам, ки аҳамияти миллипарастона доранд."

Фарзон Муҳаммадӣ

суббота, 14 мая 2022 г.

Арзишҳои меҳварӣ

Арзишҳои меҳварӣ аз чӣ иборатанд? Оё бо беназардоти онҳо миллат шуда метавонем? Онҳо аз кадом бобҳо иборатанд?

 

Арзишҳои  аз ҳама муҳим ба назари камина инҳоянд:

1.       Давлат ва сохторҳои он, қонуни асосӣ.

2.       Забон ва адабиёти тоҷикӣ ва забони адабӣ, ки ба он тамоми мардум сухан карда метавонад. Хати ин забон, яъне ҳуруфи форсӣ, ки хушоҳангию санъати хушнависии онро таъмин кардааст.

б)  Адабиёти актуалӣ, яъне инъикоскунандаи характери тоҷикӣ, муаммоҳои имрӯзаи мардум, қаҳрамонҳои муосир.

3.  Таърихи объективии мардуми тоҷик. Асарҳои илмӣ оид ба таърих ва асарҳои адабие ба мисли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Ёддоштҳо”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни Муқаннаъ”-и Айнӣ, “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-и Улуғзода ва дигар асарҳои адибон оид ба муборизаи халқи тоҷик бар зидди ғосибони хориҷӣ. Адабиёти классик.

среда, 11 мая 2022 г.

Сабабиҳои асосии оқибмонии мо

 Мо - яъне мардуми мо, мардуми тоҷик.

 

Қаблан огоҳ мекунам, ки камина файласуф ва ҷомеашинос нестам. Ман як нафар нависанда ва рӯзноманигорам. Ва аз ман дар ин масъала посухи пурмӯҳтаво ва илмиро интизор набояд шуд.

 

Аммо хомӯш буда наметавонам. Ва ин як сабаб дорад. Чанде пеш аз Австрия як ҷавоне ба Самарқанд омада буд, ки баъди панҷ-шаш соли зиндагӣ дар Аврупо ба як савол посух меҷӯяд: “Мо тоҷикон дар гузашта он кадар фарҳанги бузург, донишмандони бузург доштем, ки дигар халқҳо надоштанд, аммо чаро аз Аврупо қафо мондем?”. Ӯ ин саволро ба ман дод.

 

Ман ба ӯ Ибни Сино чӣ гуфту Имом Ғаззолӣ чӣ гуфт бисёр ҳарфҳое гуфтам, аммо аз чеҳрааш маълум буд, ки қонеъ нашуд.