суббота, 14 мая 2022 г.

Арзишҳои меҳварӣ

Арзишҳои меҳварӣ аз чӣ иборатанд? Оё бо беназардоти онҳо миллат шуда метавонем? Онҳо аз кадом бобҳо иборатанд?

 

Арзишҳои  аз ҳама муҳим ба назари камина инҳоянд:

1.       Давлат ва сохторҳои он, қонуни асосӣ.

2.       Забон ва адабиёти тоҷикӣ ва забони адабӣ, ки ба он тамоми мардум сухан карда метавонад. Хати ин забон, яъне ҳуруфи форсӣ, ки хушоҳангию санъати хушнависии онро таъмин кардааст.

б)  Адабиёти актуалӣ, яъне инъикоскунандаи характери тоҷикӣ, муаммоҳои имрӯзаи мардум, қаҳрамонҳои муосир.

3.  Таърихи объективии мардуми тоҷик. Асарҳои илмӣ оид ба таърих ва асарҳои адабие ба мисли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Ёддоштҳо”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни Муқаннаъ”-и Айнӣ, “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-и Улуғзода ва дигар асарҳои адибон оид ба муборизаи халқи тоҷик бар зидди ғосибони хориҷӣ. Адабиёти классик.

4.  Мероси мусиқии мардум. Мероси мусиқии мардумӣ. Асарҳои барҷастаи мусиқии муосир, опера, балет, ансанблҳои рақси касбию мардумӣ.

5.  Ҳунари меъморӣ, гачкорӣ, кандакорӣ, наққошӣ.

6.  Осори Беҳзод, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ ва дигар рассомон, рангтасвирони муосир.

7.  Театр ва синамо.

8.  Маориф.

9. Илм. Фалсафа ва фанҳои дигар, техника.

10. Тандурустӣ.

 

Ба сетои охирӣ Чин маблағҳои калон харҷ мекунад, ки ба ҷаҳони оянда ҳоким шавад. Онҳо ин корро бо роҳи маҷбурӣ карда истодаанд. Онҳо дар соҳаи назорати кашфиёти нав дар олам се-чор ҳазор мутахассис тайёр кардаанд.

 

Онҳо илми ҷаҳонро назорат карда аз он беҳтаринро интихоб карда ба ҳизб пешниҳод мекунанд, ки  дар амал тадбиқ кунад. Ба ин сабаб ҳам дар зироаткорию ҳам дар саноат ба пешрафти назаррас ноил шудаанд.

 

Ба гуфти донишмандони мағзи сар 90 дар сади бачаҳо имконияти нобиға шудан доштаанд. Инсон муосир ҳамагӣ 5-6 фоизи имконияти мағзи сари худро истифода карда метавонистааст.

 

Миллатҳои пешрафтаи олам аз байни бачаҳо қобилиятнокҳоро ҷудо карда дар мактабҳои махсус алоҳида таълим медиҳанд. Онҳо хуб фаҳмидаанд, ки чунин бачаҳо дар оянда локомотиви миллат хоҳанд шуд.

 

Дар як давлат (намегӯям кадом) чунин мактаби талабаҳои қобилиятнокро ташкил карданд. Вале ҳама волидони серпул ришва дода фарзандони худро дароварданд. Аз ин мактаб ягон донишманди нобиға намебарояд.

 

Аммо дар Чин не, ба он сабаб ки ришва дода ва ришва гирифта бераҳмона кушта мешавад. Диктатура!

 

Дар кишваре, ки ришвахорӣ ҳаст, ягон хел пешрафт нахоҳад шуд!

 

Комментариев нет: