среда, 11 мая 2022 г.

Сабабиҳои асосии оқибмонии мо

 Мо - яъне мардуми мо, мардуми тоҷик.

 

Қаблан огоҳ мекунам, ки камина файласуф ва ҷомеашинос нестам. Ман як нафар нависанда ва рӯзноманигорам. Ва аз ман дар ин масъала посухи пурмӯҳтаво ва илмиро интизор набояд шуд.

 

Аммо хомӯш буда наметавонам. Ва ин як сабаб дорад. Чанде пеш аз Австрия як ҷавоне ба Самарқанд омада буд, ки баъди панҷ-шаш соли зиндагӣ дар Аврупо ба як савол посух меҷӯяд: “Мо тоҷикон дар гузашта он кадар фарҳанги бузург, донишмандони бузург доштем, ки дигар халқҳо надоштанд, аммо чаро аз Аврупо қафо мондем?”. Ӯ ин саволро ба ман дод.

 

Ман ба ӯ Ибни Сино чӣ гуфту Имом Ғаззолӣ чӣ гуфт бисёр ҳарфҳое гуфтам, аммо аз чеҳрааш маълум буд, ки қонеъ нашуд.

 

Сабабҳои оқибмонии мо зиёданд, барои мо тоҷикон як илми осебшиносии миллӣ лозим. Ман ин сабабҳоро ин ҷо таҳлил намекунам. Танҳо мухтасар бо ду-се ҷумла хоҳам гуфт, ки Аврупо чӣ тавр пеш рафт.

 

Дар Аврупо дар охири асри 16 ва аввали асри 17 фалсафаи румии стоитсизм роҳ ёфт. Ин замоне буд, ки нухбагони ҳоландӣ ба хулоса расиданд, ки бо мафкураи дини масеҳӣ пешрафти назаррас нахоҳад шуд.

 

Ба ҳамин сабаб ҳолландҳо зуд бо фалсафаи стоитсизм мусаллаҳ шуданд ва дар ҳама соҳаҳои ҳаётӣ ба пешрафти азим ноил гардиданд ва хато намешавад гӯем, ки бо таъсири Ҳолландия тамоми Аврупо низ тараққӣ кард.

 

Дар асл ин фалсафа дар Рум пайдо шуда буд ва мутафаккиронаш файласуфон Сенека, Эпиктет ва шоҳ Марк Аврелий буданд. Мақоли русие ҳаст: Нет пророка в своем отечестве. Инро ба тоҷикӣ оби дари хона қадр надорад гӯем, хато набудагист.

 

Ҳамин тавр ҳолландиҳо дар асри 17 принсипҳои фалсафаи стоитсизмро асоси зиндагии худ қарор доданд ва барои кишвари Аврупо намунаи ибрат гардиданд. Дар ҷомеа минбаъд ақлгароӣ ақоиди диниро пушти по зада ба пеш баромад ва чун локомотив тамоми ҷомеаро пеш кашид.

 

Принсипҳои стоитсизмро аниқтар ва пурра фаҳмидан хоҳед, ба асарҳои дар ин боб нашр шуда, ки дар Интернет низ ҳаст, муроҷиат кунед.

 

Аммо он чӣ аз ин принсипҳо ёддошт кардаам инҳоянд:

1.       Дуруст фикр карда тавонистан, яне мантиқ.

2.       Шинохтани он ки ҷаҳон чӣ тур сохте дорад.

3.       Мо хушбахт хоҳем буд, замоне ки аз хурофот ва ақидаҳои кӯҳна, расму оинҳои нодаркор дур шавем.

4.       Дар замири ҳар як инсон нобиғае нуҳуфтааст, он дар ҳоли хоб аст ва онро бояд бедор кард

5.       Ҳар як кор дар асоси қарзи виҷдон бояд амалӣ шавад.

6.       Меҳнат асоси пешравӣ аст. Ҳолландиён тамоми гадойҳоро дар “Хонаҳои меҳнат” ном муассиса ҷамъ карда маҷбур карданд, ки бо меҳнати худ нон хӯранд.

7.       Мо бояд худро тағйир диҳем, ба такмили маънавии худ ва ҷомеа монда нашуда кор кунем.

8.       Муносибат бо бонувон билкул тағйир меёбад: Онҳо на танҳо бояд босавод шаванд, балки суруд хонда ва рақс карда тавонанд.

 

Дар Ҳоландия академияи ҳарбӣ ва рақс таъсис меёбад, санъати парксозиро аз Эрон меомӯзанд, пиёзакҳои лолаҳоро аз кӯҳҳои мо бурда ба тамоми олам лолафурӯшӣ мекунанд.

 

Вақте ки сабабҳои пешрафти аврупоиҳоро мулоҳиза мекунед, сад дар сад хоҳед фаҳмид, ки аз фалсафаи зардуштии “Афкори нек, гуфтори нек, кирдори нек” афкори нек муҳимтарин будааст. Танҳо фарқ ин ки ҳолландиён ин формулаи тарзи беҳтарини зиндагиро дар шакли “интизоми фикр, интизоми тан, интизоми кор” қабул карданд. Интизом ин дистиплина. Дистиплина ин омӯзиш. Ин дурӯғ нагуфтан, итоати комил ба қонунро низ дар бар мегирад. Асари ба ин мавзӯъ чопшудаи Тейлор “Дициплинарное общество” ном дорад.

 

Дар Ҳоландияи асри 17 ва имрӯз низ мардум ба сухани нухбагони худ амал мекунанд.

 

Дар мо - мардумони тоҷик вазъ чунин ки халқ ҷудо, нухбагон ҷудо. Ман як фикри солим дар саҳифаи фейсбукиам гӯям, сад кас пайдо мешавад, ки инкор мекунад, то бо инкори фикри солим обрӯи дурӯғин пайдо намояд. Ман бо тарошидани комменти онон овора!

 

Мардуми тоҷик дар тӯли торихи ҳазору андсолаи худ шаҳрҳо сохт, маданияти олиро ба вуҷуд овард. Дар оғози асри бист на танҳо шаҳрҳояшро бохт, балки хату алифбояшро кашида гирифтанд, китобҳои нухбагонашро сӯхтанд, элитаи ҳушёри миллатдӯстро дар лагерҳои сталинӣ куштанд.

 

Ҳамаи ин фоҷеаҳо магар кам буд, ки ҷанги шаҳрвандиро аз берун ташкил карданд.

 

Чунон ки дидем сабабҳои оқибмонии тоҷикон хеле бисёранд ва камина танҳо баъзеи онҳоро баён кардам.

 

Боқӣ идомаи суханро ба донишмандон медиҳам.

 

Ҳоландиён, вақте ки ба системаи ҷомеаи дистиплинарӣ гузаштанд, андеша мақоми аввал гирифт. Барои ривоҷи иқтисод захираи зиёди тилло лозим буд. Тилло асосан дар хазинаи Испания буд. Онҳо ба Испания ҳамроҳ шуданд, то ки ба тилло даст ёбанд. Вой истиқлол аз даст рафт нагуфтанд. Фаҳмиданд, ки бе сарвати кофӣ истиқлол маъное надорад. Хоҳед нахоҳед, мардум ғуломи кишварҳои дигар хоҳанд шуд, ки мисолаш ҳамин афзоиши мардикорӣ аст дар Тоҷикистон.

 

Фаромӯш набояд кард, ки тиллои асрҳои зиёд дар аморати Бухоро  ҷамъшудаи миллат куҷо рафт.

 

Сарвати хазинаи аморати Бухоро аз осмон наафтидааст, на фақат аз конҳо, балки аз андозҳое буд, ки аз халқи тоҷик мегирифтанд.

 

 

Комментариев нет: