суббота, 27 ноября 2010 г.

Иди соли нав дар якуми январ азони мост ё мардумони дигар?

Дар мақолаҳое, ки аз ин пеш дар блоги Герби шердор оиди оини аввалини ниёгони тоҷик – оини меҳрпарастӣ нашр шудаанд, бештар сухан аз он мерафт, ки оини масеҳӣ чӣ тавр ҳама ҷиҳати беҳини оини Митроро азони худ кард. На ҳамаашро гуфтем ва аз ҷиҳати илмӣ таҳлилу баррасӣ накардем, чун ин тарафи кор мутааллиқ ба донишмандани варзида аст.

Масалан нагуфтем, ки маросими нону шароби ангурӣ ба оини масеҳӣ пурра аз оини Митроӣ ахз шудааст. Шоирони ринди мумтози форсу тоҷик вақте ки «май» мегўянд, нофи худро ба оини митроӣ мебанданд на ба оини зардуштӣ. Чун дар оини зардуштӣ ба ҷои май нўшокии дигаре ҳаст, ки хаома ном дорад.

Оини масеҳӣ ҳама маросими митроиро айнан копи накардааст. Он чизе ки ба масеҳият зиддият доштааст, берун афкандааст.

Масеҳият хеле кўшидааст, ки худро дар Рум ҷойгузини оини митроӣ кунад, аммо хеле кам муваффақ шудааст, то ба рўзе, ки рўҳониёни масеҳӣ тибқи оини митроӣ либос пўшанду тибқи оини митроӣ худоро хуршед меноманду зодрўзи одамхудо Митроро зодрўзи одамхудо Исои Масеҳ эълон мекунанд.

Тибқи тақвими бостонӣ зодрўзи Меҳр яъне Митроро ниёгони мо 25-уми декабр ҷашн мегирифтанд (Сипас он ба якуми январ оварда шуд). Ин рўз тибқи тақвими дақиқтари муосир рўзи 21-уми декабр аст. Яъне рўзе, ки баъди он нерўи Офтоб бар сармои зимистон зафар меёбад ва рўзҳо дарозтару шабҳо кўтоҳтар мешаванд. Яъне рўзи пирўзии худои Офтоб аст

Душмани митроизм Зардушт бо мақсади тамоман аз зеҳнҳо сутурдани ин ҷашн онро ба рўзи Меҳри моҳи Меҳр кўчондааст. Ва онро мо имрўз чун ҷашни Меҳргон мешиносем. Тибқи базеъ маълумот ҷашни зодрўзи Исои Масеҳ дар асл дар яке аз рўзҳои моҳи май будааст. Аммо саррўҳониёни масеҳӣ, ки акнун худро ба мисли рўҳониёни митроӣ папа яъне падар меномиданд, 25-уми декабрро рўзи мавлуди Исои Масеҳ мекунанд. Пас дар матнҳои масеҳӣ айнан чун Митро дар ғор аз духтари бокира зода шудани Исо тасвир мешавад.

Меҳпарастон дар асл зодрўзи Митроро чӣ тавр ҷашн мегирифтанд, то ба охир равшан нашудааст.

Солҳои 80 ё 90 дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе солее як-ду бор филмҳои дар Иттиҳоди шўравӣ мамнўъи филмбардорони номии хориҷиро намоиш медоданд. Онро танҳо мунаққидони кино, кормандони синамо ва баъзан вазирон низ тамошо карда метавонистанд. Камина, ки мудири шўъбаи ҳунаршиносии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро солҳои зиёд бар ўҳда доштам, аз ин тамошоҳо бенасиб набудам. Боре як филми бадеии коргардони итолиёвиро намоиш доданд, ки шаҳри Римро дар рўзҳои ба он ворид шудани лашкари Амрико айёми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба тасвир гирифта буд. Коргардон кўшида буд, миллати худро сахт зери тозиёнаи танқид бигирад ва ҳама нуқсони ахлоқии он давраро пурра намоиш диҳад. Яке аз саҳнаҳои ин филм итолиёвиҳоро дар маросими сиррии бостоние тасвир мекард. Марди сиёҳпўсте дар кате хобида буду болояш пўшида. Ў нақши зани зояндаро мебозид. Мардҳои гирди ў ҷамъ шуда мегуфтанд: - канӣ, як зўр бизан! Баъд ин маросим бо он хотима ёфт, ки аз зери болопўш – поини пойҳои ў ҳайкалчаи чўбини тифли навзодро берун кашиданд ва болои сар бардошта чарх заданд. Он чиз ҷолиб буд, ки дар ҷои узви таносули навзод фаллос – хамонеро, ки донишмандон мутааллиқ ба оини митроӣ медонанд, устувор карда буданд.

Аз ин ҷо метавон муайян кард, ки ниёгони мо фаллосро ҳаргиз ба меҳроб нагузоштаанд, напарастидаанд, балки атрибутикаи маросиме будааст мутааллиқ ба иди ялдо, ки дар он саҳнаи зода шудани одамхудо Митро тасвир мегардид. Он маросим баъди густариши оинҳои зардуштиву исломӣ аз ёдҳо рафтааст. Пас аз дидани ин филм бароям мақоми фаллоси сангили дар музейи Панҷакент гузошташуда маълум шуд.

Чаро гузаштагони мардуми мо фарзандони дар рўзу шаби Ялдо зодашударо Ялдо меномиданд? Далели равшан номи Меҳтар Боди Ялдои Самарқандӣ аст, ки дар исёни Абўмуслим яке аз қаҳрамонҳои асосӣ буд.

Бисёр ҷиҳатҳои норавшани оини митроӣ ҳамон вақт кашф мешаванд, ки донишмандони бостоншиноси кишварҳое, ки дар он ҷо оини митроӣ вуҷуд дошт, дар як анҷумани илмӣ оид ба нақш тамаддунсози оини меҳрпарастӣ гирд оянд.

Афсўс, ки барои амали кардани ин нияти нек ҳоло дар Академияи улуми Тоҷикистон ягон ҷунбише ба назар намерасад.

суббота, 13 ноября 2010 г.

Тоҷикистон дар 50-100 соли оянда

3 градус зиёд шудани гармӣ рустаниҳоро маҷбур мекунад, ки барои наҷоти худ ба ҳаво оксигенро не, балки гази карбонро хориҷ кунад.

Садҳо миллион тонна гази карбон ба ҳаво сар додаи ҷангали Амазонка гармиро дар ҷаҳон боз ба як градус баланд мекунад.

Тўфонҳо, хушксолиҳои харобовар дар ҷаҳон воқеаҳои оддии ҳарсола хоҳанд шуд.

Тамоми Мисру Бангладеш зери об мемонанд. Баъди 40 сол аз Ганг нишоне нахоҳад монд. Зеро пиряхҳои Ҳимолой нисбат ба пиряхҳои дигар минтақаҳо зиёдтар об шуда истодаанд.

Солҳои охир як дараҷаи селсий гарм шудани ҳавои сайёраи Замин суръати обшавии пиряхҳои Гренландияро даҳ карат зиёд кард. Дар ояндаи на чандон дур бисёр шаҳрҳои соҳили уқёнусҳо зери об хоҳанд монд.

Ҳар сол яхи Гренландия 15,5 км кўтоҳ мешавад.

Яхи обшудаи Гренландия сатҳи оби уқёнусҳоро 7 метр баланд мекунад. Лондон, Бангкок, Шанхай зери об хоҳанд монд.

Баъди 3 градус афзудани ҳисоби миёнаи ҳарорат Арктика бе ях, ва тропикҳо бе об хоҳанд монд. Ҷангали Амазонка 20 фоизи оксигенро эҷод мекунад. 6 градус зиёд шудани гармӣ сабобгори ҳалокати инсоният хоҳад шуд.

Фалокати глобалии ногузир ҳамон вақт рух медиҳад, ки дараҷаи гармӣ аз нуқтаи мувозанат гузарад ва инсоният бо неруи мавҷудаи худ натавонад, ки ақалан ҳарорати сайёраро як градус поинтар кунад.

Ҳоло дар бораи он ки нуқтаи мувозанат пас аз се градус боло рафтан тамоман вайрон хоҳад шуд, фикрҳои гуногун баён мешавад.

Яъне ин се градуси фалокатовар сабабгори боз се градуси дигари баландшавии ҳарорати Замин гардида дар маҷмўъ шаш градуси иловагии барои инсоният ҳалокатоварро ташкил хоҳад дод.

Дар кўҳҳо пиряхҳо тамоман об шуда дар рўдхонаҳо як қатра ҳам об нахоҳад монд.

Боронҳои селовар дар минтақаҳое хоҳад буд, ки борон тамоман намеборид. Дар ин шароит гандум ва дигар рустаниҳои ғизоӣ танҳо дар кишварҳои шимолие мисли Русия ва Канада хоҳанд рўид. Дар он вақт Тоҷикистон ба Русия бо ҷону дил пайванд шудан хоҳад ҳам, Русия қабул нахоҳад кард. Зеро дар он шароит аз гуруснагӣ наҷот додани мардуми бисёри марзи худро афзалтар хоҳад шуморид.

Баландшавии ҳарорати ҳавои сайёра Созмони Милалро маҷбур хоҳад намуд, ки муқобили давлатҳое, ки аз корхонаҳои худ ба ҳаво гази карбонро зиёд сар медиҳанд, ҷазо муқаррар кунад. Давлатҳои пешрафта пурра ба истифодаи нерўи офтоб хоҳанд гузашт. Истифодаи нерўгоҳҳои атомиро манъ хоҳанд кард.

Баъди 50 сол баҳои як литр об ба як литр бензин баробар хоҳад шуд. Албатта оби ошомиданӣ. Яъне кўдакону ҷавонони имрўза инро дар ҳаёт хоҳанд дид.

Баъди боз як градус баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳавои сайёра дар аксар кишварҳои офтобӣ ба чунин хулоса хоҳанд омад, ки сохтани хонаҳо дар зери замин беҳтар аст.

Кишварҳои хурде ба мисли Тоҷикистон муаммоҳои гармшавии ҳавои сайёра барои республика пеш овардаро дар танҳои ҳал карда наметавонанд. Шиори «зинда бод конфедератсияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» аз забони сиёсатмадорон дер бошад ҳам садо хоҳад дод.

Як қисми зиёди мардуми Тоҷикистон дар Русия ва Канада зиндагӣ хоҳанд кард.

Инҳо ҳама тахминанд, фарзияанд. Агар фарзияи беҳтаре доред, пешниҳод кунед.