понедельник, 7 декабря 2009 г.

Оиди як ишораи Э.Раҳмон

Дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, ки аввали моҳи декабр баргузор шуду телевизион намоиш дод, Ҷаноби Олӣ дар омади гап ба мақоми маориф дар Ҷопон ишорае карданд. Аъзои ин Шўро, азбаски мавзўъи ҷамъомад дигар буд, оиди ин ишораи эшон чизе нагуфтанд.

Ва дар суханрониҳои баъдӣ дар матбуот низ чизе гуфта нашуд. Ҳол он ки ин мавзўъ низ барои Тоҷикистон хеле пураҳамият ва сарнавиштсоз аст.

Азбаски оиди низоми маорифи Ҷопон маводе дар даст доштам, барои хонандагони блог чанд сатре навистам.

Аз ҷиҳати теъдоди маълумоти олидорон Ҷопон дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Чилу ду фоизи ҷопонҳо маълумоти олӣ доранд.

Ҷопон шашсад университет дорад. Олмон, ки аз кишварҳои пешрафтатарин ва серодам аст соҳиби 383 мактаби олӣ мебошад. Бубинед фарқ аз куҷо то куҷост!

Теъдоди донишҷўёни мактаби олии Ҷопон зиёда аз 3 миллион нафар аст!

Дар Ҷопон на танҳо ҳама мактабҳои олӣ пулакианд, балки барои имтиҳони қабул низ бояд маблағ пардохт.

Тибқи маълумоти омории соли 2005 ба ҳар даҳ ҳазор одам дар Русия 495, дар ИМА 445, дар Олмон 240, дар Британияи Кабир 227 студенти мактаби олӣ рост меояд.

Дар ин ҷода низ Ҷопон дар мақими аввал аст.

Ҷопонҳо маорифро соҳаи муҳими ҳаётӣ меҳисобанд. Як мисоли оддӣ ба тасдиқи ин фикр:

Соли 1993 Вазорати маориф барои корҳои илмию тадқиқотӣ дар 5 сол аз Вазорати молияи Ҷопон 600 миллион доллар пурсидааст.

Вазорати молия бошад, 800 миллион доллар ҷудо карда талаб мекунад, ки барои корҳои тадқиқотӣ дар донишгоҳҳо грантҳо дар асоси озмун дода шавад. Илова ба грантҳое, ки корхонаҳо барои тадқиқотҳои махсус ҷудо мекунанд.

Ин маблағ илова ба маблағест, ки давлати Ҷопон аз буҷа барои Вазорати маориф ҷудо кардааст ва он низ 800 миллион доллар аст.

Бо вуҷуди ин мутахассисони ҷопон чунин меҳисобанд, ки ҳукумати Ҷопон агар маблағигузориро ба соҳаи маориф боз сад фоиз зиёд кунад, баъд дар ин бобат ба кишварҳои пешрафта баробар хоҳад шуд. Бисёрии ҷопонҳо маълумоти олиро дар кишвари худ не, балки дар Аврупо ва Амрико мегиранд. Аз ҳар чор нафар олиму муҳандиси Ҷопон се нафарааш маълумоти олиро дар Аврупо ва Амрико гирифтааст.

Вазорати маорифи Ҷопон барои донишмандони худ дар боби гирифтани грантҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ он қадар қоидаҳои бюрократӣ эҷод кардааст, ки на ҳар донишманди боистеъдод ба ин кор руҷўъ мекунад. Ба ин сабаб фирмаву ширкатҳои сершумоли ҷопонӣ дар аксар маврид барои корҳои тадқиқотӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ грант медиҳанд.

Ба фикри муҳаққиқони соҳа системаи мактаби олии Ҷопон аз талаботи замони муосир оқиб монда истодааст, гарчанде ҷопониҳо дар донишгоҳ аз субҳ то соати ёздаҳи шаб машғулият доранд.

Вазорати маорифи Ҷопон бошад барои модернизацияи университетҳо шароит фароҳам оварда истодааст. Яъне ба донишгоҳҳо иҷозат додааст, ки программаи таълимро бо солоҳдиди худ бисозанд.

Ин имкон дод, ки донишгоҳҳо ба ҳамдигар монанд набошанд, тибқи талаботи замони муосир барномаи таълимро тағйир диҳанд, ба таълими фанҳое бештар соат ҷудо кунанд, ки дар ҳаёт лозиманд. Студентҳо низ дар пурсишҳои социологӣ ибрози ақида кардаанд, ки аз омўхтани фанҳое, ки дар кор лозим намешаванд, даст кашидан зарур аст. Ин ҷо бамаврид аст, кайд кунам, ки дар баъзе донишгоҳҳои мо низ курсҳои омўзиши фанҳои ғайрикасбӣ он қадар зиёд шудаанд, ки соатҳои омўзиши фани касби асосиро то панҷоҳ дар сад ва аз он ҳам зиёдтар буридаанд.

Оиди афзалиятҳо ва нуқсонҳои маорифи Ҷопон соатҳо метавон ҳарф зад.

Дар Ҷопон маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ, ҷўрабозӣ яъне протексионизм нест. Яъне хатмкардаи мактаби олии камэътибор наметавонад ба воситаи тағо ё амак дар фирмаи баэътибор соҳиби ҷои кор гардад.

Мактабҳои олии боэътибор чанд донишгоҳи давлатии ангуштшуморанд.

Донишгоҳҳои камэътибор бошанд, хусусианд ва барои ба онҳо дохил шудан дар имтиҳонҳои қабул дониши баланд талаб намекунанд.

Яъне обрўю эътибори ҷопон ба он сахт вобастааст, ки ба дипломи кадом донишгоҳ соҳиб шудааст.

Ба ин сабаб ў аз кўдакӣ тамоми неруи худро барои бештар гирифтани дониш сарф мекунад. Барои ў дар азхудкунии дарс оқиб мондан даҳшат аст.

Аммо ҳоло мақсади камина ибрози чанд ҳарфе танҳо оиди як ишораи Э.Раҳмон буд. Ишораи бамаврид буд, ки рўшанфикрони тоҷикро ба фикр кардан водор намуда ҷасорат мебахшад, ки дар вохўриҳои оянда оиди ислоҳоти мактаб ҷасурона суханронӣ кунанд.

Дар мақолаи аз ин пеш навиштаам таъкид бар он буд, ки барои мо мактаби финландӣ (омўзиш – тамоми рўз, яъне рўзи пурраи таҳсил) бо педагогикаи Монтессори ё Френе мувофиқтар аст. Мегўянд, ки баъди шунидани ин пешниҳод ларза дар андоми баъзе мутасаддиёни маориф афтодааст. Оё рост бошад?

Комментариев нет: