четверг, 17 декабря 2009 г.

Аҳамияти актуалии ислоҳоти мактаб

Мақолаи ҳаштум

Баъди хондани мақолаҳои камина оиди зарурати ислоҳоти маориф баъзе даҳондаридаҳою забондарозҳои камандеш эҳтимол бигўянд: Дар вақти кризиси ҷаҳонӣ мо ба дарбеҳи иқтисодиёт машғул шавем ё ислоҳоти маориф? Магар ба ҳар ду маблағ метавон ёфт?

Ба чунин каммағзон гуфтан лозим, ки агар ашёи хому корхонаву таҷҳизоту неруи барқ бошаду коргару муҳандиси баландихтисос набошад, магар метавон барои ҷаҳони имрўза маҳсулоти ба рақобат тобовар баровард?

Чанде пеш дар як рўзнома хотираҳои як разведкачии русро хонда будам. Ў навишта буд, ки дар Ҷопон бисёр сол кор карда барои пешрафти техникаву иқтисодиёти ватанаш – Русия ҳуҷҷатҳои техникии корхонаҳои беҳтарини Ҷопонро дуздида додааст. Баъд шунидааст, ки чунин корхонаҳои беҳтаринро дар Русия аз рўи ҳуҷҷатҳои фиристодаи ў сохтаанд, аммо дастгоҳҳои он корхонаҳо он қадар донишу маҳорати баландро талаб мекардаанд, ки коргарони рус маҳсулот бароварда натавонистаанд.

Инқирози иқтисодии Тоҷикистон танҳо бо таъсири кризиси ҷаҳонӣ ба вуҷуд наомадааст, он таърихи тўлонитаре дорад, яъне доимо вуҷуд доштааст.

Дар Тоҷикистон барои пешрафт ҳама чиз ба ғайри дастгоҳҳои хуби замонавию кадрҳои хуб ҳастанд. Дастгоҳҳои замонавиро бо пул зуд метавон харид, аммо барои тайёр кардани кадрҳои хуб солҳо лозиманд. Ба ин сабаб ислоҳоти маорифро «имрўз имкони молиявӣ камтар аст» гўён ба фардо вогузоштан кори оқилона нест.

Ман дар мақолаҳо оиди ислоҳоти маориф оиди зарурати ислоҳот дар кўдакистонҳо ва аспирантураю докторантура чизе нагуфтам.

Дар ин зинаҳо низ аз рўи меъёрҳои амрикоиву аврупоӣ ислоҳот гузаронидан лозим, чун онҳо низ бозмондаҳои низоми кўҳнаанд. Дигар кардани барномаи таълим низ аз муаммоҳои рўз аст.

Чанд сол пеш вақте ки барномаҳои таълимро дар рўзномаҳо чоп карда буданд, дидем, ки онҳо аз барномаҳои замони шўравӣ фарқияте надоранд.

Яъне ҳанўз ҳам дар чорчўбаи талабҳои идеологияи шўравӣ фикр карда ба омўзиши масалан «Шоҳнома» на аз рўи аҳамияти бузургу ҳаҷми ин шоҳасар, балки аз рўи кадом дастуре соатҳои нокифоя муқаррар кардан давом дорад.

Дар як чунин барнома дида будам, ки ба омўзиши ҳаёту эҷодиёти Фирдавсӣ даҳ соати дарсӣ (ҳар соати дарсӣ 45 дақиқа аст), барои омўзиши зиндагинома ва осори Ҷомӣ сездаҳ соат ҷудо кардаанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки ҳар як ҷилди «Шоҳнома»-и нўҳҷилдаро дар 30-40 дақика хонда аз бар кард!

Ҳар як инқирози иқтисодии ҷаҳонӣ бо корбурди навтарин кашфиётҳои илмиву техники барҳам хўрдааст. Инқирози амрикоии депрессия дар асоси кашфиётҳои илми саноати беҳтарини автомобилсозиро ба вуҷуд оварда буд. Коршиносон пешгўи мекунанд, ки инқирози ҳозира низ авҷи нави тадбиқи илму фановариро дар истеҳсолот оғоз хоҳад бахшид. Яъне дар ҳама ҳолат коргару муҳандиси бо донишҳои замонави мусаллаҳ мақоми ҳалкунанда хоҳанд дошт.

Комментариев нет: