пятница, 11 декабря 2009 г.

Мактаби репетитории ҷопонӣ

Мақолаи ҳафтум

Ислоҳоти мактаб маблағи зиёде талаб мекунад, - гуфт як шиносам, - Магар беҳтар нест, ки ба ҷои он мактаби репетиторӣ кушоянд?

Ҳама хуб медонанд, ки мактаби миёна барои ба донишгоҳ дохил шудан дониши кофӣ намедиҳад ва бисёр касон барои фарзандонашон як-ду сол пеш аз хатми мактаб барои ҳар як фане, ки аз он имтиҳони қабул ҳаст, репетитор мегиранд.

Ман ҳам як фарзандамро ба репетиторҳо хононда будам. Репетиторӣ дар кишвари мо ғайрирасмист.

Бо репетиторӣ муаллим баъди машғулиятҳои худ дар мактаб, баъди ба хонаи худ омадан машғул мешавад. Ў бар ивази маблағе, албатта на кам мекўшад нуқсонҳои мактаби расмиро барҳам диҳад, дониши (дар мактаб гирифта натавонистаи) талабаро пурра кунад.

Талаба аз назди як репетитор баромада ба назди репетитори дигар метозад, ки он метавонад дар канори дигари шаҳр бошад. Репетитор чӣ хел меомўзонад, ба виҷдони худаш вобаста аст. Онро касе контрол карда наметавонад. Ба ғайри ин чунин репетиторҳо ба тарбияи маънавию ахлоқиву фарҳангӣ масъул нестанд.

Мактаби репетитории расмии ҷопонӣ ҳамин камбудиҳоро барҳам додааст. Яъне барои таҳсили иловагӣ шароити хуб муҳайё кардааст.

Дар мактаби репетитории ҷопонӣ, ки дзюко ном дорад, шогирдони мактаб баъди хотимаи дарсҳои мактаби миёна ва дар хонаи худ таом хўрдан мераванд.

Дар ҳар синфи репетитории дзюко на беш аз панҷ талаба таълим мегиранд. Таълим дар чунин мактабҳо пулакист ва барои ҳар талаба моҳе 20 ҳазор йен бояд дод. Дар се мактаби дзюкои Токио 200 ҳазор нафар мехонанд.

Фарқ байни репетитории ғайрирасмӣ ва дзюко он аст, ки дар охирӣ назорати расмӣ ба сифати кори муаллимон ҳаст ва ба тарбияи маънавию ахлоқӣ расман масъуланд.

Набудани ҳамкорӣ байни мактабу репетитор нуқсони бузурги ҳама гуна намудҳои репетиторӣ аст. Дар ин бобат мактаби финӣ бо афзалияти зиёде фарқ мекунад. Дар мактаби финӣ муаллимони машғулиятҳои баъди нисфирўзӣ ҳар рўз мунтазам муаммоҳои дар азхуд кардани дарсҳо ба вуҷуд омадаро зина ба зина ҳал карда пеш мераванд, ки дигар ба репетиторӣ ҳоҷат нест.

Дар мактаби репетиторӣ бошад, ҳама нуқсонҳои дар 11-12 сол ҷамъшударо дар як-ду сол бартараф карданӣ мешаванд, ки муаллими репетитор нобиға бошад ҳам на ҳамаи онҳоро метавонад ислоҳ кунад.

Комментариев нет: