Боре даҳ ё дувоздаҳ латифа навишта ба идораи «Хорпуштак»
супоридам. Худам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор мекардам ва чопи ин
латифаҳо дар саҳифаи «Мушфиқӣ»-и он бароям осон буд, аммо як навъ сўиистифода
аз мақом хоҳад буд. Дар «Хорпуштак» латифаро жанри аз ҳама душвор меҳисобиданд
ва ҳатман аз ғалбери Фазлиддин Муҳаммадиев мегузарониданд.
Чанд моҳ гузашту ягон латифаи камина дар ин нашрия чоп
нашуд. Сипас дар як вохўрии тасодуфӣ яке аз роҳбарони «Хорпуштак» гуфт, ки агар
худатон он латифаҳоро ба устод набаред, намешавад. Дар «Хорпуштак» боз
ҳаҷвияҳои дигареро доданд, ки устод Муҳаммадиев бояд ҳамчун узви ҳайати таҳрир хонда
баҳо диҳанд.