понедельник, 12 ноября 2012 г.

Фазлиддин Муҳаммадиев. Таассуроти нахустини камина



Фазлиддин Муҳаммадиевро бори нахуст соли  1966 дидам. Дар Курс-конфронси адибони ҷавон дар Душанбе. Як вохўрии носирони навқалам бо ин устоди насри бадеӣ дар доираи он Курс-конфронс вокеъ шуда буд.

Устод баъди он ки баъзе ҳикояҳои баъзе навқаламонро, ки дар онҳо нуқсони  ҷомеа инъикос меёфт, шуниданду ҳусну қубҳи онҳо ва роҳи ислоҳи камбудиҳоро нишон доданд, гуфтанд:



- Шумоён нуқсони ҷомеаро аниқтар дарк накардетон.
Чанд вақт пеш ба назди ман як нафар корманди як вазорат омад ва хабар дод, ки вазири ин вазорат бо ғорати пули давлат машғул аст. Яъне дар ҳуҷҷатҳо сохтмони объект ҳаст, аммо худи объект нест. Аммо фош кардан мушкил аст, чун ў бо прокурору суду дигар ҳамаи онҳое, ки ҷиноятро тафтиш мекунанд, ҳамтабақу ҳамкоса мебошад. Шиори ў: ҷўраат худо бошад, пайғамбарро ба як пули пучак нагир. Ман ин одамро хуб мешинохтам, ки ҳаргиз дурўғ намегуфт. Ман, ки дар «Хорпуштак» таҷрибаи тафтиши журналистии чунин корҳоро доштам, рўзи дигар ба ҳамон вазорат рафта талаб кардам, ки маро бо ҳуҷҷатҳои сохтмони  фалон корхона шинос кунанд. Вазир гуфт:
- Ин хел сохтмон нест.
- Ин тавр бошад, маро бо ҳуҷҷатҳои молиявии тамоми сохтмонҳои вазорат шинос кунед, гуфтам ман.
- Рўзи оянда биёед, барои ҳуҷҷатҳоро ёфтан вақт лозим, - гуфт вазир.
Вақте ки рўзи дигар омадам, ҳама ҳуҷҷатҳои талабкардаамро тайёр карда буданд. Ягон камбуди набуд. Баъд фаҳмидам, ки ҳисобчиён барои ба дигар сохтмонҳо тақсим кардани маблағи сохтмони дурўғин тамоми шаб хоб накарда кор кардаанд.
Ҳар боре, ки бо ин вазир рў ба рў меоям, табассум мекунад.
Ман медонам, ки вай пули давлатро медуздад ва ў медонад, ки сирри ўро фош карда наметавонам.
Бартарии нависанда бар журналист дар он аст, ки ба воситаи асари бадеӣ даруну беруни чунин ашхосро ба хонанда нишон дода тавонад.


Дар замони шўравӣ барои дар назди як гурўҳ шунавандагон маъракаи расмӣ чунин суханҳоро гуфтан ҷасорати бузурге лозим буд.

Комментариев нет: