пятница, 17 декабря 2021 г.

Оид ба парокандагии тоҷикон

 Мардуми порсизабон дар чанд кишвар ҷудо-ҷудо зиндагӣ мекунанд. Сохтҳои давлатдорӣ дигар, мазҳаб дигар. Назму насри классик аз афсонаҳои “Ҳазору як шаб” то “Абӯмуслимнома”, аз ашъори Рӯдакӣ то “Шоҳнома”-ву “Хамса”-ҳою ғазалиёти Ҳофиз он қадар адабиёти ғании ҳазорсола дорад, ки бояд ин миллати ҳамзабонро чун оҳанбетон ба ҳам мунсаҷим мекард. Ба ғайри ин мероси Шашмақомро намегӯед? Рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион, интернет... Ҳама имконияти дастёбӣ ба маънавият ҳастанд. Аммо ҳеҷ не, ки ин миллат барои иттиҳоди қавитаре кӯшиш кунад.

Домани кӯҳ гирифтему думи хари хеш... Шикваҳои пурфарёди Лоиқ ҳама аз парокандагии миллатанд.

среда, 8 декабря 2021 г.

Баъзе фитнагариҳо бар зидди Мӯъмин Қаноат

 Секаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон баъд аз даргузашти устод Турсунзода ба чунин қарор омада буд, ки ба пешбарии Фазлиддин Муҳаммадиев дар анҷумани интихоботи Иттифоқи нависандагон монеа эҷод кунад. Сипас ба Муҳаммад Осимӣ, ки муаллими устод Фазлиддин дар мактаби миёна буданду гапашон ба устод мегузашт, мефармоянд, ки шогирдашонро насиҳат кунад, ки аз ин  фикри раис шудан даст кашанд. Осимӣ ба воситаи Абдуқодир Маниёзов устод Фазлиддинроо ба хонааш хонда маслиҳат медиҳанд, ки нависандаҳо аксарият мехоҳанд ӯ раис шавад, аммо Сека талаб дорад, ки Муҳаммадиев “самоотвод” диҳанд.

 

суббота, 4 декабря 2021 г.

Мазҳабшои фариштахисол

 Бо Мазҳабшо Муҳаббатшоев баъди ба вазифаи ҷонишини сардабири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” таъин шуданаш шинос шуда будам. Аз ин пеш медонистам, ки журналисти бомаҳорат аст, аммо оиди хислатҳои неки инсониаш огоҳ набудам. Он вақт камина мудири шӯъбаи маданиятро бар ӯҳда доштам. Мақолаҳои ин шӯъба баъди имзои Мазҳабшо ба чопхона мерафт. Сардабир Аскар Ҳаким як миллиметр аз хати кашидаи шӯъбаи тарғиботи кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон берун намерафт. Ман медонистам, ки мақолаи баҳсбарангезе бошад, бо сардабир баҳс накарда беҳтар медонистам ба Мазҳабшо муроҷиат кунам. Мазҳабшо баъди хонда шудан “Яна бир гуноҳ қилдим” гуфта имзо мегузошт. Ду-се калимаи ӯзбекиро вақти дар Академияи ҳизби коммунист дар Маскав хонданаш аз ҳамсабақҳои ӯзбек омӯхта буд.