пятница, 5 декабря 2008 г.

Кулоҳи миллӣ чаро кам мешавад?

Каллапўшро ба забони тоҷикӣ асосан кулоҳ мегўянд. Як маънои асосии кулоҳ тоҷ аст.

Фирдавсӣ гуфтааст:
Чунин гуфт, к-оини тахту кулоҳ,
Каюмарс овард, к-ў буд шоҳ.

Дар байни мардум кулоҳро тоқӣ ё қалпоқ низ мегўянд. Дар Самарқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои Осиёи Марказӣ мардумони тоҷику ўзбек асосан каллапўши қаланфурнусхаи сиёҳи нақшҳояш сафедро мепўшанд.

Дар байни баъзе намозхонҳо каллапўши сафед расм гардида буд. Ба ривояте расули акрам кулоҳи сафед мепўшидаанд.

Мардуми моро дар хориҷ аз кишвар бо ҳамин кулоҳи чустии қаланфурнусхаашон мешиносанд. Ҳоло дар либосамон ҳамин як нишонаи миллӣ боқӣ мондааст. Ва ба қадри он бояд расид. Чаро қаланфурнусха?

Ин нақше, ки ба қаланфур монанд аст, дар асл боли фариштаи балогардонро ифода мекунад.

Агар филмҳои таърихиро дида бошед, дар тоҷи шоҳони бостонии Эрону Осиёи Марказӣ нақше аз болҳо ҳастанд. Яъне ба каллапўш кашидани расми боли фариштаи балогардон таърихи хеле қадима дошта аз решаҳои бостонии ин нақш гувоҳи медиҳад.

Имрўзҳо дар кўчаҳои Самарқанд мардҳое, ки дар сар кулоҳи чоргўшаи рангҳояш тира доранд, бисёр ба чашм мерасанд. Чунин кулоҳро замонҳои пеш ба ғайри як-ду тотори қазонӣ касе намепўшид. Аммо ба хотири он ки ин гуна кулоҳ ҳам арзон асту ҳам чиркбардор бисёр намозхонҳо ба он таваҷҷўҳ пайдо кардаанд.

Ягон имомхатибро лозим аст, ки дар вақти амр бар маъруф ва наҳй аз мункар бигўяд: Гумон мекунед, ки чирки кулоҳи тираранги шуморо худо намебинад? Магар намедонед, ки паёмбар кулоҳи сафед ба сар мекард?

Дар замони шўравӣ сари луч гаштан ва дар маҷлисҳо сарлуч нишастан расм гардида буд.

Танҳо шоири самарқандӣ Салим Кенҷа дар ягон маҷлиси расмӣ кулоҳи чустии худро (чустиҳо низ суғданд) намегирифт. Вақте ки роҳбарони коммунист ба ў фишор оварданд, ки аз омўзгорӣ дар донишкадаи омўзгорӣ маҳрум хоҳанд кард, боз ҳам тоқиро аз сар нагирифт ва гуфт:

- Ин ягона нишони миллии ман аст. Ман агар аз баҳри ҳамин низ гузарам, пас тоҷик нестам.

Ў дар ин бора шеъру ҳикоя низ навиштааст.

Ман ҳам як кулоҳи болифариштагӣ (чустӣ) дорам. Аммо бо назардошти саломатиам ва вазъи обу ҳаво гоҳ-гоҳ мепўшам, дар ҳама маъракаҳои серодам ба сар мениҳам, то ки фариштаи балогардон доим болои сарам бошад, маро аз чашми бад ва дигар балоҳои ногаҳонӣ муҳофизат кунад.

Вақте ки онро ба сар мениҳам, гўё ки ба дилам рўшание ворид мешавад, нур ва ҷилои аҳуроӣ.

Ба ғайри кулоҳи чоргўшаи болифариштагӣ тоҷикон кулоҳҳои хушобуранги дигар низ доранд, ки расми пўшидани онҳо дар Тоҷикистон аз байн нарафтааст ва дар онҳо низ нақшҳои бостонӣ ҳастанд. Аммо ба сабаби мавҷудияти нақшҳои сурхаш дар маъракаҳои таъзия пўшидани онҳо мувофиқ нест. Кулоҳи чустии болифариштагӣ бошад, бо матои сиёҳи гулҳояш сафед ба ҳама гуна маъракаҳо чӣ азодориву чӣ базмҳои хурсандӣ мувофиқ аст.

4 комментария:

Ramin комментирует...

Дуруду саломи бекарон хидмати оқои Истад. Аз ин навишторатон бисёр сипосгузорам. Маънои нақшҳои кулоҳҳои эрониёни Фарорудро бисёрӣ намедонанд ва хондани он барои ҳама баҳраи зиёде медиҳад.

Хеле мамнун.

david santos комментирует...

Thanks for your posting and have a nice week!

Анонимный комментирует...

Дуруд ба устоди арчманд. Навиштаи тозаи Шуморо замоне хондам, ки аз бурида шудани сари як точики 20-сола дар Маскав сахт андухгин будам. Чунин тахкиру тавхин гайри кобили шикебоист.

Беихтиёр ин дуро ба хам мепайвастам ва дар дил мегуфтам, агар сар амон бошад, кулох ёфт мешавад.

Aryaram комментирует...

Устоди арҷманд Адаш Истад
Бо салом ва эҳтиром аз Шумо хоҳишмандам балки илтимос мекунам дар бораи нишону парчами Тоҷикистон он матлаберо бароямон нависед ки дар номи торнигоратон нуҳуфтаед.
Ман солҳост ки дар бораи ному нишону парчами кишварамон ҷусторе дорам аммо ба ҷуз навиштае аз ду донишманди рус - В.Сапрыков дар http://geraldika.ru/symbols/2468 (ба нақл аз «Наука и жизнь», № 10/93:49-51) ва М.В. Ревнивцев дар http://www.vexillographia.ru/tadjik/index.html - дастрасам нашудааст. Ин ду пажўҳанда низ матолибе навиштаанд ки ба назар росту дуруст наменамоянд.
Маро он нишони шердор бисёр хуш буд ва парчами Тоҷикистонро аз зеботарин ва пурмоятарин дирафшҳои ҷаҳон мешуморам. Аммо оё рост аст ки нишону парчами Тоҷикистонро аз намодҳои Эрон рўбардор кардаанд ва оё дуруст аст ки намодҳои кишвардории Тоҷикистон, ба вижа “тоҷи ҳафтахтар” дар нишонамон, дарунмояи зардуштӣ доранд? Дуруст аст ки ин дарунмояро низ бояд дошта бошад аммо назари Шумо ки аз созандагони ин нишон будаед барои ман бисёр муҳим аст.
Нишони имрўзии Тоҷикистон омехтае аз нишони замони шўравӣ ва “нишони шердор” аст аммо муҳимтарин унсури нишон ё герб - сипарро надорад, дар сурате ки бар асоси муқаррароти байналмиллалии нишонсозӣ, ҳама намодҳо бояд ба рўи сипар нигошта шаванд. Пешинаи ин расм ба жарфои таърих мерасад, аз ҷумла паҳлавонони бостонии мо ҳаркадоме барои худ нишоне доштаанд. Ин гуфтаро метавон аз “Достони Рустам ва Суҳроб” дар “Шоҳнома” ба хубӣ дарёфт.
Бо сипос ва арҷгузорӣ,
Ариёром, дўстдори ғоибонаи Шумо.