четверг, 18 декабря 2008 г.

Посух ба суоли Aryaram

Камина мутахасиси ин бахш нестам. Аммо дар замони муҳокимаи лоиҳаҳои гербу дирафши Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маколаҳои асосан дигаронро оиди ин масъала чоп мекардам, ки дар он Олимпур низ ширкат карда буд. Ман узви комиссиюни гербу дирафш набудам, дар комиссиюни гимни давлати ширкат доштам. Рўзе гушрасам шуд, ки қисме аз аъзои комиссиюни гербу дирафш дохил кардани сурати шерро намехостаанд. Сарвари ин комиссиюн раиси итт. расомон Сўхроб Қурбонов буд ва ман наздаш рафта соате оиди аҳамияти рамзҳои бостонӣ суҳбат кардам. Ў гуфт, ки узви комиссиюн ин суханҳои маро бояд шунаванд. Сипас бо даъвати ў дар як ҷаласаи он иштирок карда фикрҳоямро баён кардам. Таъкид намудам, ки дар байни лоиҳоҳои пешниҳод гардида офтобу шер намодҳои асосианд, ки аз фарҳанг ва давлатдории бисёрҳазорсолаи тоҷикон гувоҳи медиҳанд ва бидуни инҳо герби Тоҷикистонро тасааввур натавон кард. Баъзе аз аъзоёни ин комиссиюн эътироз карданд, ки чӣ ҳақ дорӣ дар пеши мо сухан куни, ту узви ин комиссиюн нести. Сўхроб гуфт: - Адаш Истадро ман даъват намудам, зеро дар чунин фикрам, ки сухани ўро шунидани мо аз фоида холӣ нест.

Ҳамин тавр сурати шер ворид шуд, аммо пас чӣ воқеа рух дод, дар ин бора дар архиви блоги ман моҳи февралро боз кунед, хоҳед фахмид. Як зане, ки зоҳиран ба ҷевон ё сандуқи оҳани монанд буд, агар хато накунам Валентина Ивановна ном дошт, дар ҷаласаи порлумон ҳамаи вакилони халқ ва халқи Тоҷикистонро «шер не, балки мокрая курица» гуфт ва берун андохтани шерро аз герб ба овоз монд ва ин воқеаи нангинро аз тариқи телевизион тамоми Тоҷикистон дид. Аз адибон Мўъмин Қаноат равшану возеҳ оиди рамзхои миллӣ назди вакилони мардуми суханрони карда буд. Бо як сухани ин зани аблаҳ аз сари депутатҳои калўшӣ ҳама суханҳои як сол пеш дар ҷаласаи порлумон гуфтаи Мўъмин Қаноат парида рафт.

Байни шери герби Тоҷикистон ва шери ливои собиқи Эрон фарқ хаст. Ин шер дар даст шамшер надорад. Онро наметавон иқтибос аз герби Эрони шоҳаншоҳӣ номид. Клавихо дар «Рўзномаи сафари Самарқанд» соли 1403 навиштааст, ки акси чунин шерҳоро болои дари қасри Темур дидааст ва ин герби ҳокими собиқи Самарқанд будааст.

Китоби Л.И.Ремпель «Цепь времен»-ро, ки соли 1987 дар Тошканд чоп шудааст пайдо кунед ва хонед. Ин китоб оиди рамзҳои бостонии Осиёи Марказӣ баҳс мекунад.

Оиди таърихи сеҳазорсолаи рамзи тасвири шер дар пеши хуршед яке аз муҷриҳои PARS TV (Hotbird, 11785Mhz, 27500KS/c,) китобе чоп кардааст, ки агар аз ў пурсон шавед ба шумо ба ивази маблағе хоҳад фиристод.

Комментариев нет: