суббота, 20 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 3

Гӯратба даромада қатет хоб намерӯд. Ба шахсе гӯянд, ки барои аъзои хонавода аз ҳад зиёд ҷон коҳонда тансиҳатии худро фаромӯш кардааст.

Эзораша ба сар салла кард. Дар бобати занҳои бадзабони дашномҳои қабеҳ диҳанда гӯянд.

Дар кунат атола мепазад. Оид ба одами аз  ҳад зиёд маккор мегӯянд.

Ҷӯрабозӣ кафтарбозӣ не. Кафтар яъне кабӯтар баъзан парвоз кунад, барнамегардад. Дар ин маъно мегӯянд.


Чашми гушнаи дунёдорро (танҳо) хоки лаҳат сер мекунад.

Сарфаи сари оташдон – савдогари Ҳиндустон. Яъне барои сарватманд будан сарфакорӣ кифоя аст.

Ё дар шаҳри азим бош ё дар кӯҳи баланд. Мақоли ба ҳама мардуми тоҷик машҳур.

Аз рӯ мезанад шона, аз таг мезанад фона. Мақоли машҳур.

Беадабро ҳар куҷо ёбӣ бикӯб, хирс мулло мешавад аз зарби чӯб.

Хори ватанам аз лолаю райҳон хуштар,
Хоки ватанам аз тахти Сулаймон хуштар.

Мурғ, ки фарбеҳ шуд, аз зоидан мемонад. Дар бораи чашмтангии бойҳои нав мегӯянд.

Дар нӯги сӯзан ҷамъ карда бо панҷшоха бод дод. Дар бораи соҳибони тӯйҳои калон мегӯянд.

Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб,
Беҳтар зи ҳазор Каъба аст як дил.

Хари Исо ба Макка рафта биёд, боз ҳамон хари қадима.

Аз кулӯх алав (шарора) мепарад, аз ӯ не. Дар  бораи одами беҳавсала гуфтаанд.

Ҳунар ҳунар аст, беҳунар – думи хар.

Одамият на ба молу на ба нутқу на ба ҷон,
Тутӣ ҳам нутқу хасис молу хар ҳам ҷон дорад.

Роҳи дида бирав гарчанд дур аст,
Зана надида магир гарчанд ҳур аст

Пула пул меёбад, бепул дарди сари.

Шохи баланд зуд табар мехӯрад. Дар вақти манманӣ кардани касе гӯянд. Боғбон шохи баланди дарахтро ҳатман мебурад, зеро ки меваҳояшро чидан мушкил, агар начинад, паррандаҳо мехӯранд.

Ба ин маъно аст, зарбулмасали зерин:
Дастам намерасад ба домани орзу,
Зоғон хӯранд меваи шохи баландро.

Савлаташро фил бардорад миёнаш бишканад,
Ҳимматашро пашша бардорад ба Ҳиндустон барад.
Дар бораи навсарватмандони хасис мегӯянд.

Хонет-ба меҳмон биёд, пишаката пишт нагӯй. Ба маънои он ки дар назди меҳмон ба аҳли хонавода, ҳатто бо гурбаву саг муомилаи дурушт норавост.

Аз буз мол намешавад, аз шафтолу  боғ. Зеро буз гӯшту равғани зиёд намедиҳад ва умри дарахти шафтолу 3-4 сол аст.

Дунё ба дасти нокасон бозӣ шуд,
Гӯсола раису модагов қозӣ шуд.
Зарбулмасали хеле кӯхна.

Боҷа боҷая дӯст медорад, гов кунҷолая.

Май бинӯш масҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан. Сокинони бутхона бошу мардумозорӣ накун. Ин ҷо масҳаф ба маънои саҳифаҳои китобҳои динист.

Хурӯси бемаҳал ҷеғзадаро сар мезананд. Ба маънои ҳар кор вақту соати худро дорад.

Қаҳрат биёд бинета газ. Яъне дар вақти ҳаяҷону ғазаб, оташин шудан набояд амал кунӣ. Агар ором нишаста натавонӣ, биниатро гар.

Нон дар нондон, калидаш дар осмон. Оиди муаммои сарбаста мегӯянд.

Одама қадаша мебинеду дилаша намебинед. Ба маънои он ки дилашро дидан имкон надорад.

Ишкам (шикам) ҷизу биз салла қашқарак. Ҷизу биз – гӯштбирёне, ки дар равғани тафсон мепазанд. Оиди шикампарастоне мегӯянд, ки даромади дуруст надоранд.

Деволба занӣ, қаламая гирифта мехезад. Хонаҳои самарқандӣ аз қадим чӯбкории яксинҷаю дусинҷа буда ба заминларза тобовар ва дусинҷа ба мисли термос мебошанд. Қалама чӯбҳои рости асосии даруни девор буда, агар он биафтад, хона низ меғалтад. Ин  ҷо ба он маъно мегӯянд, ки фиребгар хеле доно буда аз об хушк меброяд. Яъне дар ҳолати шатта хӯрдан низ чизеро рабуда метавонад.

Нони гандум ҳар рӯз,
Гӯшти чорво гоҳ-гоҳ,
Гӯшти моҳӣ моҳ-моҳ.
Яъне тарзи ғизохӯрии самарқандиён тавре будааст, ки гӯштро ҳафтае як бор мехӯрдаанд ва моҳӣ, ки кам буд, моҳе як бор.

Ба умеди палави ҳамсоя турб натарош. Дар Самарқанд палавро бо турб мехӯранд. Ин ҷо ин мақол ба маънои «танҳо ба худат такя кун» меояд.

Кулли муғамбир фандхӯр. Маккор оқибат ба худ зарар меорад.

Гар набинӣ куркури каррокро,
Ахмақе бошӣ кушоӣ токро.
Дар Самарқанд токҳои заминиро ддар зимистон гӯр мекунанд, то ки сармо назанад. Дар баҳор пайдо шудани парандае бо номи куркури каррок нишонаи он аст, ки сармои сахти ба навдаҳои ток зараровар нахоҳад шуд.

Айёми Наврӯз барфакои ҳар рӯз. Иқлими Самарқанд континенталӣ буда баъзан дар Наврӯз низ барф меборад.

Чашм набошад, пешона чиро мебинад?


Комментариев нет: