четверг, 25 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 5

Одам бо одам зинда аст.

Аз замини ҷар замин нахар. Дар иқлими Самарқанд дар пастхамиҳо токро сармо мезанад. Яъне ба маънои «аз ҷуқурӣ замин нахар» аст.

Хона нахар, ҳамсоя хар.

Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар.

Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар. Яъне аз ҳосили боғат ба ҳамсоя низ бидеҳ.

Ангур аз ангур ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд.


Ҳамсойет тинҷ бошад, ту ҳам тинҷ.

Дарата қулф куну ҳамсойета дузд нагир.

Зӯри беҳуда миёна мешиканад. Яъне дар доираи имкон кор кун.

Чил – камоли мардӣ, шаст – ин шикаст, ҳафтод – ин афтод. Зарбулмасали қадима буда ҳоло кам истифода мекунанд. Зеро пирӣ дар 75-солагӣ сар мешавад.

Бошад кунаму набошад чико(р) кунам. Ба маънои «кӯрпетба нигоҳ карда пой дароз кун».

Мурға хӯрӣ як рӯз,
Тухма хӯрӣ ҳар рӯз.

Амакам – бенамакам,
Дута нони гармакам.
Ба хонаи хешон ду нони гарм мебаранд.

Меҳмони якрӯза – азиз, меҳмони дурӯза – ғализ, меҳмони серӯза – бетамиз. Ин ҷо бетамиз ба маънои беандеша аст.

Дер ояду шер ояд.

Иззати меҳмон – се рӯз.

Мушта ба дирафш (бигиз) назан. Ба маънои «Куната бо шохи гов ҷанг наандоз».

Дегба бошад, кафлезба мебурод. Ба маънои дар дарун ягон чиз дошта бошад, рӯзе маълум мешавад.

Шунидагета нанг накун,
Аз пода пеш чанг накун.
Яъне ба ҳар хел овоза бовар накун.

Келиншаванда чӣ гуна модарарӯс намуна. Модара чӣ хел бошад, духтараш ҳам ҳамин хел.

Ҷалабро зан куну духтари зани ҷалабро не. Ба он маъное, ки фоҳишагӣ ирсист. Агар модари духтар ҷалаб набошад, ислоҳ мешавад.

Дер ояду дуруст ояд.

Урус – кораш дуруст. Дар Самарқанд на танҳо русхо балки ҳамаи аврупоиҳои русзабонро урус мегӯянд.

Хоҳӣ нашавӣ  расво ҳамранги ҷамоат бош. Яъне худро аз дигарон боло намон.

Шаҳри якчашма равӣ якчашма шав. Яъне замонасозӣ кун. Самарқандӣ ба Амрико ё ягон кишвари дигар биравад зуд мувофиқ мешавад. Мафкураи  ӯро ҳамин гуна зарбулмасалҳо ташкил мекунанд, ки ҷӯгия хараша об тею пулаша гир аз он ҷумла аст.

Дами тавара  пахта (кунба) мегирад. Яъне дар ҳолати ба сарат табар омадан низ бо мулоиматӣ муқобилат кун.

Аз беамақӣ сага амак,
Аз бенамакӣ санга намак.

Дар дили марди доно – меҳри ҳунар,
Дар дили марди нодон – саргини хар.

Ҳунар беҳтар  аст аз кони зар.

Тозагӣ – гарави саломатӣ.

Одам бо либосу хона бо палос.

Сад корд занӣ як чакра хунаш намебурод. Дар бораи одами аз ҳад зиёд хасис ва ё номард.

Хар ҷонвари бетамиз аст,
Чун бор ҳамебарад азиз аст.

Кунатба истеза кунӣ эзорат медарад.

Сар равад ҳам сир наравад.

Гапи хонаро ба кӯча набароранд.

Обмӯрӣ аз боғ калон.
Касе дарвозахонаи калон созад, ба ӯ гӯянд.

Дил – дили Зайнаб

Ҳут агар ҳуттӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад! Яъне ба гармиҳои моҳи Ҳут (21 феврал – 21 март) бовар макун, сармоҳои сахти он боиси марги пирон шуда метавонад.

Оқибати шаробхӯрӣ мекунад харобкорӣ.

Пирию сад иллат.

Ғами зимистонро тобистон хӯр.

Як рӯзи баҳор пур кунад анбор.

Аз беруни бало будана даруни бало будан беҳтар.

Пирию хартозӣ. Агар мӯйсафеде хилофи синни пиронсолии худ коре кунад, чунин мегӯянд.

Пешонетба бошад, ҳамуна мибинӣ. Яъне ба фикри омиёна тақдирномаи ҳар кас дар ҷабинаш бо хати бо чашм ноаён навишта шудааст.

Толеъ агар мадад кунад, хока гири зар гардад. Ин ҳам боз ҳамон фикри омиёнаи тақдиру толеъ.

Ноза ба нозбардор мекунанд.




Комментариев нет: