вторник, 30 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 7

Ҳар рӯз ид нест, ки чалпак хӯрӣ. Дар Самарқанд чалпак – хамири туники дар равған бирёндаро одатан дар арафаи ид пухта ба ҳамсояҳо медиҳанд. Ин мақолро ба он маъно мегӯянд, ки аз рӯзи оддӣ бештар маталаб, яъне баднафс набош.

Худашба тӯппа (лахчак) бурида наметавонаду ба дигарон угро даста мезанад.

Кӯри худу бинои дигарон. Яъне камбудии худро набинаду айбҳои дигаронро овоза карда мегардад.

Аввал таҳорати дарун, баъд таҳорати берун. Яъне покии дарун (дил) дар ҷои аввал аст.

Давидани гӯсола то каҳдон. Яъне одами камақл танҳо хӯрданро фикр мекунад.

Дод гӯм мезанан, дод нагӯм деви мачитро мебаранд (дуздон).


Гаҳворааш аз осмон наафтидааст. Яъне бачаро эрка накун.

Барои бачаҳот сарат кати қудуқ (чоҳ) кобӣ ҳам кам ҳисоб мекунанд. Аз рӯи таомули миллӣ писарро хонондан ё ҳунар омӯзондан ва зан додан қарзи падарист. Аз ин зиёд талаб кардан беинсофӣ ҳисоб мешавад.

Забон донӣ – ҷаҳон донӣ.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.

Ҳар чизе, ки бо шир даромад, бо ҷон барояд. Забони модарӣ бо шир медарояд бо аллагӯйӣ.

Бар гӯши хар танбӯр навохт. Яъне кори беҳуда кард.

Дидадаро шав, ба дида ҷо шав. Яъне бодигарон хушмуомила бош.

Меҳр дар чашм.

Сухан санҷида гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,
За ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.

Фарзанд донак – набера мағзи донак. Яъне ширин.

Бародари ман бошӣ, баробари ман бош. Яъне агар ман барои ту ягон кореро анҷом диҳам, ту ҳам бояд барои ман кунӣ.

Қарсак аз ду даст.

Ҷони нодон дар азоб.

Дидӣ, ки нашуд, мон, ки равад.

Осиёб бо навбат. Дар замони пеш, ки гандумро дар осиёбҳои болои ҷӯйҳои калон сохташуда орд мекарданд, навбат ба вуҷуд меомад ва касе ҳақ надошт, ки пеш гузарад.
Ба ин сабаб ба  касе, ки ба навбат риоя накарда пеш гузаштанӣ мешавад, мегӯянд ин мақолро. Яъне ту одаму дигарҳо одам не-мӣ?

Нахӯди  пеши қошуқ нашав.

Ба ҳар як ош қатиқ (чакка) нашав.

Аёз, ҳадди худро шинос.

Ками мову карами шумо.

Бо ресмон орд меорад. Яъне кори намешудагиро мекунад, чун ордро танҳо бо халта овардан мумкин.

Агар донӣ сабаби косалесӣ,
Ба ҷуз коса чизи дигар налесӣ.
Ба маънои таомро тоза хӯрдан, ки таомул аст.

Муш ба хонааш намеғунҷад, аммо ба думаш элак мебандад.

Элак баҳона дидор ғанимат.

Духтари шитоб карда шӯи нагз намеёбад.

Шер дар хомиаш медамад. Одами хом зуд оташин шавад, чунин чунин мегӯянд.

Сояи санг беҳтару зани ланг. Ба он маъно, ки зани ланг ба ҷое рафта натавониста ҳама кори хонаро бе каму кост иҷро мекунад.

Пурсида-пурсида Маккаро ёфтен. Ба маънои Ҷӯянда - ёбанда.

Айбро кӣ ҷӯяд, маиб. Маиб ба маънои маъюб, яъне касе, ки худ айб дораду айби дигаронро мекобад.

Мазза аз қайла гурехт. Ба маънои бемаззагиро аз ҳад гузаронд.

Ба кунат истеза кунӣ эзорат медарад.

Нафси бад - балои ҷон,
Нимта нон - роҳати ҷон.

Ба мисли теша мабош доим ба сӯи худ, ба мисли арра бош як ба сӯи худу як ба сӯи дигарон. Қоидаи ҳунармандони Самарқанд.

Фарбегиро гӯсфанд мебардорад.

Фарбегиро худо ба гӯсфанд фармудагӣ, ба одам не.

Гиребонатро бӯй куну баъд гап зан. Яъне аввал худро шиносу баъд гап зан.

Шиками сер чӣ парвои шиками гушна дорад.

Ҷавоби ахмақ – сукут. Агар ахмақ ҷанҷол кунад, набояд доно ба ӯ баробар шавад. Сукут кардан беҳтар аст, чун бо сухани ту оташи ғазабаш паст нахоҳад шуд, зеро ки ахмақ ахмақ аст.

Интизорӣ – бадтар аз марг. Яъне пеш аз ҳама падару модарро набояд интизор кард.

Ҳаракату баракат.

Узри ахмақ- бадтар аз гуноҳ.

Хунро бохун шустан маҳол. Яъне қасосгирӣ накун.

Шуши нақд аз дунбаи нася беҳ.

Пот шиносад кафшота.

Гӯшти хару дандони саг. Вакте ки ду нобакор меҷанганд, чунин мегӯянд.

Сари хару меъдаи саг.

То кӯдак нагиряд, очеш шир наметияд. Ба маънои он ки то талаб накунӣ, чизе намедиҳанд.

Соле, ки накӯст аз баҳораш маълум.

Ба доно ишора, ба нодон калтак.

Ба аспи нагз як қамчин,
Ба аспи бад сад қамчин.

Моҳӣ аз сараш бӯй мекунад.

Об аз бололой.

Оби дарё бо даҳони саг ҳаром намешавад. Яъне ак-аки сагонаш ба касе ба ҷониби дарёдили пок беҳуда аст.

Аз дӯсти нодон душмани доно беҳ.

Ба осмон туф кунӣ ба рӯи худат меафтад.

Чӯҷаҳоро дар тирамоҳ мешуморанд.

Аз барои як кайк гилемро намесӯзанд.

Гӯшта аз нохун ҷудо карда намешад. Барои насиҳат ба додару хоҳарони  ногап мегӯянд.

Лаззати ангур бева донад, на соҳиби ангур.

Ӯсма ба абрӯи каҷ. Оиди номувофиқатӣ.

То реша дар об ҳаст, умеди самар ҳаст.

Тамаъкорӣ ва адл обу оташанд. Яъне дар ҷое, ки ришвахӯрӣ ҳаст, адолат нест.

Аз бекорӣ кадукорӣ. Яъне агар бекор мондӣ каду бикор.

Аз бекор ҳама безор.

Агар ки бекор мондӣ,
Камон гиру шикор кун.

Агар ки бекор мондӣ бо шасту тӯр моҳӣ дор.

Одами нагза - дилаш сафед лафзаш ҳалол, одами гандая лафзаш ҳам ҳарому худаш ҳам ҳаром.

Мӯйи сар дар осиёб сафед накардем. Ба ҷанги орди осиёб мӯйҳои сиёҳи осиёбон сафед мешаванд. Яъне гӯяндаи ин мақол таъкид карданист, ки азоби зиёди зиндагиро паси сар карда мӯй сафед кардааст.

Ба ғамхорагӣ ҷуз сарангушти ман,
Нахорад касе дар ҷаҳон пушти ман.
Ин байт аз Саъдӣ буда зарбулмасали халқӣ гардидааст. Яъне дар зиндагӣ ғамхори беҳтарини ҳар як кас пеш аз ҳама худи ӯст.

Говону харони борбардор,
Беҳ зи мансабдори мардумозор.
Варианти дигараш.
Говону харони борбардор,

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Комментариев нет: