четверг, 25 января 2018 г.

Ифодраҳои обдори самарқандиён – 4

Садақа – радди бало.

Кайф кайфи безанӣ, фатир пазӣ танҳо занӣ (хӯрӣ). Ба ҷои «танҳо занӣ» баъзан «дулунҷа занӣ» мегӯянд. Барои шӯхӣ мегӯянд, зеро медонанд, ки безанӣ кайф он тараф истад, бештар азоб аст.

Ошат ҳалол бошад, дар миёни кӯча хӯр. Ба маънои он ки ошатро русти нахӯр, бо дигарон бо ҳам бин.

Гапфурӯш лаб-лаби бом,
Фисфисак кора тамом.
Визвизак лаб-лаби бом низ мегӯянд.


Ҷанга (худо) ба саг фармудагӣ. Яъне одамони боақл бо ҳам ҷанг намекунанд

Инсоф –дин соф.

Навбат, ки ба мо расид, балеро боло навист.

Ишками сер – қуввати кор.

Мори бад заҳр танҳо ба ҷон занад,
Ёри бад ба ҷону ба имон занад.

Хара аз хоктӯда меёбию занро аз мурдахона. Ишора ба он ки занҳо ба азодорӣ зиёдтар эътибор медиҳанд нисбат ба мардон.

Аз дар занӣ аз тиреза медарод. Оид ба каси шилқин мегӯянд.

Бихӯрӣ – катта, нахӯрӣ – латта.

Дили монда – ҷони баромада.

Дили мӯъмин – арши худо.

Ба хонаи дӯст бисёр равӣ, хор мешавӣ.

Мачит ҷои бод (бодшиканӣ) нест.

Сага мурданаш биёд ба меҳроби мачид мемезад, буза мурданаш биёд, нони чӯпона мехӯрад.

Дузди зӯр соҳиби чорворо бастааст.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд,
Ҳеҷ мавлоно нашуд Муллои Рум
То муриди Шамсӣ Табрезӣ нашуд.
Муллои Рум, яъне Мавлоно Ҷалолиддини Румист.

Гӯшти хару дандони саг. Вақте ки ду нобакор дастбагиребон шаванд, чунин мегӯянд.

Мурғи ҷуҳут. Азбаски яҳудиёни Самарқанд мурғу моҳиро зиёд мехӯранд, ин ибора пайдо шудааст. Дар бораи одами буздил мегӯянд. Мурғи яҳудӣ доим метарсад, ки соҳибаш ҳар лаҳза метавонад ӯро кушта хӯрад.

Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,
Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.
Байти машҳур. Дар Самарқанд баъзан барои ифодаи аз макру фиреб дур будани бухорогиён мегӯянд.

Аспи қашқа. Масалан мегӯянд: Фалонӣ бо ростгӯӣ аспи  қашқа шуданд. Ба ҷои аспи қашқа зоғи ало низ мегӯянд.

Ҳар ҷоя накун орзу, як сангу як тарозу (яъне дар ҳама ҷо хурӯс як хел ҷеғ мезанад). Дар бобати ба шаҳрҳои дур раванда мегӯянд.

Ё чанги мактаб хӯр, ё гарди меҳмонхона. Азбаски дар меҳмонхонаҳо (сипас чойхонаҳои гузарҳо) ҳофизхонӣ, маснавихонӣ, шоҳномахонӣ, қиссахонӣ буду ҷавонон аз сӯҳбати пандомӯзи мӯйсафедон бисёр баҳраманд мешуданд, чунин мегуфтанд.

Мусулмонӣ аста секин. Яъне мусулмон набояд шитоб кунад. Шитобкорӣ сабабгорӣ пухта наандешида амал кардан хоҳад шуд.

Шӯ – сутуни хона, зан – чароғи хона.

Ба танбал кор фармою панд шунав.

Дар шамол сухан нагӯй, ки беҳуда меравад.

Дар сарат шамшер биёд ҳам росташа гӯй.

Тани гарм бедард не.

Ҳусн аз даҳон медарояд. Агар духтар камхӯрок бошад, ба ӯ чунин мегӯянд.

Аз як палак чанд хел харбуза мерӯяд.

Сӯҳбати ноқобилон қабзи табиат мекунад.

Гӯшти ҳаррӯза, нони дурӯза, оби серӯза. Шиори самарқандиён оид ба хӯрок.

Зан пинҳону зар пинҳон. Яъне оиди зани худ пеши дигарон чизе набояд гуфт.

 Аз ҳокими беадолат шарофат маталаб,
Аз замини бемеҳнат зироат маталаб.

Мазза аз қайла гурехт. Яъне кор расво шуд.

Эҳтиёт – ними ҳаёт.

Кори девонаҳо – таваккалӣ. Яъне мешавад ё не фикр накарда кардан мегиранд.

Чумчука худаш чи ки гӯшташ бошад.

Дар қамишзор (найистон) алав афтод, тару хушк баробар месӯзад.

Моли бисёр – душмани ҷон.

Пашша ҷойи ширадора мекобад.

Гар ба қадри меҳнати худ бирасӣ,
Он гаҳ воқиф ту аз қадри касе.

Ҳар касе, ки саҳар хезад гуноҳаш резад.

Ҳар ки кунад бо падараш, ҳатман бинад аз писараш.

Барака ғайри ҳосил. Дар ин маврид мегуянд: Худо гӯй, ки баракаро диҳад.

Боз онҳо зану шӯ, мо шудем кали мурдашӯ. Яъне ба ҷанҷоли зану шӯ дахолат накун. Дар ин бобат мақоли машҳуре ҳаст: Ба  ҷанги зану шӯ остонаи дар хандидааст.

Агар дил кунӣ, олама гул кунӣ.

Ҳар кӣ дар банди иморат мешавад,
Ҳар чӣ дорад ҷумла ғорат мешавад.
Ин ҷо иморатҳои дабдабанокро дар назар доранд.

Биҳишта дидан ҳасту хӯрдан нест.

Хари пир бор бардошта натавонад ҳам роҳ нишон медиҳад.

Аз барои як нахӯд ҳавзи оба хӯрд.

Духтар – ҷорӯби хона. (яъне вақти шавҳаркунӣ бисёр чизҳоро бо худ мебарад).

Оби дари хона – хира.

Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,
Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем.

Дар мобайн бинӣ набошад, як чашм чашми дигарро мехӯрад. Оид ба зиддияти як хонавода мегӯянд.

Камбағала аз болои шутур саг газидааст.

Мурдӣ – рӯта бурдӣ.

Овози гови бешир баланд.

Ҳасоб ҷав-ҷав,
Бахшиш лаг-лаг.


Умрата фурӯшу ҷӯшоӣ хар,
Рӯзата фурӯшу  рӯшноӣ хар.

Бо гапи нағз мор аз хонааш баромадааст.

Орухонаро накоб. (яъне мағалбарангез корҳоро накун).

Аз сад гулаш яктеш ҳам нашукуфтас. Дар бораи хеле ҷавон будани духтар мегӯянд.

Хас каму ҷаҳон пок. Нокасе аз ҷое биравад мегӯянд.

Зиндабева – ҳамсараш ба шаҳри дур ба мардикорӣ рафтаро мегӯянд.

Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Худкардаро даво не, вовайлои пинҳонӣ.

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло давиданҳо.
Дар бобати мансабдори азхудрафта мегӯянд.

Айбата наёбад, думи сагат каҷ мегӯяд.

Чашми танги дунёдорро ё қаноат сер кунад ё хоки гӯр. Дар Самарқанд калимаи дунё ба маънои сарват меояд, яъне капиталист, буржуй, сармоядор. Ин  мақол ба замони кӯҳна тааллуқ дошта ҳоло «чашми танги дунёдора хоки гӯр сер мекунад» мегӯянд.

Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ,
Бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ.

Қимат бе ҳикмат нест, арзон бе илат нест. Дар Самарқанд нархи гаронро қимат мегӯянд. Ихтисори калимаи гаронқимат аст.



Комментариев нет: