вторник, 30 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 6

Пушти ману табари қассоб. Шиори баъди обед бойшудагиён. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад низ шиори онҳост.

Замин миннатдор бош, ки ман пой мемонам. Шиори зану духтарони куртаи «рыбка»-пушӣ баъди обед бойшудагиён.

Аз берун ялдар-юлдур, аз дарун тақар-туқур. Куртаҳои ялдар-юлдурпӯши бойзану духтарон ва дарун аз маънавиёт холии онҳо.

Гов мурад ҳам алоии чашмаш намеравад. Маънои ин мақол хеле васеъ буда, ба он маъно низ меояд, ки таъсири бади одами ганда баъди мурданаш низ давом мекунад.


Як бор кӯчидан бо ду хонавайронӣ баробар. Ба маънои ин ки ба ҷои дур кӯчидан зараровар аст.

Биҳишт ҷоест, ки озоре набошад,
Касеро бо касе коре набошад.
Яъне инсон озод бошад, биҳишт он ҷост.

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст.
Бухоро қуввати ислому дин аст.
Баҳои мардумӣ ба ин ду шаҳри бостонӣ. Баъзан илова мекунанд:
Машадро гунбази сабзаш набошад,
Харобатхонаи рӯйи замин  аст.
Ин ба замонҳои қадим тааллуқ доштагист. Машҳади имрӯза аз калонтарин ва зеботарин шаҳрҳои Эрон буда мақбараҳои Имом Ризо, Фирдавсӣ он ҷост. Ба ин сабаб онро муқаддас меҳисобанд.

Аз хирс мӯйе. Вақте аз коре ё касе камтарак фоида мебинанд, чунин мегӯянд.

Рӯт ба тахта. Дашном буда тахтаи мурдашӯй дар назар аст. Бонувон ба ҷои «мур» баъзан чунин мегӯянд.

Қош мемонам гуфта чашмро баровард. Оиди одами нобасомон.

Ҷилави нафси боло ва нафси поёнро гир. Нафси боло – даҳон ва нафси поён шаҳват. Яъне аз пурхӯрӣ ва шаҳват дур бош.

Хӯрдан-ба нонаш несту номи кучукаш(сагаш) Марҷон. Яъне аввал оиларо таъмин кун, баъд сагбозӣ.

Олими беамал – замбӯри беасал.

Олим шудан осон – одам шудан мушкил.

Олама об вайрон мекунад – одама гап.

Фосиқ ғайбат надорад. Яъне дар бораи фосиқ ғайбат кардан, корҳои бади ӯро фошофош гуфтан равост.

То кай кӯза ба лаби об сиҳат рафта сиҳат мебиёд? Яъне рӯзе мешиканад, чун кӯзаҳои обкашонӣ сафолинанд. Ин ҷо ишора ба он ки ҳар як кор хотима дорад.

Меҳмон дарод аз остон,
Ризқаш биёд аз осмон.

Зӯри беҳуда миёна мешиканад.

Ду поя ба як мӯза натиқон. Муродифи Ду калла дар як дег намеғунҷад.

Ба як ҳоким муовин будана дар як деҳа раис будан беҳтар.

Ба дарё ташна бурда ташна мебиёрад.

Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб чӣ сад ваҷаб.

Гӯшат хорад бо оринҷат коб.

Чашмам ба ту напаридас. Яъне туро интизор набудам.

Бемор бемор не бемордор бемор.

Дард кӯҳ шуда медароду мӯ шуда (кам-кам чун риштаи мӯй аз бадан берун) мебурод.

Пеши табиб нарав, пеши корафтода рав.

Аз бемор чӣ дарде дорад, намепурсанд.

Некӣ куну ба дарё андоз.

Некиро миннат кунӣ, савобаш намемонад.

Каҷ дору марез.

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Ва аммо гул ҷавон гардад бимирад.
Ба маънои ба мисли гул бисёр нозук нашав мегӯянд. Ин байт халқист ё не маълум нест. Чунки шоири машҳури тоҷикзабони Покистон Муҳаммад Иқбол гуфтааст:
Саҳар булбул мегуфт боғбонро:
Ки ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад,
Ба пирӣ мерасад хори биёбон
Валекин гул шукуфон шуд бимирад.

Деги сиё(ҳ) боло шавад, хешу табор пайдо шавад. Яъне хешу табори бемеҳру мурувват шуда танҳо ба маъракаҳо биёянд, ин тавр мегӯянд.

Табарзан (кундакафон) як танга, инҷобизан сад танга. Зеро барои инҷобизан (прораб ё усто) шудан бисёр сол касб омӯхта маҳорату таҷриба доштан лозим.

Хобата ба об гӯй. Касе дар сухан чизи набударо гӯяд, ба ӯ мегӯянд. Яъне он чизе, ки ту мегӯӣ, воқеият надорад, хобу хаёли худат аст.

Раҳм ба паланги тездандон - зулм ба бечора гӯсфандон. Яъне агар «гургу паланг» соҳиби мансаб шаванд, вой ба ҳоли фуқаро ва ба чунин мансабдорон раҳм кардан нисбати фуқаро зулм кардан аст. Байти машҳурест:
Тараҳхум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

Дили раҳмин ҳамеша ғамгин.

Домод шоҳ аст, агар чи гови бешох аст. Яъне аз рӯи таамули қадима домодро дар Самарқанд поччо мегӯянд, ки шакли шевагии калимаи подшоҳ аст. Ва дар ҳама ҳолат ақрабои арӯс ба домод (подшоҳ) сухани сахт намегӯянд.

Аввал ту арақ (май) мехӯрӣ, баъд арақ туя мехӯрад.

Дер ё зуд ин наша (нашъа)
Туя ба гӯр мекаша(д).

Охир бо нашъамандӣ, шавӣ ба аҷал бандӣ.

Сагбачая калон кунӣ, аз банди пот (поят) мегазад.

Дар таги ор мурдана дар таги кор мур.

Модар аз ҳама азиз(тар).

Биҳишт дар зери пои модарон аст.

Модаратро хор кардӣ, хор мешавӣ.

Забон устухон надорад. Яъне дурӯғ низ мегӯяд

Падарат хар(чӯб) бошад ҳам иззат кун.

Ба худо додагеш қаноат кун.

Сарам кал бошад ҳам, дилам нозук.

Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст,
Дил, ки ранҷид аз касе хурсанд кардан мушкил аст.

Чоҳкан зери чоҳ. Касе, ки барои афтондани касе дар роҳи ӯ чоҳи болояш хаспӯшро мокобад, худаш ба он чоҳ меафтад.

Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез. Яъне дар мавриде, ки гапи рост боиси фитнаву ҷанҷол гардида зарар меорад, дурӯғ гуфтан равост. Масалан касеро падараш мураду хабар надошта бошад мегӯянд, падаратон -  касали вазнин, зуд ба хона равед.

Дурӯғгӯй – душмани Худо. Дурӯғгӯй душмани ҳама аст. Яъне душмани Худо – душмани ҳама ҳисоб мешавад.

Шири очеша (модарашро) ҳафт бор ҷӯшонида баъд хӯрдааст. Дар бораи одами аз ҳад зиёд доно ё маккор мегӯянд.

Носу папиросро шайтон баровардагӣ.

Шавқ агар роҳбар шавад, сад мушкил осон мешавад.

Дар дилат шавқе надорӣ,
Синаҷунбонӣ чӣ суд?
Синаҷунбонӣ ба маънои рақс. Ба касе мегӯянд, ки ба ҳунари интихобкардааш дилаш гарм нест.

Аз дар даромад акка,
Нишаст ба шохи такка.
Дар бораи меҳмони нохондаи ногаҳон даромада омада.

Гӯшти бача – ба токча.
Яъне зуд ба воя мерасад.

Аз наврӯзғор қарз накун, қарз кунӣ ҳам харҷ накун.

Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат. Вақте ки меҳмон хестанӣ шуд, барои нигоҳ доштани ӯ соҳибхона мегӯяд.

Аз хук хук мерӯяд, аз хуб хуб мерӯяд.

Дара задам девор кафид. Яъне амали беандеша оқибати нохуш дорад.

Аз мӯйи то ба зону баҳо нате ба бону.


Пурсидана айбаш нест.

Комментариев нет: