суббота, 6 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самаркандӣ

Почеша дароз кард – яъне ба маънои тарки дунё намуд.

Ба қафояш як лагад занед, байни пош ҷарангос мекунад. Яъне ҳамагӣ ду-се танга дар кисса дорад. Ҳоло бошад дар бораи баъди пешин бой шудагиҳо мегӯянд: Ба қафояш як лагад занед, каллааш ҷарангос мекунад. Яъне ба маънои он ки дар косахонаи сараш ба ғайри ҷарангоси тангаҳри заррин чизи дигар нест.

Худо ҷӯреш бошад, паёмбарро ба як пул намегирад. Дар бораи мансабдори аз худ рафтае мегӯянд, дар идораҳои боло амак  ё тағо дорад.


Дар к.. гӯҳ несту риданӣ ба Боғи Зоғон меравад. Дар бораи касе мегӯянд, ки дар сараш ягон фикри дуруст несту бисёр гап мезанад.

Ин зан туя ба нӯги сафедор мебарорад. Дар бораи зане мегӯянд, ки дар зери пои шавҳараш оташ мегиронад.

Аз хирмани холӣ сад ман шолӣ. Дар бобати саҳифаҳои баъзе рӯзномаҳо ва барномаҳои телевизион.

Рӯямона бо шаппотӣ сурх карда гаштем. Дар ин бобат мегӯянд, ки моҳонаи кам доранду ба харидану пухтани ғизоҳои хуб маблағ намерасад. Яъне сурхии рӯй аз ғизои хуб нею бо шаппотӣ ҳосил шудааст.

Савори хари ҳамсоя ба ҷаннат рафт. Дар бораи фиребгаре гӯянд, ки маблағ ё моли касеро истифода карда манфиат мебинад. Дар ин бобат ба ҷои калимаи «хар» калимаи сахттареро кор мефармоянд, ки одоб имкон намедиҳад, бигӯем.

Баъзе сарватмандони ҳозира ҳамин тавр бой шудаанд. Дар бораи онҳо мегӯянд, ору номус надоранд, дар бисоташон мардигарӣ нест, аммо бо иморатҳои боҳашамату тӯйҳои осмонкаф соҳиби обрӯ шудан мехоҳанд.

Баъди обед бой шудагиҳо. Дар бораи навсарватмандоне мегӯянд, ки сарватманд шудаанду аз ҷиҳати маънавӣ қашшоқанд ва чунин фикр мекунанд, ки мошинҳои гаронбаҳою ҳашамат ба онҳо обрӯ меорад. Ҳол он ки халқи донои мо туф кардааст ба ҳамаи ин.

Харсавор буд, мошинсавор шуд. Дар бораи касе гӯянд, ки бо воситаи тағо, амак ё ришва зуд ба мансабе соҳиб шудааст.

Ақли гадой баъди обед медарояд. Мақоли машҳур. Ба ҷои калимаи гадой  номи қавмеро низ кор мефармоянд, ки бо талбандагӣ машҳур аст. Дар бобати касе мегӯянд, ки бо телбакорӣ ва шитоб хато мекунад.

Бо бинеш ба осмон хат мекашад.  Дар бораи одами ҳавобаланд фукаш дар осмон мегӯянд.

Дар таги домани занаш мегардад. Дар бораи марде мегӯянд, ки тамоми ихтиёри худро ба занаш супоридааст.

Дар вақти гули кавар яха задем бо тавар. Дар бобати ҳодисаҳои ногаҳон рӯй дода мегӯянд. Яъне дар вақти  гули кавар оби ҳавзу ҷӯйҳо ях намекунанд.

Як бор ҷастӣ малах, ду бор ҷастӣ малах, охир ба дасти малах. Мақоли дӯстдоштаи ришвахӯрон. Малах номи ҳашароти машҳур буда дар ин маврид ба маънои пули муфт омадааст.



Комментариев нет: