среда, 23 сентября 2009 г.

Сангнигораҳои митроӣ дар Қирғизистон

Оид ба сангнигораҳои бостонии Қирғизистон ҳафтаномаи «Омўзгор»-и чопи Душанбе 9-уми январи соли 1990 мақолаи Мирбобо Мирраҳимро таҳти унвони «Вақте ки афсонаҳо мемиранд» чоп карда буд. Дар ин мақола, ки қисми аъзами он аз гуфтаҳои донишманди хатҳои рўисангӣ (пиктография) Лутфулло Ҷусуфаҳмадови қирғизистонӣ иборат аст, оиди ба ниёгони мардуми тоҷик низ тааллуқ доштани сагнпораҳои Қирғизистон далелҳои зиёде ҳаст.

Ин олим аз ҷумла чунин гуфтааст:
«Барои дуруст шарҳ додани тасвирҳои рўисангӣ ман ба омўзиши ҳаматарафаи онҳо аз нигоҳи мардумшиносӣ, таърих, ҳикмат, забоншиносӣ, асотир, нуҷум, тригонометрия ва ҷуғрофия камар бастам. Дар натиҷа ман андозаю низоми тасврҳои рўисангӣ, системаи онҳоро, ки халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна истифода бурдаанд, кашф кардам. Ва аз нигоҳи ҳамон тасвирҳо, тафаккуру ҳикматандешии онҳо, ки имрўз ҳамчун боқияҳои замони гузашта дар фарҳангу зиндагонии тоҷикон, кирғизҳо ва қазоқҳо вомехўранд, муайян кардам: халқе, ки ин тасвирҳои рўисангиро офаридааст, аслан эронинажод – форсигўй, ниёгони тоҷикон – сакоиҳо буданд, ки минбаъд дар тўли таърихи дароз ба таркиби кирғизу қазоқҳо ворид шудаанд. Масалан, аз назари бостоншиносӣ, нуҷум ва забоншиносӣ омўхтани тасвирҳои рўисангии Чилласой нишон дод, ки онҳо тақвимҳои моҳтобӣ (қамарӣ) ва хуршедии одамони қадим ва нақшаи ҳаракати ситораҳоянд.»

Бостоншинос хуб медонад, ки Митро ҳафт қабати осмонро аз рўи мадори ҳафт сайёрае, ки бо чашми одамӣ дар он замон дидан мумкин буд, муайян кардааст ва оини митроӣ ба намуди сайёрапарастӣ дохил мешавад.

Митро ба пайравони худ ва дар мактаби худ аз ҳунарҳои дастӣ пеш аз ҳама сангтароширо меомўзонд, то ки маърифати митроиро дар сангҳо ҳакокӣ кунанд. Ин чизе, ки олими қирғиз оиди нақши ситораҳо дар сангнигораҳо мегўяд, бевосита ба оини митроӣ тааллуқ дорад.

Афсўс, ки ин донишманд аз оини митроӣ хабаре надоштааст, вагарна ба хулосаҳои ҷолибтаре мерасид.

Акнун боз як иқтибосе аз гуфтаҳои Лутфулло Ҷусуфаҳмадов:
«– Тасвирҳои рўисангӣ аксаран гуногунтарҳ, сермаъно ва душворфаҳманд. Дар Саймали – Тош, ки дар қаторкўҳи Фарғона, он ҷое, ки ағбаи Кухарт воқеъ аст, ба ақидаи профессор А.Бернштам зиёда аз 120 ҳазор, ба мулоҳизаи олими бостоншинос Б.А.Зим 90 ҳазор тасвир мавҷуд аст. Вале гап дар бораи миқдори онҳо нест.

– Пас, ин тасвирҳои руисангӣ ба кадом халқ тааллуқ доранд?


– Дар навбати аввал онҳо ба сакоиҳо мутааллиқанд. Онҳо фарҳанги сакоиҳоро нишон медиҳанд, ки дертар ба таркиби қирғизҳо ворид шудаанд, фарҳанге, ки таърихан эрониасл буд, яъне ниёгони тоҷикон. Ман чунин тахмин мекунам, ки гул-гулшукуфии донишҳои риёзиёт, тиб, физика, чорводорӣ дар давраи қадим ба тақдири ин тасвирҳои рўисангӣ, хатнигорӣ сахт алоқамандӣ доранд.»

Дар ин мақола Мирбобо Мирраҳим масъала гузошта буд, ки торихшиносони тоҷик дар вақти навиштани торихи замониҳои қадимтар, хусусан тоавестоӣ на бояд бо марзи кунунии тоҷикнишин маҳдуд шаванд. Илова бар ин навишта буд, ки оиди сангнигораҳо филмҳои алоҳидаи илмиву таълимӣ гирифтан ва мардумро бо ин мероси ниёгонаш шиносонидан лозим аст. Мирбобо Мирраҳим дар ин мақола фикрҳои дигари ҷолиб низ баён кардааст.

вторник, 22 сентября 2009 г.

Маънои зиндагӣ

Маънои зиндагӣ чист?

Ин суол дар ҳама давру замонҳо инсонҳоро ба фикр кардан водоштааст. Бархе гуфтаанд, ки зиндагӣ аз тайёрӣ ба реҳлат аз ин ҷаҳони фонӣ ба ҷаҳонӣ бобақои ондунёӣ иборат аст. Саодати ҳақиқӣ дар биҳишт аст.

Аммо ниёгони мардуми тоҷик 7 ҳазор сол пеш дар замони пайдоишӣ оини митроӣ ҳақиқати ҳаётро дарёфтаанд. Маънои зиндагӣ иборат аст аз худ беҳтареро сохтан. Яъне худро такмил додан, омўхтани илму ҳунар, усто шудан, бачаҳои аз худ донотарро ба воя расонидан, ба дараҷаи шаҳриёрӣ расидан, тўдаи одамонро роҳбарӣ карда тавонистан. Сарват низ танҳо ба ин мақсад хизмат мекунад.

Агар аз инсон маъноӣ зиндагиро бигиред, ў ба ҳайвоноте монанд хоҳад шуд, ки мақсадаш хўрдану талоботи дигари организмро қонеъ гардонидан аст.

Барои ба асли худ баргаштан маорифи дар ҷаҳон беҳтаринро устувор кардан мебояд.

Агар чунин имкон дар Ватан набошад, бояд ҳама шароити молиро ба вуҷуд овард, ки ҷавонон илму ҳунари Ватан дода натавонистаро дар хориҷ аз кишвар ба даст оранд.

среда, 16 сентября 2009 г.

Психологияи миллии тоҷикӣ

Психологияи миллии тоҷикӣ зери таъсири динҳои гуногуне, ки мардуми мо дар таърих дошту дорад, шакл гирифтааст.

Мазмуни асосии ин психология – «ҷомеа ҳама чиз, шахс ҳеҷ чиз» буд. Инро бо ибораи бартарии тўда ифода метавон кард.

Намозро бо ҷомеа дар масҷид гузаронидан беҳтар аст, нисбат дар танҳоӣ.

Ҳизби коммунистӣ дар замони шўравӣ психологияи тўдавиро тақвият бахшид. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба ибораи «народные массы» - «оммаи халқ» бартари дод, гули сари сабади ҷомеа – рўшанфикронро баъди синфҳои коргару деҳқон ба ҷои охирин – мақоми саввум ниҳод. Дар солҳои сталини асосан шахсиятҳои намоён нест карда шуданд. Шахсиятҳое, ки фикрашон аз дигарон фарқ мекард.

Психологияи «ҷомеа ҳама чиз, шахс ҳеҷ чиз» дар шуури мардуми мо боз бештар реша давонд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин психология симои манфури худро равшан намоён кард. Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуфхон Исҳоқӣ, Пиримқул Сатторӣ, Сайф Раҳимзод ва бисёр дигар донишмандону адибон, ки шахсиятҳои намоён буданд, кушта шуданд.

Агар Абдулмаҷид Достиев дар Душанбе намебуд, аз шахсиятҳои намоён боз бисёр касон кушта мешуданд.

Тибқи ҳамин психология Бозор Собирро ҳабс карда буданд, гарчанд ҳама медонистанд, ки шоири нотакрор аст.

Агар мо психологияи миллии худро дигар накунем, халқамон дар ҳолати «оммаи халқ» яъне тўдаи пешина хоҳад монд. Як ходими намоёни илму фарҳанг як одам нест, ў метавонад ба миллионҳо нафар баробар бошад.

Ба ин сабаб дар як гирдиҳамоие, ки ба муносибати ёдбуди устод Лоиқ – ҷашни шастсолагӣ дар зодгоҳи ин адиб баргузор шуд, нутқи камина бар ин фикр асос ёфт, ки Лоиқ ба миллионҳо кас баробар буд, аз ин сабаб марги нобаҳангоми ў фоҷиаи бузурги миллист.

Мактаби миллӣ бояд тарзе аз нав сохта шавад, ки он шахсиятҳои намоёнро ба майдон орад, на тўдаи якфикри «сари хамро шамшер намебурад»-ро. Дар ин бобат мактаби митроии «ҳафт марҳила», ки мақсади асосиаш тарбияи шахсияти тавоно Рустам барин абармардҳо будааст, намунаи ибрат қарор гирифта метавонад. Зардушти Спитамон парвардаи ҳамин мактаб буд.

Тоҷикон то психологияи миллии худро дигар накунанд, миллати пешрафтаи ҷаҳон шуда наметавонанд.

Сироҷиддин Шамсиеви марҳум, ки яке аз дўстони мактабии камина буд, шахси дасткушоде буд.

Бори аввал, вақте ки девори оҳанини шўравӣ фурў рафту ба ИМА рафта омад, гуфт: - Дар он ҷо одами сарватманд не, балки адибону донишмандон обрўи зиёдтар доранд.
- Зеро ки ҷамъияти амрикоӣ шахсиятсолор аст. Ҳамон сарватманде шахсият мегардад, ки ба корҳои хайр шарик аст, - гуфтам ман.

Боре дўстони яҳудияш аз Исроил ба Самарқанд ба тўи писари Сироҷиддин омаданд. Эҳтироми мардумро нисбати Сироҷиддин дида ба ў гуфтанд:
- Дар Исроил сарватмандон ин қадар обрўи баланд надоранд, чуноне ки ту дар ин ҷой дорӣ.

Ман дар ин сўҳбат ҳозир будам ва гуфтам:
- Сироҷиддин бо саховатмандӣ шахсият гардид. Ўро барои сарваташ не, барои ин сифаташ эҳтиром мекунанд.

Яъне шахс барои шахсият гардидан шарт нест, ки ҳатман адиб ва донишманд ва ё мансабдори бузург бошад. Агар ба ватану миллаташ фоидаи зиёде расонад, ҳатман ба шахсият мубаддал мегардад.

Ман бо ин сатрҳо ҳаргиз мақоми ҷомеаро дар ташаккулли шахс инкор кардани нестам. Шахсиятҳо фарзандони ҳамин мардуманд ва афзояндаи обрўи онанд.

Ҷомеаи демократӣ ҷомеаи шоистасолорӣ, яъне шахсиятсолорист.

Тафаккури шахсиятсолориро чӣ тавр бояд устувор кард?

Мо бояд, ки пеш аз ҳама шахсиятҳои торихиамонро ба он мақоми баланде, ки сазоворанд, бардошта қадршиносӣ кунем.

Рўйхати бузургони торихиамонро тартиб диҳем, тарҷумаи ҳоли ононро чоп кунем, кўю майдонҳоро ба исми онон гузорем. На ҳамаи онон то ҳол қадршиносӣ шудаанд, ки мисоли равшанаш Абў Муслиму Сарбадоронанд.

Гузаронидани ҷашнҳои ходимони бузурги давлат, илму фарҳанг низ ба ин мусоидат карда истодааст.

Хурсандиовар аст, ки ба бисёр адибони Тоҷикистон унвони Нависандаи халқиро доданд. Аз зиёд гардидани теъдоди чунин унвондорҳо нороҳат набояд шуд. Хоҳ-нохоҳ дар байни ин қадар унвондори бисёр як-ду нафар сазовори ин унвон нагардида хоҳад буд. Аммо таърих бо мурури замон кадом кас чӣ мақоме дошт, худ муайян хоҳад намуд.

Ба қадри онҳое низ бояд расид, ки дар марзи ҷумҳурӣ набошанд ҳам осорашон ифтихорӣ Тоҷикистон аст, ба мисли мутафаккири барҷаста Акбари Турсон.

понедельник, 14 сентября 2009 г.

Навбати аввал – ислоҳоти маориф

Ба фикри камина вазифаи асосии мактаби таълими ҳамагонӣ ба шогирдон омўзонидани дуруст фикр карда тавонистан аст. Дигарон вазифаи асосии мактабро аз таълиму тарбия иборат медонанд ва гумон мекунанд, ки кори таълиму тарбияро хуб ба роҳ монда бошанд, шогирдон дуруст фикр карда метавонанд.

Ин фикр қисман дуруст мебошад, зеро фанҳое ҳастанд ақлонӣ чун математика ва ё шоҳмотбозӣ, ки низ ба ривоҷи акл мусоидат мекунанд.

Дуруст фикр карда тавонистанро асосан мантиқу фалсафа меомўзонад.

Дар мактаби ҳозира тадриси чунин фанҳо нест. Муаммои мактаби таълими ҳамагонӣ аз се бахш иборат аст.

1. Китобҳои фаннии дарсии алтернативии ҳар як фан.
2. Мактабҳои хусусӣ ва мактабҳои талабагони боистеъдод.
3. Омўзгорони пурдони боистеъдод.
4. Барномаи таълимии пешрафтаи ҷаҳонӣ.

Дар баъзе кишварҳои собиқи шўравӣ барои рафъи фарқи байни мактабҳои собиқи меросии шўравӣ ва замони истиқлол ба усули аврупоӣ гузаштанд. Дар мактаби таълими ҳамагонӣ таҳсили 9-соларо пазируфта давоми таълимро дар литсей ва колеҷҳо муқаррар карданд. Имтиҳони қабул ба мактаби олӣ пурра тестӣ гардид, то ки гирифтани баҳо дар имтиҳон ба субъективизми муаллими имтиҳонгиранда вобаста набошад.

Аммо ҳаннотон дар имтиҳони тестӣ роҳҳои дигаре пайдо карда ришвахориро ривоҷи бештаре доданд.

Ҳоло маълум гардида истодааст, ки дар ин масъала то адолат ҷорӣ нагардад, ба донишкадаву донишгоҳҳо камсаводон бештару босаводон камтар дохил шудан мегиранд. Дар натиҷа ба мактабҳои таълими ҳамагонӣ боз ҳам муаллимони камсавод меоянд.

Вақти он расидааст, ки усули нави имтиҳони умумии давлатие, ки Русия ҷорӣ кард, омўхта шавад ва қабул гардад.

Агар ба мактаби олӣ талабагони боистеъдоди аълохону хубхон дохил шуда натавонанд, ин ҳол шавқи талабагони мактабҳои таълими ҳамагониро дар омўзиши фанҳо мекушад, кори маориф фалаҷ мешавад.

Системаи маорифро бояд чунин сохт, ки ҳама кўдакони боистеъдод тавонанд илму тарбияи замонавӣ бигиранд. Барои кўдакони вундеркинд синфи алоҳида бояд кушод. Вундеркиндҳоро аз чорсолагиашон сар карда таълим бояд дод.

Устод Айнӣ дар чорсолагӣ ба мактаб рафта буд.

Вундеркиндҳоро бе имтиҳон ба мактаби олӣ қабул кардан лозим, давлат барои онҳо бояд хўроку либоси бепул диҳад, онҳоро рағбатнок созад.

Бачаҳои фавқулодда боистеъдодро чида гирифта аз ҳисоби давлати Тоҷикистон барои идомаи таълим ба хориҷа фиристанд, онҳо ҳатман инсонҳои бузурге хоҳанд шуд, ки баробар ба як миллион нафар ба кишвар нафъ хоҳанд овард.

Дусад марди доно беҳ аз сад ҳазор.

Илми адабиётшиносӣ низ лозим аст, аммо дар барномаи дарсӣ он набояд ҷои адабиётро бигирад. Дар мактаб бояд асосан адабиётро омўхта, бештар насру назмро аз бар кард. Таърихро низ асосан аз рў манбаъҳои аслӣ ё хрестоматияҳо бояд омўзонд.

Шумо оид ба ин масъалаҳо чӣ фикр доред?

пятница, 11 сентября 2009 г.

Омилҳое, ки маҳалгароиро нест мекунанд

Чунин омилҳо ҳастанд. Ин омилҳо дар Тоҷикистон эҳтимол ҳоло нерўи кофӣ надоранд ва ё ки шакл нагирифтаанд. Ба ҳамин сабабҳо ва сабабҳои дигар маҳалгароӣ аз байн нарафтааст.

1. Нерўи якум ботилкунандаи маҳалгароӣ ҳизбҳои сиёсианд. Ҳизбҳои сиёсӣ агар ҳизбҳои ҳақиқӣ бошанд ва дар интихобот ба мардуми ҳама ноҳияҳо такя намудан хоҳанд, зидди маҳалгароӣ амал мекунанд. Яъне адами маҳалгароӣ ба пешрафти тафаккури сиёсӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Ҳизби коммунисти шўравӣ танҳо ба синфи коргар такя мекард, ба ҳамин далел роҳбарони мақоми аввал дар Тоҷикистон аз шимоли кишвар, ки коргар ва корхонаҳои саноатии зиёд дошт, таъин мегардиданд яъне ҳизби коммунист сабабгори асосии маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шуда буд.

Акнун чунин ҳизби аз Маскав фармондиҳанда ва интихобкунандаи кадрҳои роҳбарӣ нест.

Ҳизбҳои нави ҷумҳуриявӣ бояд ба мансабҳо аз рўи шоистасолорӣ одамони сазоворро пешниҳод кунанд.

2. Дар замони шўравӣ роҳбари ташкилот ё корхона дар атрофи худ асосан ҳамшаҳриҳои худро ҷамъ мекард. Моликияти давлативу ҷамъиятӣ будани корхонаву ташкилотҳо ба чунин амал имкон медод.

Дар замони истиқлол ва иқтисоди бозаргонӣ роҳбари корхонаи хусусӣ ин тавр карда наметавонад ва агар принсипи аз рўи лаёқат хоста гирифтани кормандонро нодида бигирад, банкрот мешавад.

Агар донишкадаву донишгоҳҳои хусусӣ таъсис наёбанд, дар муассисаҳои илмиву таълимӣ маҳалгароӣ идома хоҳад ёфт. Дар соҳаи тандурустӣ низ ҳамчунин.

3. Омили саввум мазҳаб аст. Дар замони шўравӣ никоҳ байни писару духтарони помириву ғайрипомирӣ (яъне шииву суннӣ) вуҷуд дошт. Бо қувват гирифтани маҳалгароӣ ва ақидаҳои мазҳабӣ дертар ба дараҷаи нестӣ бирасид.

Ин вазъ консолидатсияи миллиро хеле суст намуд. Ҳоло пофишорӣ ба ақидаи мазҳабӣ зиёд мегардад. Барои якпорчагии миллӣ ё ба як мазҳаб муттаҳид шудан лозим ё таъсири мазҳабҳоро ба дараҷае суст намудан мебояд, ки ба консолидатсияи миллӣ халал нарасонад.

Ба фикри шахсии камина помириҳо ҳеҷ вақт аз мазҳаби худ даст намекашанд, онҳо Оғохон барин сарвари бузурги мазҳабӣ доранд, ки дар сахттарин рўзҳо ба онҳо кўмаке зиёде расонид. Яъне танҳо роҳи дигар ва вазифаи бароямон нохушу мураккаб пешорўи мост: суст кардани таъсири ҳама мазҳабҳои мавҷуда.

Хонандаи азиз! Агар шумо омилҳои дигарро медонед, бинависед.

вторник, 8 сентября 2009 г.

Садои яке аз эсктремистҳои исломӣ бар зидди А.Истад

Онҳое, ки ба маърифати исломӣ дар осори Рўдакӣ зиёда пофишорӣ мекунанд, бояд биандешанд, ки чаро ў дар байти мегўяд:

Мурда нашавад зинда, зинда ба сутудон шуд,
Ойини ҷаҳон чунин то гардуни гардон шуд.


Сутудон ҳамон устодони зардуштист. Ва ё чаро Рўдакӣ дар байти дигаре гуфтааст:

Гарчи Тиштарро ато борон бувад,
Мар туро зарру гуҳар бошад ато!


Агар дар замони Рўдакӣ мардум фариштаҳои тоисломии борон Тиштарро фаромўш карда буданд, Рўдакӣ ҳаргиз онро ба забон намебурд. Ва агар Одамушшуаро дар доираи ақоиди исломӣ маҳдуд мемонд, ҳаргиз қасидаи «Модари май»-ро наменавишт ва аз ин рў Рўдакӣ ҳам намебуд.

Ибни Сино низ фалсафаи Юнониро фаро гирифт ва баъд тавонист, ки осори бузурге аз худ мерос гузорад.

Аз адибони бузурги ҷаҳонӣ Пушкин ва Гўтеро метавон ном бурд, ки ба маърифати исломӣ таваҷҷўҳ доштаанд, ки дар эҷодашон бетаъсир нест.

Ифротие бо номи Safar аз мақолаҳои камина дар мавзўи зарурати тадқиқ ва баррасии ҳамаҷонибаи оини пеш аз исломии мардуми мо – меҳрпарастӣ ба танг омада чунин хулоса кардааст, ки дар онҳо таҳқири паёмбари ислом ҳаст. Хонандагони блог навиштаҳои маро оиди оини митроӣ бо даъвои Safar муқоиса намоед худ хулоса мекунанд, ки ин даъвои ў асос надорад. Аммо ҳоло посухи ду хонандаи блогро аз қисми «комментарий» гирифта ба саҳфаи аввал мегузорам, ки нишони эътибори ҷиддӣ ба ақидаҳои онҳост.

Иброхим пишет...

Ифроти касест, ки ба гайри акидаи динии худ, ягон акидаи дигарро, гарчи хилофи ислом набошад хам кабул намекунад.
Терроризм реша ба ифротгарои дорад. Он чизе ки шумоён таассуби дини мегуед, намуди асосии ифротгароист.
Агар хукумати Точикистон дар мактабхо танхо таргиби акоиди як дин, яъне як акида – маърифати исломиро ба рох монад, мехохед ё намехохед таассуби диниро таквият мебахшад, ба ифротгароии исломи рохи васеъ мекушояд.
Шахси ифроти аз мантак, илм дур аст. Бубинед у аз пахн шудани дастури митроии «Хафт мархила» бим дорад. Дастури митрои омузиши илми фалсафаро хатми мешуморад. Агар мантик ва фалсафа дар мактабхо омухта шаванд, барои таассуби дини майдон хеле танг мегардад.
Инро «Сафар» ном мутаассибон хеле хуб мефахманд. Сабаби ба сари Адаш Истад шуридани у асосан хамин аст.
Аммо ин мутаассибонро бо фахмондан одам карда намешавад.
Давлат мачбур мешавад, ки болои сари онхо доимо шамшери барахнаро чавлон дода истад. Сад афсус, ки дар он шароит давлати демократии сохта намешавад.
Тухмат яке аз услубхои ифротиён аст. Бубинед ин мутаассиб устод Адашро ба «магзшуйи» айбдор карданист. Хол он ки тамоми навиштахои ин адиб магзпуркуни будааст, на магзшуи.
Магзшуи хоси ифротиюн аст. Онхо аз магзхои одамон фикрхои солимро шуста бо догмахои докиюнуси пур мекунанд.
Беодоб низ будааст, ки ба посухи бо риояи хусни одоби муошират навиштаи адиб, ба «шумо»-и у бо «ту-тугуи» чавоб медихад.
Адибро мебояд, ки аз бахс бо чунин беодобони мутаассиб канора бигарад, чун агар ба посух даст занад ба лахни дурушти онхо бо лахни дурушттар посух додан лозим меояд, ки шоистаи макоми баланди у намебошад.

Сангинов пишет...


Мне не понравилось тон разговора Сафара. Наглый тон экстремиста. Наверное, в Таджикистане происходит обнагление экстремистов. Этот наглец додумался до того, что решил: в отношении арабов шестого века использовании фразы «степной араб» является оскорблением пророка и за этого писатель должен ответит.
Смешно для нас это требование, так как назвать, кого-то степным не является оскорблением, но ослепленные его вероучениями товарищи могут ему поверить. Поэтому очень опасен этот тип.

четверг, 3 сентября 2009 г.

Пайкараи нави Одамушшуаро

Дар шаҳри Самарқанд 3 сентябр маросими тантанавии кушодани майдони нави Рўдакӣ ва нимпайкараи нави ў дар ин майдон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ҳокимиятҳои шаҳру вилоят ширкат намуданд. Ҳокими вилоят Ўктам Барноев аз аҳамияти бузурги осори Рўдакӣ дар фарҳанги миллатҳои маскуни Ўзбекистон ва берун аз он сухан кард. Сипас донишмандони тоҷику ўзбек бо далелҳои қавӣ сухани ўро тақвият бахшиданд. Таъкид гардид, ки чунин корҳои ободонию зебогардонӣ бо ташаббуси шахсии Президент Ислом Каримов сурат мегирад. Дар суханрониҳо ба ў миннатдории самими баён гардид. Дар охир донишҷўёну шоирон шеърҳои Рўдакӣ ва шеърҳои ба ў бахшида навиштаро қироат намуданд.

Майдони ҳозираи Рўдакӣ дар қисмати шаҳри нав ҷой гирифтааст. Нимпайкараро ҳайкалтароши тошкандӣ Равшан Миртоҷиев эҷод кардааст.

Таваҷҷўҳ ба оини митроӣ дар Ўзбекистон

Рўзномаҳои расмии Ўзбекистон «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» доир ба зарурати тадқиқи таърихи дини митроӣ мақолаҳои зерини А.Истадро чоп карданд:

1. Зодгоҳи Одамхудо Митроро дар кўҳистон бояд ҷуст.
2. Гови Митро ё Говмарди авестоӣ?
3. Оид ба маънои номи Масчо.
4. Магар оини митроӣ вуҷуд надошт?
5. Оид ба «Торихчаи шеру хуршед»

вторник, 1 сентября 2009 г.

Ҳафт марҳилаи митроӣ хилофи ислом нест

Мулло Safar!

Маърифати исломӣ он қадар ба мағзи миллат ҷой шудааст, ки касе наметавонад нобиға ҳам бошад бо инкори он заррае зарар ба он расонад.

Камина аҳамияти маърифати исломиро то ҳол боре ҳам инкор накардаам чун медонам, ки адабиёти классикии тоҷик чист. Ман танҳо кўшидаам, ки арзишҳои маънавии пеш аз исломӣ низ пазируфта шаванд, ки барои ғановати фарҳангӣ хидмат хоҳанд намуд.

Масалан ҳафт марҳилаи митроӣ бо ақоиди исломӣ мухолифат надорад ё бигирем «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»-и авестоӣ хилофи ислом нест.

Маърифати пеш аз исломие чун митроиву авестоӣ низ моли мардуми мост.

Ё дар 70 соли шўравӣ мо магар маърифати дигаре надоштем?

Баъзан ин хел ҳам мешавад, ки таассуби динӣ чашми инсонро ба дидани арзишҳои маънавии дигар монеа мешавад.

Ба фикрам шумо ба ин ҳол афтодаед.