среда, 23 сентября 2009 г.

Сангнигораҳои митроӣ дар Қирғизистон

Оид ба сангнигораҳои бостонии Қирғизистон ҳафтаномаи «Омўзгор»-и чопи Душанбе 9-уми январи соли 1990 мақолаи Мирбобо Мирраҳимро таҳти унвони «Вақте ки афсонаҳо мемиранд» чоп карда буд. Дар ин мақола, ки қисми аъзами он аз гуфтаҳои донишманди хатҳои рўисангӣ (пиктография) Лутфулло Ҷусуфаҳмадови қирғизистонӣ иборат аст, оиди ба ниёгони мардуми тоҷик низ тааллуқ доштани сагнпораҳои Қирғизистон далелҳои зиёде ҳаст.

Ин олим аз ҷумла чунин гуфтааст:
«Барои дуруст шарҳ додани тасвирҳои рўисангӣ ман ба омўзиши ҳаматарафаи онҳо аз нигоҳи мардумшиносӣ, таърих, ҳикмат, забоншиносӣ, асотир, нуҷум, тригонометрия ва ҷуғрофия камар бастам. Дар натиҷа ман андозаю низоми тасврҳои рўисангӣ, системаи онҳоро, ки халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна истифода бурдаанд, кашф кардам. Ва аз нигоҳи ҳамон тасвирҳо, тафаккуру ҳикматандешии онҳо, ки имрўз ҳамчун боқияҳои замони гузашта дар фарҳангу зиндагонии тоҷикон, кирғизҳо ва қазоқҳо вомехўранд, муайян кардам: халқе, ки ин тасвирҳои рўисангиро офаридааст, аслан эронинажод – форсигўй, ниёгони тоҷикон – сакоиҳо буданд, ки минбаъд дар тўли таърихи дароз ба таркиби кирғизу қазоқҳо ворид шудаанд. Масалан, аз назари бостоншиносӣ, нуҷум ва забоншиносӣ омўхтани тасвирҳои рўисангии Чилласой нишон дод, ки онҳо тақвимҳои моҳтобӣ (қамарӣ) ва хуршедии одамони қадим ва нақшаи ҳаракати ситораҳоянд.»

Бостоншинос хуб медонад, ки Митро ҳафт қабати осмонро аз рўи мадори ҳафт сайёрае, ки бо чашми одамӣ дар он замон дидан мумкин буд, муайян кардааст ва оини митроӣ ба намуди сайёрапарастӣ дохил мешавад.

Митро ба пайравони худ ва дар мактаби худ аз ҳунарҳои дастӣ пеш аз ҳама сангтароширо меомўзонд, то ки маърифати митроиро дар сангҳо ҳакокӣ кунанд. Ин чизе, ки олими қирғиз оиди нақши ситораҳо дар сангнигораҳо мегўяд, бевосита ба оини митроӣ тааллуқ дорад.

Афсўс, ки ин донишманд аз оини митроӣ хабаре надоштааст, вагарна ба хулосаҳои ҷолибтаре мерасид.

Акнун боз як иқтибосе аз гуфтаҳои Лутфулло Ҷусуфаҳмадов:
«– Тасвирҳои рўисангӣ аксаран гуногунтарҳ, сермаъно ва душворфаҳманд. Дар Саймали – Тош, ки дар қаторкўҳи Фарғона, он ҷое, ки ағбаи Кухарт воқеъ аст, ба ақидаи профессор А.Бернштам зиёда аз 120 ҳазор, ба мулоҳизаи олими бостоншинос Б.А.Зим 90 ҳазор тасвир мавҷуд аст. Вале гап дар бораи миқдори онҳо нест.

– Пас, ин тасвирҳои руисангӣ ба кадом халқ тааллуқ доранд?


– Дар навбати аввал онҳо ба сакоиҳо мутааллиқанд. Онҳо фарҳанги сакоиҳоро нишон медиҳанд, ки дертар ба таркиби қирғизҳо ворид шудаанд, фарҳанге, ки таърихан эрониасл буд, яъне ниёгони тоҷикон. Ман чунин тахмин мекунам, ки гул-гулшукуфии донишҳои риёзиёт, тиб, физика, чорводорӣ дар давраи қадим ба тақдири ин тасвирҳои рўисангӣ, хатнигорӣ сахт алоқамандӣ доранд.»

Дар ин мақола Мирбобо Мирраҳим масъала гузошта буд, ки торихшиносони тоҷик дар вақти навиштани торихи замониҳои қадимтар, хусусан тоавестоӣ на бояд бо марзи кунунии тоҷикнишин маҳдуд шаванд. Илова бар ин навишта буд, ки оиди сангнигораҳо филмҳои алоҳидаи илмиву таълимӣ гирифтан ва мардумро бо ин мероси ниёгонаш шиносонидан лозим аст. Мирбобо Мирраҳим дар ин мақола фикрҳои дигари ҷолиб низ баён кардааст.

1 комментарий:

Z-Bax комментирует...

سلام
وبلاگ بسیار زیبایی دارد
به نظرم پارسی در وبلاگ بنویسید بهتر است تا تمام پارسی زبانان از مطالب شما استفاده کنند