понедельник, 19 октября 2009 г.

Аноҳито – модари Митро

Рӯзномаи «Овози тоҷик», ки нашри расмии Ӯзбекистон аст, 11 июли соли 2009 мақолаеро таҳти унвони «Нанай – яъне Аноҳито» ба таб расонид.

Азбаски дар асотир Митро аз Аноҳитои бокира таваллуд шудааст, ҳайкалчахои гилии ин модархудоро суғдиён дар меҳробҳои худ мегузоштанд.

Ин мақоларо дар блог ҷой дода умедворам, ки хонандагони дигар манотиқи тоҷикнишин низ оиди номҳои вобаста ба Аноҳито ва Митро изҳори ақида мекунанд.

НАНАЙ – ЯЪНЕ АНОҲИТО

Фарҳангу луғатномаҳои кунинуви кӯҳани арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ, туркию чинӣ ва урупоӣ истилоҳи «Аноҳито»-ро, ки аз забони паҳлавӣ ё тоҷикии қадима гирифта шудааст, чун Фариштаи муваккал (ӯҳдадор) бар об тафсир кардаанд. Баъдҳо ин ном ба ситораи Зӯҳро низ итлоқ шуда, онро «Аноҳид», ки кӯтоҳшудаи «Ноҳид» аст, номиданд. Дар «Авесто» вожаи «Аноҳито» фаровон истифода шуда, «духтари зебои ҷомаи барозандадор» (шинаму зебодор) таъриф шудааст. Яке аз бахшҳои панҷгонаи китоби «Авесто» (Обоняшт), дар ниёйишу тараннуми Аноҳито буда, ӯро меситояд. «Яшт» чист? «Яшт»-ҳо мақолаҳоестанд, ки ба сурати мусаҷҷаъ аз ҷаниби нависандагони авистоӣ дар васфи авомили табиӣ, чун Хуршед, Моҳ, Оташ, Об ва Қувваҳои мовароуттабиат суруда шудаанд. Агар ба фарҳангҳои мӯътабари С.Айнӣ, А.Деҳхудо, Фарҳанги сеҷилдаи Амид, Бурҳон, Ғиёс, Фарҳанги форсии имрӯз, Муҳит, Мӯъҷам, рӯ оред хоҳед дарёфт, ки «Яшт» паҳлавӣ буда, феълаш «Яштан», ҳамон тоҷикии «парастидан, сутудан, ибодат кардан» аст.

Ҳадаф аз зикри номи «Аноҳито» - ин Фариштаи обу ободонӣ, - он аст, ки дар тамоми манотиқи Осиёи Миёна то кунун нишонаву боқимондаҳои аз Аноҳитопарастӣ ба назар мерасад. Ба ақидаи аксари шарқшиносон ва уламои бостоншиноси Шарқ (М.Андреев, Г.Снесарев, М.Массон, П.Кузнетсов, А.Шовяков, А.Л.Хромов, М.Исҳоқов ва дигарон) нишонаҳои ин симои дурахшони дини Зардуштӣ дар воҳаи Тошканд – Чочи бостон низ, дар пиндору гуфтору кирдори мардуми баъзе манотиқ эҳсос мешавад. Дар Месопотамияи (Байнаннаҳрайн) бостон ӯро Олиҳаи ишқ, кавкаби Зӯҳро ва ё Ноҳид мехонданд. Бино бар иттифоқи орои соҳибназарони Авестошинос бостонтарин номи «Аноҳито», «Инанна» (Нанайя) будааст ва имрӯз аз сайёраи Ноҳид низ бо зикри ин ном ёд мекунанд. (Ниг. А.Шевяков «Боқимондаҳои нишонаи Аноҳитопарастӣ дар қаламрави воҳаи Тошканд», маҷмӯи мақолоти конфронси илмии «Чоч – Бинкет - Тошкент», Тошканд, с. 2007, с. 111-112). Дар асрҳои миёна тимсоли Аноҳитои Зардуштӣ, бино бар нуфузи муассири Ислом бар манотиқи Осиё, тағйиру таҳаввулеро аз сар мегузаронад ва ӯро дар байни мардум бо нисбатҳои Олиҳаи сафед, Анвар Бибӣ (яъне бибии хушбӯву хушнакҳат ва ҳамчунин моҳие, ки дар батнаш моддаи хуштаъму ранги анбар дорад), Бибии мушкилкушо, Бибии Сешанбе, Зӯҳро (равшантарин сайёрае, ки онро муҷиби хушбахтӣ медонанд ва хунёгари фалак, мутрибаи фалакаш низ хондаанд) зикр мекунанд.

Дар ноҳияи Бӯстонлиқ, мобайни деҳоти кӯҳии Испай ва Пском мазоре бо номи «Каптар-Кумуш» (Кабутарнуқра) мавҷуд аст. Дар деҳаи «Наиболо» (Нанаи боло), ки ҳоло дар он ҷо ҳеҷ кас зиндагӣ намекунад, якчанд мазори хароби дигар низ вуҷуд дорад. Ба ақидаи А.Шевяков деҳаи «Наиболо» дар соли 1850 аз ҷониби деҳотиёни Нанайи поён таъсис ёфтааст. (Ҳамон китоб с. 112). Бино бар он ки мазорҳо дар баландиҳои кӯҳ ҷойгир шуда, зиёраткунандагон факат дар айёми тобистон ба зиёрати онҳо мераванд. Шайхи нигаҳбони ин мазорҳо, ки ҳамзамон чӯпонӣ ҳам мекунад, мегӯяд, ки дар деҳи «Наиболо» 32 мазор вуҷуд дорад, вале ба ақидаи мо теъдоди он мазорҳо на бештар аз панҷ-шаштост.

Тибқи ривояти мардуми таҳҷоӣ, гӯё ба ин деҳа духтари барги тару муқаддасе омадааст ва чанде дар танҳои ба ибодат пардохтааст. Зебоии он духтарро ду малаки осмонӣ дида ба ӯ ошиқ шудаанд ва хостанд ӯ ро ба доми шаҳвати худ афкананд. Вале он духтари зеборӯй аз доми онҳо вораста ба кабутари сафед табдил ёфтааст ва парида аз чанги онон раҳидааст. Бино бар ривояти дигар, ӯ гӯё аз Нанайи поён ба сабаби озорҳои мардум, ба Нанайи боло парида рафтааст. Ин ривоят саргузашти Зӯҳро ва Ҳоруту Морутро ба ёд меорад. Зӯҳроро (Ноҳидро) Ҳоруту Морут низ мехостанд бибӯсанд, вале тибқи ривоятҳо ӯ низ парвоз карда ба ситораи Зӯҳро (Ноҳид) мубаддал гаштааст.

Исми қишлоқи «Нанай», тибқи таъйидҳои соҳибназарони таърихи «Чоч» (ҳамон китоб с. 113) номи бостонии олиҳаи суғдӣ «Нанай» буда, дар Суғдӣ бостон онро аввалҳо «Нанай» ва баъдҳо «Аноҳито» (Ноҳид)-аш мехонданд, ки то кунун маъмул аст. Истинодан ба дастнависои суғдии то замони мо расида метавон гуфт, ки исми деҳаи Нанай аз ҳамон олиҳаи суғднажод Аноҳито, ки аввалан Нанай мехонданд пайдо шудааст. (Ҳамон китоб с. 115). Ба-д-ин сурат метавон гуфт, ки исми деҳаи Нанай, ҳамон «Аноҳито» аст, ки бо мурури замон тағйир ёфтааст. (П.Кузнетсов «О таджиках Ташкентского уезда», Т. 1900, с. 112).

Бояд гуфт, ки исми «Нанай» ва ё монанди он дар бархе аз исмҳои деҳоти Язғулом, Мастчоҳ низ вомехӯрад. Ба ақидаи бешакку шубҳаи мо, исми Нанай ба ифтихори «Олиҳаи обу покӣ, зебоӣ» Аноҳито гузошта шудааст. Бар ин ақида тамоми мусташриқин ва уламои бумӣ мӯътақиданд (Ҳамон китоб с. 115).

Файзхоҷа Маҳмудов

ш. Тошканд

Комментариев нет: