суббота, 21 марта 2009 г.

Шер – рамзи бостонии давлатдорӣ

Аз суолҳое, ки ба торномаи Герби шердор ворид мешаванд, маълум мегардад, ки аз герби собиқи давлати Тоҷикистон берун андохтани сурати рамзии шер бисёриҳоро ба ҷустуҷўи торихи сурати шер дар рамзҳои давлатдории ниёгони тоҷикон андохтааст.

Пеш аз ҳама бояд таъкид кунам, ки он воқеаи дар иҷлосияи порлумон рўйдода аз иттилои ками вакилони мардумӣ аз рамзҳои бостонии тоҷик гувоҳӣ диҳад, аз ҷониби дигар айби бузурги рўшанфикронро низ нишон дод, ки онҳо оиди ин рамзҳои бостонӣ мақолаҳо навишта халқро бо онҳо шинос накардаанд. Дар натиҷа ба озмуни лоиҳаи герб асарҳое пешниҳод гардида буданд, ки унсурҳои герби шўравиро такрор мекарданд, бо иловаи баъзе унсурҳои нав аз қабили сурати тоҷ. Дар ду-се лоиҳа сурати шер ворид шуда буд, он ҳам бо кўшиши камина ва Муҳиддини Олимпур, ки ҳам бо нишри мақолаҳо дар саҳифаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъан» ҳам бо тарғиботи даҳонӣ байни мусаввирон дар лоиҳаи герб зарурати сурати шерро таъкид мекардем.

Аммо ҳамаи ин хеле ва хеле кам буд, дар баҳси чигунагии герби давлат олимони торихшинос, ки аз бозёфтҳои бостоншиносӣ дар марзҳои тоҷикнишин маълумоти пурра доштанд, ширкат наварзиданд. Дар ҳайати комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ягон нафар донишманди торих ё пажўҳишгари торихи ҳунар ворид нашуда буданд.

Яъне ин комиссиюн наметавонист, рассомони майли иштирок дар озмундоштаро гирд оварда, бо онҳо оиди рамзҳои бостонии давлатдории тоҷик сўҳбат гузоранд.

Бо вуҷуди ин бо кўшиши раиси комиссиюн рассом Сўҳроб Қурбонов ва чанд рўшанфикре, ки дар ҳайати ин комиссиюн буданд, аз рамзҳои бостонӣ яке тоҷ ва яке шер ба лоиҳаи герб, ки бояд вакилони мардуми дар иҷлосия муҳокима кунанд интихоб гардиданд.

Дар иҷлосия бошад, ин тарафи корро обрўи баланди шоири бузурги мо Мўъмин Қаноат анҷом дод, ки аз минбар оиди рамзҳои дар лоиҳа тасвиршуда суханронӣ намуд.

Аз рамзҳои қадима дар лоиҳаи герб иқтибосшуда тоҷ ягон баҳс пеш намеовард, зеро сумболи давлатдорӣ ҳисоб мешавад, яъне баромади аслии калимаи тоҷик низ аз ин ҷост. Аммо бо сурати шер бо шубҳа нигоҳ мекарданд, чун онро танҳо дар дирафши Эрони дида буданд.

Оиди сайри торихии рамзи шер дар ҳайати мардуми Осиёи Марказӣ аз китоби Л.И.Ремпель «Занҷири замонаҳо» (Тошканд, 1987) маълумот метавон гирифт.

Гузаштагони мардуми тоҷик дар осори ҳунари ва амалию ороишӣ шерҳоро дар намуди гуногун тасвир кардаанд. Масалан шерҳоеро мебинед, ки дар сар тоҷи подшоҳӣ доранду дарахти ҳаётро муҳофизат мекунанд (бозёфти археологӣ аз Кохи Сомониён), ё шерҳое, ки бол доранд.

Шерҳои болдор ба намуди грифонҳо дохил мешавад (Оид ба сурати шерҳои болдор дар марзи Тоҷикистон маълумот доштан хоҳед, нигаред ба Беленицкий А.И «Монументальное искусство Пенджикента»).

Ба таъкиди Л.И.Ремпель сурати шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт ва шери болдор аз қадим дар шакли герб, дар ороиши кохи ҳокимон ва либосҳои онон истифода шуда омадааст. Мо ин ҷо танҳо ба бозёфтҳои археологии марзҳои тоҷикнишини асрҳои VI-VIII муроҷиат намудем. Зеро бо ҷорӣ шудан ва қувват гирифтани дини ислом ин рамзҳо аз байн рафтаанд.

Ҳоло баъзеи онҳоро аз китоби номбурдаи Ремпель манзури шумо мекунам.






Комментариев нет: