суббота, 28 марта 2009 г.

Посухи панҷум

Аз оини меҳрпарастӣ то ба имрўз ягон матни хаттӣ, ягон ривоят омада нарасидааст, ки мо оиди мақоми намоди шерӣ байни ниёгони тоҷикон тавонем бештар сухан ронем. Ба мо танҳо тасвирҳо омада расидаанд, ки онҳо низ мутааллиқ ба даврони меҳрпарастӣ нестанд, баъдинаанд.

Мо дар бораи оташе, ки дар мағзи кураи Замин ҳаст, чизеро намедонем. Зеро ягон дастгоҳи фаннӣ имкони ба он расида тадқиқ карданро надорад.

Аммо гармии онро ҳис метавон кард, вулқонҳо баъзан гувоҳи медиҳанд. Намоди шер низ дар фарҳанги тоҷик ба мисли ҳамон мағзи хеле тафсони Замин аст. Мо танҳо гармии онро, ки аз замонаи хеле дур меояд, ҳис мекунем.

Мо медонем, ки ин шер дар маркази марказҳои фарҳанги ниёгони мо қарор дошт, дарун мояи онро ташкил мекард, аммо маълумоти пурра надорем. Ба мисли он ки чархи аробаро аз ниёгони мо кӣ кай ихтиро карда буд, маълумоте нест, намоди шерӣ низ айнан ҳамин гуна аст. Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Гердер ҳар як миллат маркази бахти худро дар дохили худ дорад, ба мисли курае, ки маркази вазнинаш дар мағзаш ниҳон аст.

Агар ба масал мафҳуми миллат иборат аз чунин курраи чун пиёз аз қабатҳо иборат бошад, вақте ки ҳама қабатҳои онро берун мекунеду ба мағзаш мерасед, мебинед, ки сурати шер истодааст. Тоҷдор ё болдор дар ҳимояи дарахти ҳаёт.

Асоси асосҳои руҳи миллӣ ҳамин шер аст, он барои ташаккули фарҳанги мо таъсири бузурге расонидааст.

Чаро Рўдакӣ дар шеъраш амири сомониро шермард мегўяд, чаро Фирдавсӣ Рустамро шермард мегўяд, чаро Рўдакӣ «Модари озодагон кам зояд» (шер кам зояд) мегўяд?

Чаро мо ба аз худ хурдсолтар «шери ако!» гўён муроҷиат мекунем? Чоро хурдсолонро ситоиш кунем «офарин шербачаҳо!» мегўем?

Агар пажуҳишгарони адабиёти мумтоз ва фолклоршиносон, мардумшиносон сари ин масъала фикр кунанд, мисолҳои бештаре пайдо карда ҳатман ба он хулосае, ки ман расиидам, хоҳанд расид.

Агар бостошиносон кўшиш намоянд, чун шерҳои Панҷакенти қадим тасвирҳои ҷолибтари шерро аз таҳхонаҳои торихи тоҷикон хоҳанд ёфт.

Халқҳои ба мардуми тоҷик ҳамсоя них Алишер, Шермуҳаммад, Шералӣ барин номҳо доранд.

Чун пешгузаштагонашон оини меҳрпарастиро аз сар гузаронидаанд. Аммо дар онҳо ҷойгоҳи шер он қадар густардатар нест, чунон ки дар байни мардуми тоҷик зиёд мушоҳида мешавад, нест.

Дар онҳо Бўриев, Қўзиев, Чориев барин номҳо зиёд вомехўранд, ки ба сабаби ҳамзистӣ дар як марз ба тоҷикон низ гузаштааст. Яъне дар байни қавмҳои турк гургу гўсфанд низ ҷойгоҳи худро дорад.

Барои баъзе қавмҳо гург, гўсфанд, саг, паланг дар замонҳои меҳрпарастию томитроӣ тотем буданд, яъне ҳомии ҳамон қабила аз балову қазоҳо буданд. Решаи чунин номҳо аз он ҷост. Аммо барои ниёгони давраи тоавестоии мо шер аллакай тотеми як қавме аз қавмҳои мардуми ориёӣ набуд. Он аллакайҳо дар оини митроӣ мақоми баландтару густардатареро касб намуда ба муҳофизи аҳуроии дарахти ҳаёт мубаддал гардида буд.

Агар шер барои ниёгони мо танҳо тотем мебуд, ҳатман то ба имрўз одате аз он аз қабили он ки дандонҳот гургро шадда карда ба гардан меовезанд, омада мерасид. Аммо барои як не, балки чандин қавм замоне тотем будани шер, чун шоҳи ҳайвонот ва пурзўр як падидаи табии бояд шинохта шавад.

Агар ба сайри торихии тасвири шер дар фарҳанги худамон назар андозем, мебинем, ки аз ду шери тоҷдор ё болдори муҳофизи дарахти ҳаёт танҳо яке мондааст, ки аз тахтапушти он хуршед тулўъ мекунад. Ин ҷо хуршед ҷои дарахти рамзиро гирифтааст. Дарахти ҳаёти рамзӣ ба нақшҳои меъморӣ кўчидааст, ки намунаҳояш дар шаклҳои гуногун то ба имрўз расидааст ва тасвир намудани онро устоҳои наққошу гочкору кандакори тоҷик идома медиҳанд. Дар табақаи дари қадимае сурати барқади шерро дидаам, ки аз он донишмандони торихи ҳунар хабардор будагистанд. Аммо чунин кор фардист.

Дар он тасвирҳои намоди, ки хуршед аз паси шер тулўъ мекунад, шер на тоҷ дораду на бол. Тоҷу болҳо дар кадом замона афтодаанд, эҳтимол донишмандони торих бидонанд, аммо ман чизе намедонам ва он китобҳоеро, ки донишмандони эронӣ оиди намоди шеру хуршед чоп кардаанд, нахондаам. Агар фикри шахсии маро бипурсед, бароям ҳамон сафолпора, ки дар он ду шери дар сар тоҷдошта аз ду ҷониб дар ҳифозати дарахти ҳаёт истодаанд, хуштар аст. Эҳтимол ба он сабаб, ки ин мазмун шарҳу тафсир намехоҳад, ҳатто барои кўдак низ фаҳмост. Шерҳои болдору тоҷдор намоди оҳуроианд, ба ин шак надорам.

Бо омадани ислом ба сарзаминамон гум шудани ин унсурҳои аҳуроӣ низ фаҳмост.

Шакли шер низ дар шеру хуршеди пештоқҳои мадорис намуди аморфӣ ба худ гирифтааст, на палангу на шер, як шери рамзист. Аммо хуршед митроӣ аст бо чеҳраи зебои зан.

Пас суол ин аст? Мо кадоми инҳоро асоси намодӣ қарор дода метавонем?

Комментариев нет: