пятница, 14 августа 2009 г.

Рўшанфикрон куҷоед?

Сухане чанд пиромуни номаи як зиёӣ.

Номаи ўро рўзе боз кардам, ки аз рақами 32-и «Аргументы и факты»-и ҳамин сол мусоҳибаеро бо коргардони машҳур Галина Волчек хонда будам.
Дар оғози ин мусоҳиба мухбир суханро аз муносибати хеле бади ҷавонони рус нисбати тоҷикон ба миён меорад, гўё шунидааст, ки онҳо байни худ чунин гуфтаанд: «Что-то скучно, может какого-нибуд таджика забить?»
Калимаи «забить» ба маънои куштани ягон ҳайвон низ истифода мешавад ва ин ҷо ба ҳамин маъност.
Камина даҳриям, тарафдорӣ прюларизм ҳастам, эътиқоди динии конфессияҳои гуногунро эҳтиром мегузорам.
Аммо мулоҳиза кунед: Тоҷиконро на барои он мекушанд, ки масеҳӣ нестанд. Масеҳӣ бошанд низ мекушанд. Тоҷиконро ба он сабаб мекушанд, ки миллат нестанд. Ё миллат бошанд ҳам шакл нагирифтаанд. Халқи тоҷик ҳама яксара дини масеҳӣ ё яҳудӣ ё буддоиро қабул кунад ҳам миллат шуда наметавонад. Тавре, ки бо ислом низ миллат шуда натонист.
Миллатро танҳо ғояи миллӣ шакл медиҳад.
Бубинед, ки скинхедҳои рус дар Русия ягон немисро то ҳол накуштаанд, ҳол он ки немисҳо дар ду ҷанги ҷаҳонӣ даҳҳо миллион нафар русҳоро кушта буданд. Чаро? Посух яктост: немисҳо миллатанд.
Агар халқи тоҷик миллат аст, пас бигўед, ки ғояи миллии он кадом аст?
Ҳатто дини зардуштӣ ғояи миллиро дода натавонист. Нитче кўшид, ки ба Зардушт ғояи абармардиро нисбат диҳад, лек тарбияи абармард дар ҳафт марҳилаи митроӣ ҳаст.
Ғояи миллӣ дар ҳафт марҳила ё мақоми меҳрпарастӣ ҳаст. Аммо онро мардуми мо дар тўли торихи се ҳазор соли охир гум кардааст.
Дар ин муддат дар ҷаҳон илмҳои нав арзи ҳастӣ намуданд, фановариҳои компютерӣ аз ҷумлаи онҳост, ки бе он инсони комилро тарбия натавон кард.
Аммо талаботи митроӣ нисбати такомули инсон қариб, ки дигар нашудааст.
Шоҳи собиқи Эрон ҳазорҳо ҷавонони эрониро ба хориҷи кишвар барои таҳсил мефиристод. Бубинед, ки дар бисёр кишварҳои пешрафта пизишкони беҳтарин онҳоянд. Шабакаҳои форсии хориҷӣ доимо бо тарғиби илми тандурустӣ машғуланд.
Акнун биандешед, ки ҷавони тоҷик яке аз талабҳои мактаби митроӣ Рустам шуданро омўхта бошад, чанд нафар ҳуҷум кунад ҳам, ўро мағлуб карда наметавонанд. Агар тибқи талаботи митроӣ фалсафаро аз бар кунад, ягон роҳбари ҷараёни ифротӣ ўро бозичаи сиёсати худ наметавонад кард.
Ғояи миллӣ маълум хоҳад намуд, ки мактаби тоҷикӣ чӣ гуна бошад. Дар мактаби тоҷикӣ фанҳое ба мисли фалсафа, тиб, дорусозӣ, тарбияи ҷисмонӣ бо барномаҳои худмуҳофизакунӣ бо ҷанги дастӣ ва дигар талабҳои оини митроӣ дарсҳо бояд бошанд.
Боз биандешед, ки агар ҷавонони мо яке аз ҳунарҳое, ки аз бар намудани он дар оини митроӣ ҳатмист, масалан сангтароширо медонистанд, чӣ ҳолате рух медод?
Якум, ба умеди чиниҳо нашуда худи мардуми тоҷик тамоми роҳҳоро сангфарш мекард, тамоми нақбҳои нақлиётиро то пайдо шудани техникаи нави нақбканӣ бо дастонаш худаш меканд.
Дуюм, аз сангҳо осори санъате меофарид, ки дар тамоми ҷаҳон ба фурўш мерафт.
Саввум, қасрҳои сангини зебое месохт, ки барои дидани он аз тамоми дунё ҳар сол миллионҳо ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон меомаданд. Ва имрўз халқи тоҷик пурсарват низ мебуд.
Ғояи миллӣ идеали миллиро муайян хоҳад кард.
Дар ин бобат файласуфони тоҷик аз ҷумла Акбари Турсон чаро хомўш нишастаанд, ҳайратовар аст.
Ин масъалаҳоро бояд онҳо матраҳ кунанд, на камина, ки донишманди ин соҳа нестам.

3 комментария:

reza vahab комментирует...

dustan e hamzaban e tajik! dorud! besyar barayam jaleb bud ke tavajjoh e shoma be akhbar e iran ra didam. man yeki az shaeran e iran hastam ke behamrah e dustanam talash darim ta ba javanan e hamzaban e tajik ertebat va ashnaei e bishtari dasgte bashim. khoshhal mishavam agar be weblog e man sar bezanid va peygham begozarid.
rezavahhab.blogfa.com

memor комментирует...

Оғои Ашод, навиштаҳоятон бисёр маъқул. Давлатамон на он қадар бузург, халқамон на он қадар зиёд, хубтар нигоҳ кунем, бойгариамон ҳам кам аст. Амо метвонем бо ИЛМ ва ФАРҲАНГ эътибор ва ҳурмат пайдо кунем. Ман ки таҳсиламро дар Туркиё тамом кардам, шоҳиди онам, ки ИЛМ бисёри камбудиҳоро ҳал мекунад. Он рӯзро бо ҳаяҷон интизорам, ки дунё дар ҳама ҷой аз бораи олимони тоҷик ва миллате ки Ибни Синоҳоро ба одамизод ҳадя кардааст баҳс кунад.

Ботур Косими комментирует...

Салом бар шумо, чаноби Истад!

Фикратонро хуб навиштед, вале кайд накардед, ки он гояи миллиро ин "гусолахои рихин" ба гояи махаллиашон табдил додаанд. Мо дар хар давру замон гояхои миллии гуногун доштем ва миллати мо хануз хамон миллатаст, ки Зардушту Рудакиву Синову Сомониро офаридааст ва боз хохад офарид. Мушкили мо дар он аст, ки холо миллати мо сохибу сарвари асил, далеру доно, надорад. Сарвар набошад миллат рохгум мезанад. Чунин аст шархи холи мо. Умедворем, ки рузе поёни шаби сиях сапед аст...

Худо мададгоратон.

Ботур Косими