вторник, 15 февраля 2011 г.

АДИБ АДАШ ИСТАД: «МИТРОИЗМ – МАРҲАЛАИ ФАРОМЎШШУДАИ ТАЪРИХИ МОСТ»

Адиби самарқандӣ Ўктами Иброҳим бо камина оиди митроизм сўҳбате орост барои нашрияҳои Ўзбекистон – «Овози тоҷик» ва «Ховар». Хеле фараҳовар аст, ки нашрияҳои тоҷикии респупликавию вилоятии Ўзбекистон қабл аз ин хеле мақолаҳои каминаро оиди нуқси илмии торихнигорӣ оиди митроизм нашр карданд.

Аммо яхи хомўшии торихнигорони мо нашикаст, ки нашикаст.

Ҳоло ба матни ин мусоҳиба таваҷҷўҳ кунед.
Чуноне ки аз мақолаҳои ҷойдодаи адиб ва рўзноманигори шинохта Адаш Истад дар торномаи вай блоги Герби шердор дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дар хусуси оини митроӣ бармеояд, вай дини тозардуштии ниёгони мост.

Аз оини митроӣ чиҳо боқӣ мондаанд? Вай чӣ гуна дин буд? Ба ин ва дигар масъалаҳо хабарнигори нашрияи ғайрирасмии республикавии «Ховар» Ўктам Иброҳим дар мусоҳиба бо адиб Адаш Истад рўшанӣ андохтааст.

- То тавонистам силсилаи мақолаҳоро аз бобати митроизм – оини бостонии мардуми мо мутолаа кардам. Матолиби дар ин бора дар блоги Шумо ҷойдодашуда шавқовар ва дар айни замон баҳспазир ҳам аст. На ҳама аз оини митроизм огоҳ ҳастанд, аз ин рў, суоле бармеояд, ки митроизм кай зуҳур карда ва чаро аз байн рафт?

- Маводи дар блоги Герби шердор ҷойдодашударо ман баҳснок гуфта наметавонам. Онҳоро баҳснок гуфтан мумкин аст, агар ягон далел набошад Ҳол он ки ҳамаи олимҳо: сароғоз аз академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» то доктори илми филология, профессор Холиқ Мирзозода дар ин хусус навиштаанд. Аммо онҳо митроизмро чун давраи таърих муайян накардаанд, ба қадри кофӣ дар ин хусус нанавиштаанд.

Дар давраи шўравӣ идеологияи коммунистӣ ҳукмрон буд. Идеологияи коммунистӣ талаб мекард, ки таърих аз нуқтаи назари муборизаи синфҳо навишта шавад. Азбаски иделогияи коммунистӣ атеистӣ буд, таърихро аз назари таърихи динҳо наменавиштанд. Институтҳои таърих,ховаршиносӣ дар Тошканд, Душанбе ва дигар шаҳрҳо буданд, аммо таърихнависон ҳамаро мебоист ки аз нуқтаи назари иделогияи коммунистӣ таҳлил мекарданд, онҳо ба таърихи динҳо эътибор намедоданд. Ҳол он ки таърихи бани башар – таърихи тамаддунҳо вобаста ба таърихи динҳо аст.

Дар хусуси оини Митроӣ чӣ гуфтан мумкин? Меҳрпарастӣ – офтобпарастӣ гуфтанӣ гап аст.
Ҳафриётшиносон дар кўҳистони водии Зарафшон баъзе қабрҳоро пайдо кардаанд, ки дар он ҷо маитҳо ба тариқи меҳрпарастӣ ба хок супурда шудаанд, яъне ба тариқи зардуштӣ не. Дар оини зардуштӣ мурдаро дар замин гўр кардан нест. Тадқиқоти радиологӣ нишон дод, ки ин қабрҳо ба замони меҳрпарастӣ мутааллиқанд. Болои чунин қабрҳо свастика ҳаст, ки ин ҳам нишони меҳрпарастӣ маҳсуб мешавад. Ё нақши салиб ҳаст, вай ҳам нишони Офтоб – митроизм мебошад.

Дар вақти навиштани китобҳо доир ба таърих як марҳалаи калон, ки бо масъалаи динҳо алоқаманд аст, аз онҳо берун мондааст. Бинобар ин, ба мавзўи динҳои тозардуштӣ баргашта, таърихи мардуми моро пурратар ва комилтар навиштан лозим.

- Дар китоби тозанашрии «Форсигўёни Ўзбекистон» дар Ҷумҳурии Исломии Ирон чунин сатрҳо ҳастанд: «Адаш Истад шоири ормонгарост, ба гузаштаи пурифтихорри миллати худ вафодор аст, бо дардҳои гузашта ва имрўз ба сар мебарад…» Шумо тамаддуни ба вуҷудовардаи митроизмро бо фарҳанги имрўза пайваст кардан лозим аст, мегўед?

- Митроизмро бо фарҳанги имрўза пайваст кардан лозим аст, намегўям. Ин ҳама бозёфтҳо барои худшиносии халқ лозим аст. Таърих бояд дуруст, пурра ва саҳеҳ бошад. Фарҳанги митроӣ барои ҷаҳон чӣ дод?: Масалан, мо ҷойҳои лозимии фарҳанги митроиро бигирем, аз ҷумла, ҳафт зинаи камолоти инсониро, ки дар мактаби митроӣ вуҷуд дошт, инкор карда намешавад. Мебояд ки тадқиқ шавад: ҳамин дин инсонро дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ба кадом дараҷа баланд бардошт? Пеш аз ин дин чӣ хел дин буд? Чӣ хел тарбият мекарданд инсонҳоро?

Дар замони қадим ягон системаи тарбия вуҷуд надошт. Системаи тарбияи инсонро дини митроӣ ба вуҷуд овард ва он аз ҳафт класс ё худ зина иборат буд. Дар классҳои якум, дуюм, сеюм фикри тарбиягирандаро мекушоданд, ҷаҳонбиниашро ташаккул медоданд. Дар чунин мактаб ҳатто дорусозиро, агар инсон бемор шавад, кадом доруро мебояд ки истеъмол кунад, меомўхтанд. Як бахше, ки меомўхтанд, дорусозӣ буд. Илми дигаре, ки омўхта мешуд, аз санг сохтани хона буд. Сангтароширо меомўхтанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбӣ ҳам дар ин классҳо вуҷуд дошт.

Санадҳои бисёр ҳастанд, ки дини митроӣ – дини ниёгони мо буданашро ба собит мерасонанд, бо вуҷуди он ки даъвоҳои зиёд ҳаст, ки вай аз они дигар халқҳост. Дар лаби дарёи Ому аробачаи тиллоиро дарёфтаанд, ки дар вай ду нафар нишаста будаанд. Яке аз онҳо, ки кулоҳи дароз дорад, Митро аст. Дар ҳайкалчаҳои сафолӣ, ки дар Самарқанд аз қабати мадании асри VII пайдо шудаанд, ҳайкалчаҳои Митро ҳастанд. Ин ҳам аро олимон исбот кардаанд, дарёфтаанд. Ҳайкалҳои калони Митроро дар Аврупо дар Рим, Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир мебинем.

- Дар мақолаҳои Шумо дар блоги Герби шердор аксҳои нишонаҳои митроизм дар ёдгориҳои меъмории Самарқанд ҳастанд. Гуфтан мумкин аст, ки рўмони машҳури «Самаки айёр» ҳам нишонаи митроизм, ки якеаш оини ҷавонмардӣ аст, мебошад?

- Оини митроиро китоб нест. Онро муайян кардан мушкил. Танҳо аз рўи оинномаҳои ҳунармандону айёрон муайян кардан мумкин аст, ки ин созмонҳо аз мактабҳои митроӣ чӣ гирифтааанд. Онҳо талабҳои хосса доштаанд. Талаби нахустинашон сирро пўшида доштан будааст. Ин ҳол дар тасаввуф низ ҳаст, ки ин ҳама хоси мактаби митроист. Эҳтимол, оини митроӣ дар замони дини зардуштия ба таъқиботи сахт дучор мешавад, ки созмонҳои пинҳонкори митроӣ ба вуҷуд омадаанд. Агар ҳамин тавр намебуд, свастика, салиб, ситораҳои панҷгўша, шашгўша, фирфиракҳо, нақшҳои офтобу шер, ки ҳама хоси дини митроист, то ба имрўз омада намерасиданд. Дар мисоли «Самаки айёр» метавон гуфт ки дини митроӣ оини ҷавонмардиро ба вуҷуд овардааст.

Агар аз таърихи санъати меъморӣ мисол бигирем, маъбадҳои офтобпарастӣ далели равшананд. Масалан, дар шаҳраки қадимии Афросиёб як иморати гумбаздоштаро кашф кардаанд. Дар таги гумбаз даврамонанд долон ҳаст. Ҳамин ҷо даричаҳо, тирезачаҳо сохтаанд. Онҳо ба таври пурра маъбадҳои митроӣ ҳастанд, ба онҳо бо навбат пас аз ҳар соат офтоб меояд. Маъбад митроӣ аст, зеро дар зардуштия офтобпарастӣ нест. Инчунин, аз дини митроӣ бисёр ёдгори ҳои меъморӣ боқӣ мондаанд. Дар Самарқанд -_Аработа, дар Бухоро - мақбараи Исмоили Сомонӣ, дар Афросиёб як хонаи гумбаздор, ки ҳама аз рўи оини митроӣ сохта шудаанд.

- Митроизм моли таърих аст, ё онро эҳё мебояд кард?

- Митроизм моли таърих аст, дини митроиро зинда карда намешавад. Аз вай ягон навишта, китоб боқӣ намондааст. Аммо боз як маротиба таъкид мекунам: шинохти митроизм барои худшиносии миллии мо, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ лозим ва зарур аст.

Нигорандаи сўҳбат Ўктам ИБРОҲИМ
ш.Самарқанд

понедельник, 14 февраля 2011 г.

Бобои барфӣ – нишони митроизм

Дар русуми мардумӣ бозгашти Бобои барфӣ дар соли нави масеҳӣ аз бозмондаҳои оини митроист. Ҷомаи сурх, мўзаи сурх ва кулоҳи сурхи митроӣ ба ин равшан далолат мекунад.

Дар рўзи мавлуди Митро – 21 декабр, ки худои митроиён – Хуршед бар зимистон пирўз мешавад, аз нав зинда шуда ба ин дунё бо халтаи тўҳфоҳо баргаштани одамхудо Митро аз ақидаҳои бостонист. Арчаи солинавӣ бошад, дар назари митроиён дарахти ҳамешасабзи ҳаётро таҷассум мекард.

Дар асрҳои миёна маъноҳои пешини русуми митроӣ батамом аз байн рафтааст.

Мо имрўз аз шакл хабар дорем, на аз маъно.

Як рўзи зимистон аз кўчаи деҳаи Боғитиллои Самарқанд мегузаштам, ки бо муҷассамаи бузурги аз барф сохтаи Бобои барфӣ дучор шудам, ки ҳанўз сохтани он давом дошт.

Дар сурат ин лаҳзаро мебинед.

среда, 9 февраля 2011 г.

Усто Амриддин: Мо – устоҳои асри XXI


Ҳаракат

- Ба ин нақш бо диққат нигоҳ кунед. Бинед, чӣ қадар ҳаракати бисёр!
Усто Амриддин Наҷмиеви самарқандӣ ҳаракати дасти наққош ва гачкорро нишон медиҳад.
- Э-ҳе, чӣ қадар ҳаракат зиёд аст,- мегўям ман.
- Ҳаракат чӣ қадар зиёд бошад, нақш ҳамон қадар зиндатар ва устои он ҳамон қадар моҳиртар,- мегўяд усто.

Мусиқии нақш

- Устои наққошии миллӣ ё кандакору гачкор, агар Шашмақомро нафаҳмаду дўст надорад, мусиқии нақши миллиро низ намефаҳмад,- мегўяд усто Амриддин. Ва давом медиҳад: - Ҷаҳони наққошии мумтоз ҳамсанги худ мусиқии миллии классикиро мехоҳад. Эҳтимол ба ҳамин сабаб агар сарояндаи мусиқии классикӣ сурудашро дар ягон мадрасаи Регистон хонад, таъсираш хеле зиёд аст.

Нақш худаш ба шумо мегўяд…

Усто Амридин дар эҷоди наққошии меҳмонхонае дар шаҳри Тошканд ҳамроҳи шогирдон як гўшаи корро анҷом дод. Соҳибхона баъди дидани он гуфт:
- Вайрон кунед ва ягон нақши дигарро созед.
- Чаро? - Пурсид усто,- Сабаб чист?
- Сабабашро намедонам, лекин ба ман чандон хуш нест.
- Ин тавр бошад, дар поёни кор хоҳем кард,- гуфт усто.
- Чаро ҳоло не?- пурсид соҳибхона.
- Дар охир нақшҳои дигаре, ки хоҳем кашид, хоҳанд гуфт, лозим аст ё не?
Дар охири кор усто аз соҳибхона пурсид. Нақши аввалиро тарошида ба ҷояш нақши дигарро кашам ё не?
- Не,- гуфт соҳибхона,- нақшҳои дигар гуфта истодаанд, ки нақши аввалӣ дар ҷои худаш қарор дорад.
- Инро ба забони имрўз гармония мегўянд, яъне ҳамоҳангии комили ҷузъу том,- мегўяд усто Амриддин ва табассум мекунад. Ҳаргиз намегўяд: - Ана дидед, Шумо хато карда будед!

Омўзиш

Суоли ман: - Дирўз Шуморо кофтам, дар Самарқанд набудед?
- Ба Бухоро рафта будам.
- Ягон кори нав баромад?
- Не. Ҳамту барои тамошо.
- Бори даҳум ё дувоздаҳум аст, ки ба Бухоро меравед. Чанд бор аксбардорӣ ҳам кардаед (хуб медонам, ки усто Амриддин дастгоҳи аккосии замонавиро доим бо худ мебарад ва дар компютераш қариб ҳама нақшҳои меъмории Самарқанду Бухоро, Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ҳастанд).
- Нақши зиндаро бо чашми зинда ба такрор дидан тамоман дигар аст. Барои худам ягон сифати дигари онро кашф мекунам. Ба ғайри ин Бухоро як баҳри калони осори ҳунармандии миллист. Ҳамаи дастовардҳои тўли асрҳо дар он ҷамъшударо бо чанд рўзи тамошо фаро гирифтан имкон надорад. Бояд маротиби зиёд ба он ҷо рафт. Ҳар бор биравам, ягон нақши аҷибро кашф мекунам. Бухоро танҳо аз чанд ёдгории машҳураш иборат нест. Меҳмонхонаҳои наққошии қадимие дорад, ки бо мурури замон фартут шуда аз байн рафта истодаанд…

Дар Осиёи Миёна шаҳрҳои бостонӣ кам нестанд, аммо танҳо Бухороро Бухорои шариф мегўем.

Ва ҳар касе, ки зиёрати Бухоро мекунад, аз шарофати он кайфияти рўҳониву маънавӣ мегирад. Ба монанди он, ки батареяҳои камшудаи ботини мо бо дидани Бухоро аз нав пур ва пурқувват шуда бошанд.

Кори усто – бедарбеҳ

Барои худам як хонаи корӣ дар зери айвон месохтам. Бом - тайёр, ду девор тайёр. Танҳо ду девор, як тиреза ва як дар лозим шуд.
Вақте ки деворҳо сохта шуданд, усто Амриддин бо чанд тан шогирдонашон вориди ҳавлӣ гардиданд.
- Мо ба ҳашар омадем, гуфтанд усто,- ин тарафашро монед, ки мо худамон анҷом диҳем. Кўмак ба як адиб.
Бародари устои мўҳтарам усто Баҳриддин дасту остин бар зада фарши тахтачўб ва дару тирезаро дуруст кард.
Вақте ки усто Саъдӣ бо писарашон Санҷар муқарнасҳоро аз қолиб бароварда ба часпондан сар карданд, аз дилам гузашт, ки ҷое, ки сари тасмаи муқарнас бо охири он рў ба рў ояд, онро чӣ тавр мечаспонанд, ки бенуқс бошад ва ҷои пайванд маълум нашавад?
Баъди он ки ин кор тамом шуд, дидам, ки ҷои пайванд ҳеҷ маълум нест, яъне ҳар кас давродаври зери болорҳоро сад диққат кунад ҳам усто корро аз куҷо сар кард, муаян карда наметавонад.
Сипас аз зери тасмаи муқарнас тасмаи наққоширо сар доданд, ки он ҳам бо қўшиши усто Зокир ҳамин гуна бенуқс пайванд шуд.
Дар ин бора ба усто Амриддин нақл кардам.
Ҷавоби усто чунин буд:
- Чаро моро усто мегўянд? Ба ғайри илми ҳисоб, геометрияро низ донистани усто шарт аст.

Хонед, хонед, боз хонед

Талаби усто Амриддин аз шогирдон ҳамин аст.
Аз яке мепурсад: - Ман ба ту гуфта будам, ки ҳуҷҷатҳоятро барои дохил шудан ба Донишкадаи меъморӣ ва сохтмон супор. Супоридӣ?
Аз дигаре мепурсад: - Таҳсил дар коллеҷ чӣ хел рафсодаст?
Баъди гирифтани маълумоти қонеъкунанда илова мекунад: - Ҳар яки шумо бояд бо компютер кор карда тавонед. Шумо устоҳои асри XXI. Нақшҳоро бояд дар компютер эҷод кунед. – Ва ба компютери худ ишора мекунад.

Симметрия

Ман як китоб доштам, ки дар он маърўзаҳои як конфронси байнанхалқии илмӣ оид ба симметрия чоп шудааст.
- Симметрия дар кори шумоён чӣ мақоме дорад? – Пурсидам боре аз усто Амриддин.
- Мақоми асосӣ дорад. Усто агар нозукиҳои симметрияро надонад, нақши комил офарида наметавонад.
- Ман як китоби илмӣ оид ба симметрия дорам.
Чеҳраи усто гул барин шукуфт. Табассум дар чеҳрааш мавҷ зад. Чашмонаш дурахшиданд.
- Ҳамон китобро медиҳед, ки хонем?
- Ман тайёр, ки онро ба шумо бубахшам.
Баъди он ки он китобро авардаму усто бо он шинос шуд, шунидам, ки ба шогирдон тавсия медод: - Бинед, ки ба назари мо як чизи оддӣ чӣ илми бузурге будааст! Ҳатман бо нозукиҳои симметрия шинос шудани ҳамаи шумо лозим аст.

Ҳоҷӣ – бисёр, усто Амриддин – якто!

Усто Амриддин хондани китобҳоро оиди тасаввуф дўст медорад. Ва шиори онон «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб!»-ро хеле бисёр зам-зама мекунад.
Боре дидам, ки дар тараддуди ҳаҷравӣ аст. Хеле хурсанд, гўё болу пар баровардааст.
Аз сафари ҳаҷ камтар лоғарандому нуронӣ баргашт.
Гуфтам: - Он ҷо чӣ қадар ҳоҷиро дидед?
- Якчанд миллион нафар.
- Яъне ин дар як навбат. Дар як сол чӣ қадару дар сад сол чӣ қадар хоҳад буд?
- Садҳо миллион нафар, гуфт усто.
- Вале афсус, ки мо танҳо якто усто Амриддин дорем! – гуфтам ман.
- Ман корро канор гузоштанӣ нестам гуфт,- ҳоҷӣ усто,- шиори пирони мо: – «Дил ба ёру даст ба кор!»

Бе кина


Як мансабдор 10-15 сол пеш усто Амриддинро ранҷонда буд.

Боре дидам, ки ҳамон мансабдор бо чеҳраи шукуфон аз устохонаи усто Амриддин берун омад. Ман ба назди усто меомадам ва саломалек карда гузаштам.

Вақте ки вориди утоқи кории усто гардидам, дидам, ки чеҳраи усто низ пури табассум аст. Пурсидам:
- Мўҷиби ин хушҳолӣ чист?
- Он мансабдор, ки беруни дар дидед, илтимос карданд, ки як меҳмонхонаашонро гачкорӣ ва наққошӣ кунам. Қабул кардам.
- Магар ҳамон нест, ки шуморо сахт ранҷонда буд?
- Оре, ин ҳамон кас. Аммо он ранҷишро кайҳо фаромўш кардам. Усто набояд ба дил кина гирифта гардад. Дилро бо чизҳои нағз бояд пур кард на бо кина ва монанди он.

Эй, ки берун меравӣ…

- Ҳамон байти «Эй, ки берун меравӣ ин остонро гум макун» аз кадом шоир? – Мепурсад ба ногоҳ ҳангоми сўҳбат усто Амриддин.
- Аниқ намедонам. Ба тахминам аз устод Лоиқ.
- Мисраи аввалини он «Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар» буд?
- Аниқ намедонам. Аммо мазмунаш хамин буд.

Баъди чанд вақт усто дар моҳи Рамазон ифтор дод. Ман низ даъват шуда будам. Ба ҳавлӣ ворид шуда болои як дарвозаи ҳавлӣ он байтро дидам, ки бо ҳуруфи калон чун шиор навиштааст.

Меҳмонхонаи шахсии усто низ бо шоҳбайтҳои классикони тоҷику ўзбек тазйин ёфтааст.

Аз дўст як ошора…


Устоҳои ҳунарманди миллӣ ҳамдигарро мешиносанд. Аммо на ҳама ҷўрагӣ доранд.

- Ман имрўз ба Имом Бухорӣ рафсодиям. Шумо маҷмўаи нави онро дидед? – Пурсид усто Амриддин.
- Не надидаам.
- Марҳамат, метавонем ҳоло ҳамроҳ равем,- гуфт усто.

Ман ба мошини усто нишастам ва мо равон шудем.

Дар назди устохонаи тармими ёдгориҳои меъморӣ ба мошин ду нафар нишастанд. Яке устои кошинсоз будааст. Усто ба дуюмӣ, ки дар чашм айнак дошту зиёинамо буд, ишора кард: - Ин кас ҷўраи ман Ҳодихон. Роҳбари ҳамин устохона.

Дар дилам гуфтам, ки ҳар кас ҷўраи усто Амриддин шуда наметавонад. Маълум, ки одами нагз. Аммо дар зоҳир ба маъмур яъне соҳибмансаб бештар монанд аст.

Усто илова кард: - Мо ин роҳи мақбараи Имом Бухориро си сол пеш бо Ҳодихон бисёр пои пиёда тай кардем. Чанд пойафзолро даррондем. Он вақтҳо нақлиёт кам буд. Ба таъмиру тармими мақбара пул ҷудо нашуда буд. Гўё ба ҳашар омада мерафтем. Баракати ҳамон будагист, ки имрўз Ҳодихон ва ман аз зиндагӣ шикоят надорем.

Ман барои он ки бифаҳмам, ки Ҳодихон то кадом дараҷа вориди касби мушкили худаст, савол додам: - Ман намедонам, ки кайвон чӣ маънӣ дорад?
- Кайвон – равоқи даврамонанди шифти айвон,- гуфт Ҳодихон ва илова кард, - Айвонҳои зиёратгоҳи Имом Бухорӣ кайвонҳо доранд.

Баъди он ки ба зиёратгоҳи Имом Бухорӣ ба деҳаи Хартанг расидем, Ҳодихон бо устоҳои худ ба шумурдану чен кардани кошинҳои шикаста сар кард, то ки ба ҷои он айнан ҳамсони онро пухта тайёр кунанду баъд оварда часпонанд.

Ман бо усто Амриддин ба тамошои масҷиди нав пардохтем.

- Масҷиди нав ба шумо мақбул шуд? – Пурсид усто.
- Ба ман масҷидҳои кўҳна зиёдтар мақбуланд. Чун таърихи гузаштаро ёдгоранд,- гуфтам ман.
- Ба ман ҳам иморатҳои масҷиди кўҳна бештар мақбул,- гуфт усто.

Баъд мақбараи нави Имом Бухориро дидем. Усто он қисме кореро, ки дар эҷоди нақшҳои он бо шогирдон заҳмат кашидааст, нишон дод.

Кори азимеро анҷом додаанд, мақбара шукўҳи тоза касб кардааст.

Ҳодихон як-ду соат не, балки бештар бо кори худ банд буд. Ва ман бо усто ҳама ҷои ҷолиби зиёратгоҳро бе шитобкорӣ тамошо кардам.

Дар бозгашт Ҳодихон дархост кард, ки ба фалон микрорайон меравем, ман он ҷо роҳбари собиқи устохонаро бояд бинам.

Дар он микрорайон боз интизор истодем, ки Ҳодихон ба хонаи он одам рафта мушкили худро ҳал кунад.

Вақте ки ба маркази шаҳр расидем, Ҳодихон гуфт: - Соат ҳам аз чор гузашт, гурусна намондетон? Ба ресторани тобакабоб (табака) меравем.

- Ба шумо вазнинӣ намекунад? – гуфт усто.
- Бори дўст вазнин нест,- гуфт Ҳодихон ва бо мурғкабоб зиёфат кард.

Ва ҳангоми ғизохўрӣ тавсия намуд, ки кокаколаро бо оби маъданӣ (минералӣ) ҳамроҳ бояд нўшид. Чун доруи кимиёӣ асту чандон безарар набудааст.

Дар охир Ҳодихон ба усто Амриддин гуфт:
- Як рузи дароз хеле заҳмат додам, узр!
- Аз дўст як ишора – аз мо бо сар давидан,- гуфт усто Амриддин.

четверг, 3 февраля 2011 г.