вторник, 15 февраля 2011 г.

АДИБ АДАШ ИСТАД: «МИТРОИЗМ – МАРҲАЛАИ ФАРОМЎШШУДАИ ТАЪРИХИ МОСТ»

Адиби самарқандӣ Ўктами Иброҳим бо камина оиди митроизм сўҳбате орост барои нашрияҳои Ўзбекистон – «Овози тоҷик» ва «Ховар». Хеле фараҳовар аст, ки нашрияҳои тоҷикии респупликавию вилоятии Ўзбекистон қабл аз ин хеле мақолаҳои каминаро оиди нуқси илмии торихнигорӣ оиди митроизм нашр карданд.

Аммо яхи хомўшии торихнигорони мо нашикаст, ки нашикаст.

Ҳоло ба матни ин мусоҳиба таваҷҷўҳ кунед.
Чуноне ки аз мақолаҳои ҷойдодаи адиб ва рўзноманигори шинохта Адаш Истад дар торномаи вай блоги Герби шердор дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дар хусуси оини митроӣ бармеояд, вай дини тозардуштии ниёгони мост.

Аз оини митроӣ чиҳо боқӣ мондаанд? Вай чӣ гуна дин буд? Ба ин ва дигар масъалаҳо хабарнигори нашрияи ғайрирасмии республикавии «Ховар» Ўктам Иброҳим дар мусоҳиба бо адиб Адаш Истад рўшанӣ андохтааст.

- То тавонистам силсилаи мақолаҳоро аз бобати митроизм – оини бостонии мардуми мо мутолаа кардам. Матолиби дар ин бора дар блоги Шумо ҷойдодашуда шавқовар ва дар айни замон баҳспазир ҳам аст. На ҳама аз оини митроизм огоҳ ҳастанд, аз ин рў, суоле бармеояд, ки митроизм кай зуҳур карда ва чаро аз байн рафт?

- Маводи дар блоги Герби шердор ҷойдодашударо ман баҳснок гуфта наметавонам. Онҳоро баҳснок гуфтан мумкин аст, агар ягон далел набошад Ҳол он ки ҳамаи олимҳо: сароғоз аз академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» то доктори илми филология, профессор Холиқ Мирзозода дар ин хусус навиштаанд. Аммо онҳо митроизмро чун давраи таърих муайян накардаанд, ба қадри кофӣ дар ин хусус нанавиштаанд.

Дар давраи шўравӣ идеологияи коммунистӣ ҳукмрон буд. Идеологияи коммунистӣ талаб мекард, ки таърих аз нуқтаи назари муборизаи синфҳо навишта шавад. Азбаски иделогияи коммунистӣ атеистӣ буд, таърихро аз назари таърихи динҳо наменавиштанд. Институтҳои таърих,ховаршиносӣ дар Тошканд, Душанбе ва дигар шаҳрҳо буданд, аммо таърихнависон ҳамаро мебоист ки аз нуқтаи назари иделогияи коммунистӣ таҳлил мекарданд, онҳо ба таърихи динҳо эътибор намедоданд. Ҳол он ки таърихи бани башар – таърихи тамаддунҳо вобаста ба таърихи динҳо аст.

Дар хусуси оини Митроӣ чӣ гуфтан мумкин? Меҳрпарастӣ – офтобпарастӣ гуфтанӣ гап аст.
Ҳафриётшиносон дар кўҳистони водии Зарафшон баъзе қабрҳоро пайдо кардаанд, ки дар он ҷо маитҳо ба тариқи меҳрпарастӣ ба хок супурда шудаанд, яъне ба тариқи зардуштӣ не. Дар оини зардуштӣ мурдаро дар замин гўр кардан нест. Тадқиқоти радиологӣ нишон дод, ки ин қабрҳо ба замони меҳрпарастӣ мутааллиқанд. Болои чунин қабрҳо свастика ҳаст, ки ин ҳам нишони меҳрпарастӣ маҳсуб мешавад. Ё нақши салиб ҳаст, вай ҳам нишони Офтоб – митроизм мебошад.

Дар вақти навиштани китобҳо доир ба таърих як марҳалаи калон, ки бо масъалаи динҳо алоқаманд аст, аз онҳо берун мондааст. Бинобар ин, ба мавзўи динҳои тозардуштӣ баргашта, таърихи мардуми моро пурратар ва комилтар навиштан лозим.

- Дар китоби тозанашрии «Форсигўёни Ўзбекистон» дар Ҷумҳурии Исломии Ирон чунин сатрҳо ҳастанд: «Адаш Истад шоири ормонгарост, ба гузаштаи пурифтихорри миллати худ вафодор аст, бо дардҳои гузашта ва имрўз ба сар мебарад…» Шумо тамаддуни ба вуҷудовардаи митроизмро бо фарҳанги имрўза пайваст кардан лозим аст, мегўед?

- Митроизмро бо фарҳанги имрўза пайваст кардан лозим аст, намегўям. Ин ҳама бозёфтҳо барои худшиносии халқ лозим аст. Таърих бояд дуруст, пурра ва саҳеҳ бошад. Фарҳанги митроӣ барои ҷаҳон чӣ дод?: Масалан, мо ҷойҳои лозимии фарҳанги митроиро бигирем, аз ҷумла, ҳафт зинаи камолоти инсониро, ки дар мактаби митроӣ вуҷуд дошт, инкор карда намешавад. Мебояд ки тадқиқ шавад: ҳамин дин инсонро дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ба кадом дараҷа баланд бардошт? Пеш аз ин дин чӣ хел дин буд? Чӣ хел тарбият мекарданд инсонҳоро?

Дар замони қадим ягон системаи тарбия вуҷуд надошт. Системаи тарбияи инсонро дини митроӣ ба вуҷуд овард ва он аз ҳафт класс ё худ зина иборат буд. Дар классҳои якум, дуюм, сеюм фикри тарбиягирандаро мекушоданд, ҷаҳонбиниашро ташаккул медоданд. Дар чунин мактаб ҳатто дорусозиро, агар инсон бемор шавад, кадом доруро мебояд ки истеъмол кунад, меомўхтанд. Як бахше, ки меомўхтанд, дорусозӣ буд. Илми дигаре, ки омўхта мешуд, аз санг сохтани хона буд. Сангтароширо меомўхтанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбӣ ҳам дар ин классҳо вуҷуд дошт.

Санадҳои бисёр ҳастанд, ки дини митроӣ – дини ниёгони мо буданашро ба собит мерасонанд, бо вуҷуди он ки даъвоҳои зиёд ҳаст, ки вай аз они дигар халқҳост. Дар лаби дарёи Ому аробачаи тиллоиро дарёфтаанд, ки дар вай ду нафар нишаста будаанд. Яке аз онҳо, ки кулоҳи дароз дорад, Митро аст. Дар ҳайкалчаҳои сафолӣ, ки дар Самарқанд аз қабати мадании асри VII пайдо шудаанд, ҳайкалчаҳои Митро ҳастанд. Ин ҳам аро олимон исбот кардаанд, дарёфтаанд. Ҳайкалҳои калони Митроро дар Аврупо дар Рим, Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир мебинем.

- Дар мақолаҳои Шумо дар блоги Герби шердор аксҳои нишонаҳои митроизм дар ёдгориҳои меъмории Самарқанд ҳастанд. Гуфтан мумкин аст, ки рўмони машҳури «Самаки айёр» ҳам нишонаи митроизм, ки якеаш оини ҷавонмардӣ аст, мебошад?

- Оини митроиро китоб нест. Онро муайян кардан мушкил. Танҳо аз рўи оинномаҳои ҳунармандону айёрон муайян кардан мумкин аст, ки ин созмонҳо аз мактабҳои митроӣ чӣ гирифтааанд. Онҳо талабҳои хосса доштаанд. Талаби нахустинашон сирро пўшида доштан будааст. Ин ҳол дар тасаввуф низ ҳаст, ки ин ҳама хоси мактаби митроист. Эҳтимол, оини митроӣ дар замони дини зардуштия ба таъқиботи сахт дучор мешавад, ки созмонҳои пинҳонкори митроӣ ба вуҷуд омадаанд. Агар ҳамин тавр намебуд, свастика, салиб, ситораҳои панҷгўша, шашгўша, фирфиракҳо, нақшҳои офтобу шер, ки ҳама хоси дини митроист, то ба имрўз омада намерасиданд. Дар мисоли «Самаки айёр» метавон гуфт ки дини митроӣ оини ҷавонмардиро ба вуҷуд овардааст.

Агар аз таърихи санъати меъморӣ мисол бигирем, маъбадҳои офтобпарастӣ далели равшананд. Масалан, дар шаҳраки қадимии Афросиёб як иморати гумбаздоштаро кашф кардаанд. Дар таги гумбаз даврамонанд долон ҳаст. Ҳамин ҷо даричаҳо, тирезачаҳо сохтаанд. Онҳо ба таври пурра маъбадҳои митроӣ ҳастанд, ба онҳо бо навбат пас аз ҳар соат офтоб меояд. Маъбад митроӣ аст, зеро дар зардуштия офтобпарастӣ нест. Инчунин, аз дини митроӣ бисёр ёдгори ҳои меъморӣ боқӣ мондаанд. Дар Самарқанд -_Аработа, дар Бухоро - мақбараи Исмоили Сомонӣ, дар Афросиёб як хонаи гумбаздор, ки ҳама аз рўи оини митроӣ сохта шудаанд.

- Митроизм моли таърих аст, ё онро эҳё мебояд кард?

- Митроизм моли таърих аст, дини митроиро зинда карда намешавад. Аз вай ягон навишта, китоб боқӣ намондааст. Аммо боз як маротиба таъкид мекунам: шинохти митроизм барои худшиносии миллии мо, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ лозим ва зарур аст.

Нигорандаи сўҳбат Ўктам ИБРОҲИМ
ш.Самарқанд

Комментариев нет: