воскресенье, 6 марта 2011 г.

Рақами 12-ро ба тақвим митроиён даровардаанд.

Парастишгоҳҳои митроӣ агар дар асрҳои авали пайдоиши ин дини ниёгони мо дар ғорҳо арзи ҳастӣ намуда бошанд, бо кўчидани мардум ба саҳроҳо ё паҳн шудани ин оин байни сакоиву массагетҳо дар шакли хаймаҳо яъне бо гунбаз сохта мешаванд. Дар замони сохтани ин маъбадҳои нахустин пеши меъморони офтобпарасти митроӣ чунин вазифа гузошта шудааст, ки барои аҳли ибодати дохили масҷид Хуршеди оламтоб бояд доимо намоён бошад. Вагарна дар ибодат халал ворид хоҳад шуд. Эҳтимол меравад, ки чунин талаб дар замони авали пайдоиши ин дин пеш омад, чун митроиён намози панҷвақтаро доштаанд, чун рақами панҷ низ назди онон қудсӣ будааст.

Вобаста ба фаслҳои сол муддати ҳаракати Офтоб дар рўи Замин гуногун аст.

Меъморони митроӣ аз байни 6 то 18 соати гардиши рўизаминии Шамс рақами миёна – 12-ро интихоб кардаанд ва дар маъбадҳояшон зери гунбад 12 равзана сохтаанд.

Намедонам, ки соату дақиқаҳоро чӣ тавр ҳисоб мекарданд, аммо баробарии рўзу шаб ба ин рақам вобастааст – 12-соати рўз ва 12-соати шаб.

Дар ин давра Офтоб рўзона баъди ҳар соат ба яке аз равзанаҳои гунбази дувоздаҳравзанаи ибодатхона рост меомад. Тахмин баъд аз ин рўзро ба дувоздаҳ соат тақсим кардаанд. Чизе ки нагўед, ин бозёфти бузурги ниёгони мо буд.

Ман ба навиштаҳои торихнигорон оиди тасаллути комили дини зардуштӣ дар байни ниёгони мо бовар надорам. Зардуштиён мурдаҳои худро гўр намекарданд, баъди ба лошахўрон тоза кунондани ҷисми майит устухонҳоро дар мавзеи махсус дар устухондонҳо нигоҳ медоштанд. Агар ин ҳолат умуми мебуд ва тамоми мардумро фаро мегирифт, мо имрўз аз ин искелетҳо садҳо миллион адад пайдо мекардем, чун даруни устухондон устухон намепусад.

Ин баҳсро канор мегузорам, чун аз мавзўъ дур хоҳам шуд.

Аҷиб он аст, ки ҳар як пажўҳишгари осори меъморӣ, чун нишонае аз меъмории митроӣ дар ин сарзамин пайдо кардааст, барғалат мансуб ба оини зардуштӣ намудааст.

Ба рўҳониёни зардуштӣ чӣ зарурат дошт, ки равзанаҳои офтобпарастиро ҳифз кунанд?

Бо вуҷуди он ки Мақбараи Сомониён дар ҳар чор тараф даҳтои ҳамагӣ чил равзана дорад, муаллифи рисолаи «Мавзолейи Сомониён – дурдонаи меъмории Осиёи Миёна» (Тошканд, 1978) М.Булатов чунин мешуморад, ки сохти ибодатхонаҳои офтобпарастиро дар худ нуҳуфтааст. Ў низ аз оини митроӣ хабар надорад ва такя ба гуфтаҳои Берунӣ кардааст. Берунӣ бошад, маъбади асри ёздаҳи митроии Самарқандро мутааллиқ ба мазҳаби собиён медонист, ки ба ғайри офтоб сайёраҳоро низ мепарастиданд. Агар ба назар гирем, ки теъдоди сайёраҳо дар он замон аз ҳафт зиёд набуд ва дар оини митроӣ ҳафт сайёра ҷузъи муҳими ин оин аст, фаҳмост, ки собиён ҳамон митроиёнанд ва ё мазҳабе бо тафовутҳои хос аз ин оин. Ба навиштаи Димишқӣ маъбади собиён дар девори зери гунбад 48 равзана доштааст, ки рост шудани офтобро барои ибодат дар ҳар чоряки соат таъмин мекардааст. Аз он ки теъдоди чунин равзанаҳо дар ибодатхонаҳои офтобпарастӣ гуногунанд, наметавон онҳоро ғайрпимитроӣ номид.

М.Булатов бо такя ба навиштаҳои А.М.Беленицкий гуфтааст, ки суғдиён номҳои рўзҳои ҳафтаро аз ҳафт сайёра гирифтаанд ва ба он Моҳу Хуршедро ворид кардаанд.

Митроиён ба ибодатгоҳҳои дастисохти худ аз маъбадҳои ғорӣ сталактитҳои (яъне мукарнасҳои) дар нўгашон нақши ситорадорро овардаанд. Мо онҳоро имрўз низ дар шифти гунбазҳои ёдгориҳои таърихӣ мебинем. Ва дар меҳмонхонаву масҷидҳои нави миллӣ низ.

Усто Амриддини самарқандӣ гуфт, ки чунин як гунбазро барои меҳмонхонаи «Ориён-стар»-и Самарқанд ва як масҷиди Хуҷанд сохтааст ва дар шаҳрҳои дигар низ.

Дар аксҳо аввал ёдгории меъмории дар Афросиёби Самарқанд сад сол пеш кашфшударо мебинед, ки ба асри нўҳ, яъне ба замони сомониён тааллуқ дорад. Аксҳои баъдӣ чанд намунаи гунбазҳои митроиянд дар иморатҳои таърихӣ ва нав.










Комментариев нет: