среда, 30 марта 2011 г.

Чашмаҳои муқаддаси митроӣ

Аз бозе, ки ғусли тамъид ва оиди намудҳои таҳорати митроиён камтарак тасаввуроте ҳосил намудам, доимо фикр мекардам, ки агар чунин чашмаҳо дар замони бостон дар кишвари мо вуҷуд дошта бошанд, то ба имрўз омада расидаанд, чун чашмаҳо аксар абадианд ва ҳеҷ гоҳ хушк намешаванд, агар барф ҳасту борон ҳаст.

Аллома Берунӣ оид ба идҳои яке аз мазҳабҳои митроӣ, ки худро дар замони халифаҳои аббосӣ «собӣ» ном гузоштаанд, сухан ронда дар мавриди иди вобаста ба об чунин навистааст:

Ҳилоли об – рўзи сеюми иди Дайлафатон, санами Зўҳра аст ва гоҳе рўзи ҳафтум ҳамин идро мегиранд. Ва дар бисту чорум дар чашмаи оби гарми Саруҷ ба эътисолу шустушўй мепардозанд. Ва дар рўзи бисту шашум низ ид аст. Ва дар рўзи бисту ҳаштум иди Кифармисоаст. Ва дар рўзи сиюм аз охирин шустушўй дар чашмаи оби гарми Саруҷ фориғ мешаванд.

Дар шаҳри Самарқанд яке аз чашмаҳои қадимӣ ҳаст, ки то ҳол оби он қулфкушои мушкилиҳо ба ҳисоб меравад ва он дар мазори Хоҷа Рўшноӣ аст. Мақоли тоҷикии «об - рўшноӣ» ба тахмини камина аз он ҷо тавлид шудааст. Ҳар ҳафта дар рўзи чоршанбе мардуме, ки мушкилоте дорад оби ин чашмаро бо зарфе бо худ мебарад.

Аммо дар Бухоро ду чашмаро метавон ба давраҳои митроӣ ихтисос дод. Ҳар ду имрўз Чашмаи Аюб ном доранд, яке дар шаҳри Бухорост ва дигаре дар ноҳияи Вобканди Бухоро. Свастикаҳои пештоқи чашма таъкидест бо он замонҳои қадим.

Комментариев нет: