суббота, 2 апреля 2011 г.

Мусулмонии митроиён пеш аз пайдоиши ислом

Оиди Наврўз фикри бисёре гуфтанду боз хоҳанд гуфт. Иди баҳор гуфтанд, иди кишоварзон гуфтанд ва ҳатто ба замони зардуштӣ бурда часпонданд, дар сурате ки дар Авесто оиди Наврўз ягон гимн нест.

Барои он ки роҳбарони шўравӣ манъ накунанд, гуфтанд, ки ба дин ҳеҷ алоқае надорад.

Бо ҳамин суханҳо фари илоҳиро аз сари Наврўз бардоштанд ва касе маҷоле надошт, ки дафтари торихро амиқтар назар кунад, ки Наврўз дар оғоз мисли ҳама идҳои бостонӣ чи мазмуну мўҳтавои аҳуроӣ дошт.

Ҳоло низ метарсанд, ки агар ин суханҳоро бинависанд мабодо зиддияте байни Наврўз ва ислом пайдо шавад. Ва сарфи назар мекунанд, ки дар ҳазору чорсад сол пайдо нашуду магар зиддият ба чӣ сабаб имрўз пайдо мешудааст.

Бо ислом зиддият накардани Наврўз як сабаби дигар низ дорад. Бисёр корҳои савобе, ки дар Наврўз дар арафа ва давоми он карда мешаванд, аз корҳои хайри мусулмонӣ маҳсуб мегарданд.

Эҳтимол чунин ҷиҳатҳои монанди динҳои миитроиву исломро Берунӣ зиёд дидааст, ки мегўяд: бисёр корҳои онон мисли мусулмонон аст.


Берунӣ дар замони худ оид ба оини митроӣ маълумотӣ кофӣ ба даст оварда наметавонист. Аммо пораҳое аз мазҳабҳои ин оин дар Ироқ будаанд, ки аз рўи гуфтаи Берунӣ ононро аз эронзамин Бухтаннаср ба Бобул оварда буд. Ба фикри ў кеши собиён бо маҷусияту яҳудият омехта аст. Берунӣ дини яҳудиро қадимтарин мешуморад. Ба фикри камина ин динҳо дар марзҳои аз ҳамдигар бисёр дур дар як давра пайдо шудаанд.

Номҳои мазҳабҳои ироқии митроӣ чунин будааст: ҳунафо, васания ва ҳаррониён. Ба кавли Берунӣ ҳаррониён бозмондагони шохаи румии оини митроиянд.

Берунӣ аз маълумоти дар китоби худ овардаи ситорашиноси асри IX-и тоҷик Муҳаммад бинни Абдулазизи Ҳошимӣ истифода бурдааст. Ин ситорашинос дар асари худ «Зичи комил» миқдоре аз идҳои собиёнро зикр карда будааст.

Теъдоди ин идҳо он қадар зиёданд, ки дар даъвои баъзе олимон оиди нишотовар будани тамаддуни ниёгони мо муболиғае нест. Оре нишот инсонро рўҳбаланд мекунад, ба ў болу пар мебахшад, ба корҳои савоби бештаре ҷалб мекунад, чун теъдоди на чандон ками ин идҳо иди фитр будааст. Баъзе моҳҳо гушт намехўрдаанд ва баъзе моҳҳо чарб, яъне равғани ҳайвонот. Яъне рўзадории якранг не, рўзадории гуногун. Баъд он чи аз ин рўзадорӣ зиёд карданд, дар Иди Фитр хайр мекардаанд.

Яъне дар оини митроӣ хайру саховат кардан ба маротиб зиёдтар будааст, нисбат ба баъзе динҳои ҷоҳонӣ, ки имрўз ҳастанд.

Берунӣ ибораи «ифтори занон»-ро ба кор бурдааст, ки даъвои баъзе олимонро оиди дар дини митроӣ аз маъракаҳо барканор будани занон ботил месозад. Терракотҳои бостоншиносон аз вайронаҳои шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо намуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он замонҳо парастиши Аноҳито вуҷуд дошт, ки модари одамхудо Митро маҳсуб мегардид.

Яъне ҷое, ки чунин гиромидошт вуҷуд дорад, мақоми зан на чандон паст аст, чунон ки баъзеҳо тасаввур мекунанд.

Берунӣ оташпарасту офтобпарасту ситорапарастии митроиёнро рад мекунад. Нурҳоро таъзим мекунанд, навиштааст ў. Таъзим ба маънои бузург шумурдану гиромӣ доштан аст.

Митроиён танҳо ба худои яккаву ягона саҷда мекардаанд. Азбаски аз намози онон танҳо се намоз дар бахши рўзонаи шабонарўз аст, наметавон ба ў бовар накард.

Дар тасаввури онон худо мавҷуди диданашаванда аст ва дар ҳама ҷо ҳузур дорад. Ба ин сабаб як тоифа ба сўи ҷануб ва тоифаи дигар ба сўи шимол саҷда мекардаанд.

Офтобпарасту оташпараст мебуданд, чунин намекарданд. Агар ба таҳорату намозу рўзаи онон эътибор диҳед, хулоса хоҳед кард, ки ниёгони тоҷик дар он замонҳои хеле қадим баъзе русумҳои мусулмониро доштаанд. Ва агар мусулмониро асосан аз теъдоди зиёди корҳои савоб иборат бидонед, пас онҳо мусулмонтар аз мусулмонони муосиранд.

Ва собиёнро ихтисоршудаи калимаи савобиён бояд хонд.

Баъд пажуҳишгарон хоҳанд муқоиса кард: митроиён ба худо наздиктар буданд ё масеҳиву мусулмонони муосир. Шакке нест, ки дар ин боб низ онҳо пирўз шаванд.

Ҷурми бузурги оини митроӣ он буд, ки китоб надошт!

Чунин китоб Қръон гардид, ки гўё чун нигини мувофиқ ба нигиндони тоҷи тафаккури ниёгони мо ҷой гирифт.

Ва муболиға накардаам, вақте ки аз ин пеш нависта будам: оини митроӣ барои вуруди ислом ба зарзаминҳои мо заминро хеле ҳамвор кардааст.

Ҳар як ҳамватани аз таърих каме огоҳи мо медонад, ки «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» тоҷи мафкураи инсонпарваронаи зардуштӣ ё авестоист, ки наметавонад аз он беҳтаре эҷод шавад.

Намедонам ин шиор ба зардуштия аз оини митроӣ интиқол ёфтааст ё танҳо хоси зардуштия будааст. Аммо шиносоӣ бо бозмондаҳои оини митроӣ, ки Берунӣ зикр мекунад, ба сари ин фикр меорад, ки митроиён бо эҷоди низоми рўзадориву фитрҳо дар давоми моҳҳои сол системи ё худ механизми доимо амалкунандаи накўкориро ба вуҷуд овардаанд. Ва бо ин накўкориро мазмуни асосии ҳаёти митроӣ намудаанд.

Комментариев нет: