понедельник, 4 апреля 2011 г.

Боз як бор оиди мусулмонии ниёгони мо то ислом

Аз онҳое, ки бо мақолаи «Мусулмонии митроиён пеш аз пайдоиши ислом» шинос шуданд, яке изҳор кард, ки ба кеши митроӣ афзалият додаам.

Ҳеҷ имкони афзалият додан набуд, ҳарчанд ошиқи ин оини ниёгон бошӣ. Барои далелҳо ба асари Берунӣ «Осор-ул-боқия»-и чопи Душанбе муроҷиат кардам ва ҳар чизе ки гирифтаам аз ин китоб аст.

Берунӣ бошад дар навиштани иду рўзаҳои мазҳаби собиён аз маълумоти касе истифода кардааст, ки аз мазҳабҳои митроӣ ба яке ҳам тааллуқ надорад. Яъне маълумотро ба Берунӣ касе додааст, ки ба дини ғайримитроӣ мансуб аст ва фариштаҳои митроиёнро рўирост ҷин ва шайтон мегўяд. Берунӣ ҳанчун олим пай бурдааст, ки беҳтар аст аз забони яке аз собиён маълумот бигирад. Ва ваъда додааст, ки баъди бо яке аз собиён дучор шуда сўҳбат кадан ба маълумоти дар китоб овардааш ислоҳот ворид хоҳад кард. Мутаассифона ба Берунӣ дигар чунин имконият пеш наомадааст ва мо танҳо маълумоти нокофиро соҳибем, ки душмани дини мироӣ додааст. Эҳтимол шахсест, ки дар ҳамсоягӣ бо онон зистааст. Чунин шахс метавонад бисёре аз русуми неки митроиёнро дар ҳангоми нақл кардан фаромўш кунад ва ё қасдан фурў гузорад.

Аммо он чизи нокифояе, ки гуфтааст, оини митроиро дар мисоли яке аз мазҳабҳои он хеле ҷаззоб ҷилва медиҳад. Лозим аст донистани он русумҳои бостонӣ барои имрўзиён, ки ақалан бидонем Наврўз дар оғоз чӣ амалҳои некро густариш дода буд.

Агар фасли «Идҳои маҷусиёни қадим ва иду рўзаҳои собиён»-ро бихонед, ба ин хулоса хоҳед омад, ки онон пеш аз Наврўз як моҳ рўза медоштаанд. Ва бахши аъзами ин рўза аз гўшт нахўрдан иборат будааст. Рўзаи онон бе фитр нест ва ҳатман рўзаи ин фитр ба Наврўз рост хоҳад омад.

Сари ҳар сатри Берунӣ фикр бояд кард ва ин кори ҳар як дилетант не, балки донишмандони торих бояд бошад.

Он гоҳ мо хоҳем дарёфт, ки Наврўз оғози накўкориҳои бузурге будааст.

Оё имрўз мо метавонем пеш аз Наврўз як моҳи тамом гўшт нахўрем ва фитри онро ба онҳое диҳем, ки мўҳтоҷанд?

Не, мо метавонем бигўем, ки он шахси ғайримитроии ба Берунӣ маълумотдода муболиға кардааст ва мо ҳаргиз чунин амали некро анҷом нахоҳем дод.

Барои баҳои илмӣ додан ба ин ё он дини аз байн рафта маҷбур ҳастем, ки муқоиса кунем ақалан бо оини зардуштия.

Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек фикрест олӣ, аммо шиормонанд. Метавон ҳар замон гуфт, дар сари сина овехт, аммо иҷро накард.

Аммо системаи рўзадорию фитри митроӣ механизми доимоамалкунандаи накўкорӣ буд. Шиор набуд.

Баъд бояд тибқи мантиқ мебуд, агар тахмин мекардем, ки он одами аз рўзадорию идҳои собиён маълумотдода бо вуҷуди ҳофизаи хуб доштан камаш чаҳоряки маросимҳои собиёнро фаромўш карданаш табиист.

Ба даъвои ин душмани оини митроӣ бо назари танқидӣ бояд нигарист.

Масалан ў гуфтааст, ки собиён хатна намекунанд. Оре, агар хатна мекарданд, ориёӣ намебуданд, чун қавмҳои ориёӣ дар кишварҳои иқлимаш сард шакл гирифтаанд ва дар обу ҳавои сард бактерия зиёд нест ва эҳтиёҷ ба хатна крдан нест.

Сипас гуфтааст: бисёр корҳои онон мисли мусулмонон аст. Сухан аз оине меравад, ки шаш ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Яъне дар ҳамон замон ин пешрафт буд. Мурдаро ба замин гўр мекардаанд, то ки бемориҳои сироятӣ аз он ба атроф паҳн
нагардад.

Рўзадории митроиёнро низ донишмандона бояд баррасӣ ва таҳлил кард. Як моҳ пеш аз Наврўз гўшт нахўрдан организмро суст кардан нест. Чун хўрдани тухми мурғу шир манъ нагардидааст ва организм аз камбуди сафеда зарар намебинад. Митроиён омўзиши илми тиб ва дорусозиро рукни муҳими оини хеш меҳисобиданд, яъне бисёр корҳои онон аз ҷумла рўзадорӣ мустаҳкам кардани иморати бадан аст, на заиф гардонидани он. Барои онҳо ин хеле муҳим буд чун ҳар моҳ чанд хели рўзадорӣ доштаанд.

Агар чарб нахўрдани ононро низ (баъзеи ин рўздориҳо як-ду ҳафта аст) ба назар гирем, пас аз нигоҳи табибони муосир холестеринро дар таркиби хуни худ кам намуда умрро дароз мекардаанд.

Он чӣ камина менависад, публисистикаи як ҳаводори торихи ниёгон аст. Сухани асосиро дар пажўҳишҳои худ бояд донишмандон бигўянд. Вазифаи рўзноманигор тадқиқи илмӣ нест, масъала гузоштан аст.

Инак суоли аввал ба донишмандони торих: агар пеш аз ислом дар кишвари мо танҳо оини зардуштӣ бошад, чаро аз қабатҳои мадании асрҳои VII-IX-и мелодӣ ҳайкалчаҳои Митроро пайдо кардаанд ва чаро дар асри XI дар Саманқанд ҷамоати собиён вуҷуд доштааст?

Дар китоби «Таърихи Самарқанд» (Тошканд, 1969, саҳ 126) навиштаанд, ки худое, ки суғдиёни води Зарафшон дар асрҳои V-VII мепарастиданд, Дес ном доштааст ва барои ў ҳар рўз панҷ шутуру даҳ аспу сад гўсфандро қурбон мекадаанд.

Торихнависони мо бояд равшан муайян кунанд, ки ин Дес кадом худост. Зардуштия чунин худоро намешиносад.

Дар сурат: ҳайкалчаи митроии аз Самарқанд пайдогардида (замони Кушониён). Ба салиби дасташ эътибор диҳед. Акс аз китоби «История Самарканда».

Комментариев нет: