суббота, 9 апреля 2011 г.

Худои суғдиён кӣ буд?

Як хонандаи Герби шердор иброз дошт, ки агар худои суғдиён Аҳуро Маздо набошад, чӣ далелҳои дигаре ҳастанд, ки ин даъворо қувват медиҳанд.

Камина донишманди таърих нестам, вале аниқ медонам, ки дар байни садҳо адад деворнигораву ҳайкалчаву дигар зарфҳои суратдоре, ки археологҳо аз қабатҳои мадании тоисломии Суғд ёфтаанд, ягонто ҳам сурати Аҳуро Маздо нест.

Дар байни дастхатҳои бостонии суғдӣ ягон бор номи худои асосии зардуштиён зикр намешавад.

Бубинед, ки Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» (Душанбе, 1983 саҳ. 383) чӣ навистааст:
Тадқиқоти солҳои охири забоншиносон хеле маълумоти муфид дод. Дар никоҳхати Қалъаи Муғ қасаме зикр мешавад, ки ба номи Баг ва Митра ном худоҳо дода шудааст. Баг ин худи ҳамон худо аст, ки ҳанўз дар «Ригведа» дар катори Митра дучор мешавад ва худоест, ки мартабааш андак поёнтар аст. Ба ақидаи В.Б.Хеннинг, дар никоҳхати Қалъаи Муғ Баг баробари Митра ва, ҳатто аз Митра ҳам андак болотар меистад. Митра бошад, мисли Баг чун худое тасвир шудааст, ки мутасаддии муоҳида бошад. Ношири никоҳхат В.А.Лившиц ба ин даъво зид баромад ва ба ин кор асос ҳам дошт. Муқоисаву таҳлили ҳамаи матнҳои Қалъаи Муғ (ва дигар ҳуҷҷатҳои суғдӣ) В.А.Лившицро ба чунин хулоса водор кард, ки ин номи худои асосӣ, яъне номи Аҳуро Маздо мебошад, вале суғдиён одатан номи пурраи ин худоро (xωumzt’βγ – «Баг Аҳура Маздо») ба забон намеоварданд ва ба қалам намедоданд (ба ҳар ҳол навишти он ниҳоят кам вомехўрад).

Дар саҳифаи 381 бошад, Ғафуров оиди ғалабаи пурраи зардуштия дар Осиёи Миёна ба А.Беленицкий зид баромада мегўяд:
А.М.Беленицкий ба ақидаҳои худ ҳамон қоидаву қонунҳои зардуштияро асос кардааст, ки дар Эрони сосонӣ маъмул буд. Вале зардуштияи Осиёи Миёна ба зардуштияи Эрон айнан монанд нест. Бинобар ин дар ҳалли ин масъала бисьёр эҳтиёт шудан даркор. Ҳанўз В.В.Бартольд тахмин карда буд, ки ақоид ва русуми зардуштиёни Осиёи Миёна «аз ақоиди пайравони аслии Зардушт хеле фарқ мекунад». А.Ю.Якубовский навишта буд: «асоси ҳам зардуштияи Эрон ва ҳам дини суғдиёну бохтарҳову хоразмиён ким-чи хел эътиқоду ақоиду русуми ягона буд ва он эътиқод, аз як тараф, тасаввуроти дуалистонаро дар бораи муборизаи олами некӣ ва бадӣ, аз тарафи дигар, парастиши оташро дарбар мегирифт. Дар Эрон зардуштия ба дини давлатӣ табдил ёфт ва соҳиби ақоиди мустаҳкаму аниқ гардид ва ташкилоти мураккабу пешвою роҳбарони он ба миён омад, ки ба корҳои давлатӣ, алалхусус, дар ҷабҳаи идеология таъсири зўр доштанд. Дар Осиёи Миёна тақдири зардуштия дигар хел шуд – яъне ақоиди аниқу мустаҳкам ба вуҷуд наовард, ба дини давлатӣ табдил наёфт, зеро худи ин давлат ягона набуд ва пешвои роҳбарони он ҳам ба як ташкилоти тавонои мустаҳкам муттаҳид шуда натавонистанд. Зардуштия бо динҳои маҳаллӣ омехта шуд, ки онҳо, аз афти кор, ба парастиши оташ хеле мувофиқат доштанд. Барои ифодаи дини суғдие, ки ба ин давраҳо нисбат дошт, ҳатто истилоҳи махсус «маздоия» пешниҳод карда шуд».
Бояд дар назар дошт, ки дар оини митроӣ Митро худо нест, ба мисли Исои Масеҳ одамхудо ва паёмбар аст. Митро пайравони худро ба парастиши худои яккаву ягона, ки суғдиён Баг меномиданд, даъват мекард.

Дар никоҳхати Қалъаи Муғ зери номи Баг аз худои оини митроӣ сухан меравад. Аммо В.Лившиц пофишорӣ кардааст, ки зери ин ном Аҳуро Маздоро дар назар доштанд. Аммо ба тақвияти фикраш далел оварда натавонистааст.

Аммо дини зардуштия дар байни қисме аз суғдиён будааст, ки дар ин бора аз устодонҳои археологҳо пайдо карда ва маълумоти сафири Хитой Вэй-цзе, ки дар ибтидои асри VII ба Суғд омада буд, метавон огоҳӣ ёфт.

Бинобар мушкилоти сангини тадқиқи ин масъала Б.Ғафуров таъкид кардааст, ки дар маъхазҳои суғдӣ, хитоӣ, арабӣ ва тоҷикию форсӣ маълумот хаст, аммо муқоисаи онҳо кори хело душвор аст ва ба ин сабаб доир ба диндории суғдиён ягон асари мукаммал таълиф нашудааст.

Ба фикри камина худои қисми аъзами суғдиён худои яккаву ягонаи митроист, ки сурат надорад, ба мисли худоёни динҳои ҷаҳонии яктопарастӣ ва ба ин сабаб дар ягон ҷо тасвире надорад.

Комментариев нет: