вторник, 12 апреля 2011 г.

Оид ба маънои аслии ҳафтшин ва зери номи Ҷамшед ниҳон шудани одамхудо Митро

Дар ислом низ ба рўзадорӣ аҳамияти зиёде медиҳанд ва тибқи ақоиди уламои ислом беҳтарини ибодатҳост. Сухани мо ҳоло оиди ислом нест, чун мо бо ҳама сифатҳои неки рўзадории исломӣ шиносем ва ба он арҷ мегузорем, аммо оиди рўзадории ниёгонамон дар замонҳои хеле дури 5-6 ҳазор сол пеш хеле кам огоҳӣ дорем.

Ниёгони мо дар замони тоисломӣ, хусусан дар давраи оини митроӣ ба рўзадорӣ аҳамияти зиёде додаанд. Аз навиштаҳои Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», ки маълумоти мухтасареро оиди рўзадории яке аз мазҳабҳои митроӣ овардааст, ки далели хеле зиёд будани рўзадории онон дар тўли сол аст. Ҳама гуна рўзадории митроиён фитри худро доштааст.



Оид ба ҳафтшин (ҳафтсин ба сабаби дар дастархони тоисломӣ мавҷуд будани шароб пас аз ислом пайдо шудааст, ба ин сабаб аз он сухан намекунам) ҳар хел фарзияҳо чоп мешаванд. Ба қатори шавлаву шаробу шакару ширбиринҷу шарбату шаҳду ширинӣ то шамъу шонаро низ даровардаанд. Баъзе ин номҳо арабианд, ки маълум мегардад, исми баъзе чизҳо бо гузашти замон тағйир меёбад.

Барои чӣ чунин дастархон меороянд, касе ягон ҳарфи аниқ гуфта наметавонад. Агар ба назар гирем, ки рўзадории якмоҳаи пешаз наврўзии митроиён дар рўзи якуми иди Наврўз хотима меёбад, пас фитри он дар ҳамин рўз аст ва ҳафтшин дастархони фитри ҳамин рўзадорист.

Салими Аюбзод дар як мақола тахмин карда буд, ки дар асл ҳафтшин не, балки ҳафтмева будагист.

Бо ҳафтмева шудани ҳафтшин асли масъала тағйир намеёбад, ин ҷо маънои қудсӣ дар рақами 7 ниҳон аст, ки митроиён дар симои ҳафт ҷурми мунири осмонӣ ҳафт фариштаи оини худро дар назар доштанд ва ҳафтшин аслан барои фариштаҳо будагист. Ва ё ки садақаи фитри ин рўзаи якмоҳа барои эҳтиёҷмандон. Тахмини охирини камина чандон боварибахш нест, чун фитри рўзаи якмоҳа танҳо аз парҳези гўшти ҳайвонот иборат бошад ҳам дар қимат гаронтар аз ҳафтшин хоҳад буд.

Ба қавли Берунӣ суғдиён 7 рўзи ҳафтаро ба номи ҳафт сайёра гузоштаанд. Ин факт касро ба андеша водор мекунад.

Барои тасаввуроти пурратар ҳосил намудан оиди рўзадории митроиён ба рўзадории масеҳиёни провослав назарее андохтан кофист.

Дар Рўзаи бузурги провославӣ ҳама рўзаҳои рўзадорӣ яксон нестанд. Рўзи якум аз хўрдан тамоман даст мекашанд. Баъзе рўзҳо хўрдани таоми гарми бе равған, баъзе рўзҳо хўрдани танҳо нону сабзавоту меваи хушк, баъзе рўзҳо таом бо равғани растанӣ, баъзе рўзҳо моҳӣ ва тухми моҳӣ иҷозат дода мешавад.

Ҳатто ошхонаҳои қасри Кремл аз рўи ҷадвали рўзадории провославӣ, ки кадом рўз чиро бояд хўрду аз хўрдани кадом ғизо бояд даст кашид, меню тартиб медиҳанд.

Мафҳуми таомҳои фариштаҳоро то ба имрўз дар маросимҳои ғайриисломии Бибӣ сешанбе метавон дид, ки ба қавли охундҳо бидъат аст, дар Қуръон ва ҳадис оиди он чизе нест.

Дастурхони маросими Бибӣ сешанбе, ки гўё бирои ин Бибӣ меороянд аз инҳо иборат аст: 1.Ширбиринҷ. 2.Ҳалвои равғанини мулоим, ки ҳалвои тар мегўянд. 3.Широмоҷ (хамири дар шир пухта). 4.Шамъ. 5.Хазориспанд. 6.Шакар ва набот. 7.Намак. Ба ғайри ин нону чалпаки равғанину чойи хушк мегузоранд. Аз меваҳои хушк танҳо мавизи кишмиши сиёҳ ҳаст, ки ҳамаи ин ҳафтшинро ба ёд меорад.

Дар як табакча орд низ мегузоранд, ки баъди се рўз аз он чизе пухта мехўранд, гўё Бибӣ сешанбе ба он таъсири неки худро гузоштааст. Намакро бояд дар таомпазӣ истифода мекунанд. Атру сурма низ ҳаст, ки занҳои маърака истифода мебаранд. Атри ин маросим фириснофаи Наврўзро ба ёд меорад.

Номҳои митроӣ бо гузашти асрҳо ё зери фишори таъқиботи сахти рўҳониёни зардуштӣ (чун дини зардуштӣ дини давлатӣ шуда буд, ягон идеология давлатӣ, ки шуд худо зад гуфтан гиред) дигар шудаанд. Фариштаи муваккили об дар Самарқанд имрўз бо номи Хоҷа Рўшноӣ машҳур аст. Замони шўравӣ ин мазорро бо булдозер ҳамвор карда буданд ва аз санги мазор ҳамин қадар маълумот ёфтанд, ки дар асл гўри Биби Тақалбоз ном қаҳрамони «Абў Муслимнома» аз пайравони Абўмуслим будааст.

Созмонҳои сиррии ҷавонмардону айёрон идомагари баъзе суннатҳои оини митроӣ будаанд ва дар ин ҷо гўронда шудани яке аз симоҳои намоёни созмони ҷавонмардӣ бе сабаб набудагист.

Пас метавон риштае байни номи Хоҷа Рўшноӣ ва фариштаи кушояндаи гиреҳи мушкилотро пайдо намуд. Номҳо дигар шудаанд, чи тавре, ки аз «Осор-ул-боқия» ҳар чизеро, ки ба Ҷам (яъне шоҳ Ҷамшед) нисбат додаанд, мехонед, дармеёбед, ки як инсони хокӣ наметавонад чунин корҳоро кунад, агар одамхудо ё паёмбар набошад. Яъне бисёр корҳоеро, ки дар оини митроӣ ба Митро нисбат дошт, дар замони таъқиби митроизм ба Ҷам мансуб кардаанд.

Болои ин сатрҳо Берунӣ бо диққат андеша кунед:
Зодуя дар китоби худ гуфтааст, ки сабаб ин аст, ки Офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ – шимолӣ тулўъ мекунад. Ва баёни матлаб он аст, ки Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хўрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт, бивазад, ки то сабаби рўидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дуньё нобуд гардад. Пас Ҷам бо амри худованд ва роҳнамони ў ба қасди манзили Иблису пайравони ў ба сўи ҷануб шуд ва дер гоҳ дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд. Онгоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳо ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дуньё баргашт ва дар чунин рўзе монанди Офтоб толеъ шуд ва нур аз ў метофт. Ва мардум ба тулўи ду Офтоб дар як рўз шигифт намуданд. Ва дар ин рўз ҳар чўбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав!» Яъне рўзи навин. Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Сипас, ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз ин рўидаи ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгўӣ кунанд.

Ҷамшед чун инсони хокӣ наметавонист бо худо иртибот кунад ва ё ба олами шайтону ҷинҳо сафар намояд ва боз ба ин дунё боз гардад. Ҳамаи ин сафарҳоест, ки одамхудо Митро дошт ва имрўз метавонем акси онро дар саргузашти Исои Масеҳ бинем.

Ба он сатрҳо диққат кунед, ки Берунӣ мегўяд: Мардум ҳар андоза аз хўрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд.

Пас Митро (дар ривояти баъдимитроӣ Ҷам ё Ҷамшед) бо дастуре аз назди худо бармегардад, ки чӣ бояд кард. Маълум, ки пас аз ин низоми муташаккили рўзадории митроиён пайдо мешавад.

Яъне дар ибтидо Наврўз рўзи аз нав зинда шуда ба рўи Замин бо дастурҳои нави динӣ баргаштани Митро будааст, то ки дар рўзи эътидолайн дунёро аз касофати шайтону иблис, ки нишонааш аз шаробхўриву таомхўрӣ серӣ надоштан будааст, наҷот диҳад, дунёро ба эътидол орад. Эҳтимол ба ин сабаб ин рўзро эрониён Рўзи умед ном ниҳода будаанд. Яъне аз як ҷиҳат ба Рамазон шабоҳате дорад, чун дар ин моҳ дастури Аллоҳ барои мардум яъне оятҳои Қуръон нозил шуда буд.

Комментариев нет: