суббота, 23 апреля 2011 г.

Адабиёти митроии тоҷик

Адабиёти митроии тоҷик асрҳои зиёд вуҷуд дошт, ки оиди он минбаъд иттилоъ хоҳам дод. Бигирем, ҳамин достонҳои айёрону ҷавомардонро, ё бигирем оинномаҳои ҳунармандонро, ки рисола номидаанд.

Сипас таъсири чунин афкор дар тасаввуф ҳанўз тадқиқ нагардидааст.

Аммо шиносоиро аз эҷоди даҳонии мардум оғоз кунем, беҳтар аст, чун маросими Бибӣ Сешанбе таҳ ба таҳ аз аносири митроӣ таркиб ёфтааст.

Мегўянд, ки шакли манзуми достони Бибӣ Сешанбе замоне вуҷуд доштааст ва аз байн рафта бошад ҳам шакли мансури он то ба имрўз расидааст, ки онро гўяндагони маросими Бибӣ Сешанбе дар шаҳру навоҳии марзи Суғд нақл мекунанд. Он ҷо-ҷо бо пораҳои назм музайян аст.



Доим фикр мекардам, ки шакли манзуми ин достон хеле ҷолиб будагист ва агар касе сайъ кунад, ки ба риштаи назм кашад, кори некест.

Ин пешниҳоди каминаро шаш-ҳафт сол қабл аз ин шоир Парисо пазируфта дар ин ҷода кўшише ба харҷ дода буд.

Достонҳои маъракаҳои занонаи Бибӣ Сешанбею Мушкилкушоро гўяндаҳои он дар дафтарҳои худ бо хати сирилик навишта гирифтаанд ва аз рўи он мехонанд.

Онҳоро гоҳ-гоҳ нашр мекунанд ва дар фурўшгоҳҳои кутуб мефурўшанд. Яке аз чунин китобчаҳо, ки «Қиссаи Бибӣ Сешанбе» ном дошт боре аз як китобфурўши китобҳои кўҳна ба дастам омад. Онро соли 2001 дар Хуҷанд аз тариқи матбааи «Ношир» таҳякунандагони он Иброҳими Наққош ва Зебуннисои Фирўзшоҳдухт чоп кардаанд. Вакте ки бо мазмуну мундариҷаи он шинос мешавед, равшан мешавад, ки наввад дар сад исломӣ шудааст.

Дар матн ҳар ҷое, ки сухан аз фариштаҳои митроӣ будааст, бо «Бибӣ» иваз кардаанд ва ин кори мураттибон набуда натиҷаи сензураи ҳазорсола аст.

Ва Бибӣ Сешанберо холаи ҳазрати шайх Баҳоваддини Балогардон кардаанд, ҳол он ки ҳазорҳо сол то зода шудан суфии мазкур ин қисса ҳамчунон дар маъракаҳои Бибӣ Сешанбе нақл мегардид.

Қиссаи Бибӣ Сешанбе афсонаи русии «Золушка»-ро ба ёд меорад. Эҳтимол замоне эҷод гардидааст, аҷдоди тоҷикон бо русҳо дар як сарзамин ё ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаанд.

Дар ривояти тоҷикии Бибӣ Сешанбе духтари ўгай ба мурод бо мадади Бибӣ Сешанбе мерасад. Бо эҳтимоли қавӣ ин Бибӣ ҳамон Аноҳито мебошад, ки Митроро ба дунё оварда буд. Ва дар ин ривоят низ ҷои зисти Бибӣ Сешанбе ғор аст, ки бо ривояти динии митроӣ оид ба ҷои зисти модари Митро мувофиқат мекунад. Ҳайкалчаҳои зиёди Аноҳиторо аз қабатҳои мадании шаҳрҳои бостонии мо дар вақти ҳафриёт кашф кардаанд.

Дар ёдам ҳаст, ки пажуҳишгари Институти тадқиқоти Осиёи Марказии Фаронса Ҳабиба Фатҳӣ оиди маъракаҳои занонаи Осиёи Марказӣ китобе нашр карда буд ба забони фаронсавӣ ва пораҳое аз адабиёти Бибӣ Сешанбеву Мушкилкушоро дарҷ намуда буд.

Муҳаққиқони хориҷӣ ба решаҳои бостонии ин қиссаҳо таваҷҷўҳе надоранд. Ва барои таҳияи матни комилтари ин қиссаҳо бо муқоисаи матнҳои ҳамаи маҳалҳои кишвари мо имкон надоштаанд. Яъне боз як кори азиме дар пешорўи фолклоршиносони мост.

Он чизе ки Парисо ба назм дароварда буд, рўзномаи ҷумҳуриявии Ўзбекистон «Овози тоҷик» дар шумораи 60 (13202) 2 августи соли 2006 таҳти унвони «Афсонаи Бибӣ Сешанбе» ба табъ расидааст. Ихтисор кардаанд, чун имконоти рўзнома дар чопи чунин достони манзум маҳдуд аст.

Хеле афсўс, ки фолклоршиносони тоҷик маводи аз чунин маъракаҳои занона ҷамъовардаро то ба ҳанўз ҷамъ намуда интишор ва таҳлил накардаанд.

1 комментарий:

Radioi Ozodi комментирует...

Салом, дӯсти азиз!

Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.
Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

Бо дуруд ва эҳтиром
Соҷидаи Мирзо,
мудири Бахши Тоҷикии
Радиои Озодӣ