вторник, 19 апреля 2011 г.

Одамхудо Митро ё шоҳ Ҷамшед?

Подшоҳии шоҳони Эронзаминро агар аз «Шоҳнома»-и Фирдайсӣ пайгирӣ кунед, чунин хоҳед донист, ки «Подшоҳии Каюмарс – аввалин мулуки Аҷам сӣ сол буд».
Пижўҳандаи номаи бостон,
Ки аз паҳлавонон занад достон.
Чунин гуфт, к- «Оини тахту кулоҳ
Каюмарс оварду ў буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи Ҳамал офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фару оину об.
Битобид з-он сон зи бурҷи Бара
Ки гетӣ ҷавон гашт аз ў яксара.
Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой
Нахустин ба кўҳ андарун сохт ҷой
Сари тахту бахташ баромад зи кўҳ,
Палангина нўшид худ бо гурўҳ.



Аз ин байтҳои Фирдавсӣ метавон хулоса кард, ки мардумони эрониасл нахуст дар кўҳҳо манзил кардаанд, ки ин бо таваллуди Митро дар ғори кўҳӣ мувофиқат мекунад. Номувофиқатӣ танҳо дар ин ҳикояти оғози «Шоҳнома» дида мешавад, ки Фирдавсӣ кушта шудани писари Каюмарс Сиёмакро фитнаи Аҳриман меҳисобад. Ҳол он ки дар он замон оини зардуштӣ не, балки оини митроии яктопарастӣ арзи ҳастӣ дошт ва оини зардуштӣ пас аз се ҳазор соли оини митроӣ пайдо шудааст.

Сипас набераи Каюмарс, ки Ҳушанг ном дошт, чил сол подшоҳӣ мекунад. Ў бо кўшиши тамом оҳанро аз санг ҷудо карда табар, арраву теша месозад. Ва гўё аз санг оташ гирифтанро ў кашф кардааст. Ва рўзеро, ки бо задани оҳан ба санг оташро кашф кардаанд, Сада ном ниҳоданд. Пас аз он шоҳигарии писари ў Таҳмурас оғоз шуд, ки сӣ сол буд. Ў ба девбандӣ машҳур аст ва дасти девҳоро аз ҳар ҷо кўтоҳ кардааст.

Дар замони ў дастомўз кардани ҷонварон расм мешавад ва бори аввал аст, ки мафҳуми рўзаву намоз садо медиҳад.
Чунин гуфт, ки к-«Инро ниёиш кунед,
Ҷаҳонофаринро ситоиш кунед,
Ки ў додамон бар дадон дастгоҳ,
Ситоиш мар ўро, ки бинмуд роҳ.
…Ҳама рўз баста зи хўрдан ду лаб,
Ба пеши ҷаҳондор бар пои шаб.
Ҳамон бар дили ҳар касе буда дўст,
Намози шабу рўза оини ўст.

Чуноне ки мебинем, ин ҷо ба офтобпарастӣ ва оини меҳрӣ ишорае нест. Фирдавсӣ ҳамчун фарди мусалмон фикр мекунад ва хома меронад. Ҳатто ба зардуштия таваҷҷўҳе надорад.

Аммо баъд…
Бирафт Аҳриманро ба афсун бубаст,
Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.
Чу девон диданд кирдори ў,
Кашиданд гардан зи гуфтори ў.

Сипас Таҳмурас бо девҳо меҷангаду онҳоро асир мегирад ва онҳо бар ивази омўхтани хату алифбо ва дониш ба одамон ҷони худро мехаранд.

Ва ин ҷо Фирдавсӣ хати чиниву арабиву порсӣ ва суғдиро эҷодӣ девон ба қалам додааст, ки ба ривояти мардумӣ будани он шакке нест. Ва ин ҷо расидем ба қиссаи Ҷамшед дар тафсири Фирдавсӣ.

Ҷамшед аз шахсияти устураист ва дар устураҳои бостон ўро дар шакли Йима ва Ҷам дучор метавон шуд Шед дертар ба ин исм илова шудааст, чун маънояш офтоб аст ва Хуршед низ ба ин маънист.

Фирдавсӣ мегўяд:
Замона баросуда аз доварӣ,
Ба фармони ў деву мурғу парӣ.
Манам гуфт бо фарраи эзадӣ,
Ҳамам шаҳриёриву ҳамам мўбадӣ.
Ин ҷо бар ёд нигоҳ доред, ки Ҷамшед худро паёмбар ё одамхудо нагуфтааст. Мўбад, яъне рўҳонӣ ва шоҳ гуфтааст. Ба қавли Фирдавсӣ Ҷамшед чунин қоидаҳои навро ҷорӣ кард:
Сарбозӣ ва афсариро ба касоне ихтисос дод, ки гурдони ҳақиқӣ буданд, яъне маҳорати ҷангӣ доштанд. Яъне дар замони ў шиори «дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор» амалӣ мегардад. Агар ба ҳафт клоси митроӣ бингарем, дар он низ ба разм муносибит чунин аст, онро ҳамчун илм меомўхтанд.

Сипас оиди кашфи либоси ҷангӣ сухан меравад, ки ин ҳам ҷузъе аз фанни мактаби митроист.
Зи каттону абрешиму мўю қаз,
Қасаб кард пурмоя дебову хаз.
Биёмухтшон риштану тофтан,
Ба тар андарун пудро бофтан.

Ба ин боварам намеояд, чун риштану бофтану дўхтан дар натиҷаи таҷрибаи бисёрҳазорсолаи инсоният пайдо шудааст. Сипас Фирдавсӣ мегўяд, ки Ҷамшед парастандагон, яъне рўҳониёнро ҷойгаҳ кард ба кўҳ. Дар ғорҳои кўҳӣ танҳо митроиён ибодатхонаҳои худро доштанд. То ҳол низ археологҳо ягон маъбади зардуштиро дар кўҳ кашф накардаанд.

Яъне табақаи рўҳониён, ҷанговарон, барзгарон ва дасткорон ё худ дастварзон, ки имрўз мо ҳунарманд мегўем, гўё бо кўшиши Ҷамшед пайдо шудааст.

Сипас мерасем ба байтҳое, ки оид ба бинокорист:
Бифармуд девони нопокро,
Ба об андаромехтан хокро.
Ҳар он-ч аз гил омад чу бишнохтанд,
Сабук хиштро колбад сохтанд.
Ба сангу ба гач девор кард,
Нахуст аз бараш ҳондасӣ кор кард.
Чу гармобаву кохҳои баланд,
Чу айвон, ки бошад паноҳ аз газанд.

Ин ҷо мо мегўем: - Як дам истед, ҷаноби Фирдавсӣ, чаро шумо бинокорие, ки Митро асос гузошт, ба Ҷамшед нисбат медиҳед?

Ва боз Фирдавсӣ менигорад:
Дигар бўйҳоро хуш овард боз,
Ки доранд мардум ба рўяш ниёз.
Чу бону чу кофуру чун мушки ноб,
Чу уду чу анбар равшангулоб.
Ҷаноби Фирдавсӣ, фиристодан фиристнофа яъне хушбўйҳо ба ҳамдигар дар Иди Наврўз дар ҷашни митроии Наврўз расм гардид, чаро нодида мегиред?

Пас Фирдавсӣ идома додааст:
Пизишкиву дармони ҳар дардманд,
Дари тандурустиву роҳи газанд.

Пизишкӣ, дорусозӣ ва умуман илми тандурустӣ яке аз зинаҳои камолоти оини митроист. Ҷаноби Фирдавсӣ! Шумо оиди шоҳ Ҷамшед навиштаед ё одамхудо Митро?

Сипас нақлест, ки Ҷамшед барои худ тахти паррон сохт ва девон онро ба осмон бардоштанд. Ва гўё инро рўзи нав хонданд ва ибтидои Наврўз аз ин ҷост.

Сипас қассаи аз худ рафтани Ҷамшед, худро худо хондани ў ва баргаштани ихлоси худо аз ў.

Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки дар замони Фирдавсӣ дар Эрон оини меҳрӣ ба куллӣ фаромўш шуда будааст ва қисме аз корҳои Митроро ба Ҷамшед нисбат додаанд.

Байни Ҷамшеди Фирдавсиву Ҷамшеди Берунӣ фарқ ҳамин қадар, ки дар тасвири Берунӣ Ҷам бо шайтон ҷангида пирўз шудааст, ки бо пирўзии Митро ба шайтон монандӣ дорад. Дар Берунӣ Ҷамшед шайтонро ба буридану кашондани сангҳо амр мекунад, ки поягузории Митроро ба бинокорӣ баёдамон меорад.

Чизе, ки дар Фирдавсӣ дучорамон намешавад амрест, ки Ҷамшед ба сохтани аробаи дучарха додааст. Ҳол он ки эҳтимол дорад, хеле пештар аз ин қавмҳои ориёӣ соҳиби дучарха шудаанд. Чун мо дар бозёфти Хазинаи Амударё Митроро бо Варуна савори дучарха мебинем.

Ин факти охирӣ низ ба саргузашти Митро тааллуқ дорад, на ба шоҳ Ҷамшеди каёнӣ. Ҳамаи ин бар он далолат мекунанд, ки дур шудан аз оини митроӣ дар Эрон хеле пештар аз замони Фирдавсӣ сурат гирифтааст ва ноқилони ривояти мардумӣ бисёр корҳое, ки мансуб ба Митро будааст, ба Ҷамшед нисбат додаанд. Ва ҳатто Берунӣ, ки дар «Осор-ул-боқия»(саҳ. 236 нашри тоҷикӣ) бо об ғусл карданро ба замони Ҷамшед мансуб медонад, низ хато кардааст. Эҳтимол ў ғусли митроии Наврўзро дар назар дорад. Аммо ғусли таъмид, таҳорати воҷиб барои ҳар як намози панҷвакта бо оини митроӣ байни ниёгони мо ба русуми доимӣ мубаддал шуда буд.

Комментариев нет: